Ҳушаъ 1:1-11

  • Зани Ҳушаъ ва фарзандони ӯ (1–9)

    • Изреъил (4), Лӯ-Руҳома (6) ва Лӯ-Аммӣ (9)

  • Исроил халқи сершумор ва ягона мешавад (10, 11)

1  Паёми Яҳува, ки дар рӯзҳои Узиё,+ Ютом,+ Оҳоз+ ва Ҳизқиё+ — шоҳони Яҳудо,+ ва дар рӯзҳои Ёробъоми+ писари Юоши+ шоҳи Исроил ба Ҳушаи* писари Баэрӣ омад.  Вақте Яҳува аввалин бор ба воситаи Ҳушаъ паём фиристод, Яҳува ба ӯ гуфт: «Рафта, зане бигир, ки зинокор мешавад ва аз зино фарзанд ба дунё меорад, зеро ин замин ба сабаби зино тамоман аз Яҳува дур шудааст».+  Ҳушаъ рафта, Ҷӯмари духтари Диблоимро ба занӣ гирифт ва вай ҳомила шуда, барояш писаре зоид.  Он гоҳ Яҳува ба ӯ гуфт: «Ба вай Изреъил* ном деҳ, зеро баъд аз муддати кӯтоҳе ман аз хонадони Еҳу+ барои хуни рехтаи Изреъил қасд мегирам ва ба подшоҳии хонадони Исроил хотима мебахшам.+  Дар он рӯз ман дар водии Изреъил камони Исроилро мешиканам».  Зани вай боз ҳомила шуда, духтаре зоид. Пас аз ин Худо ба Ҳушаъ гуфт: «Номи ӯро Лӯ-Руҳома* бимон, зеро ман дигар ба хонадони Исроил раҳм намекунам,+ балки онҳоро бадар меронам.+  Вале ба хонадони Яҳудо+ раҳм мекунам ва онҳоро на бо камон, шамшер, ҷанг, аспон ва саворон,+ балки бо қудрати Худояшон Яҳува наҷот медиҳам».+  Баъд аз он ки ӯ Лӯ-Руҳомаро аз сина ҷудо кард, боз ҳомила шуда, писаре зоид.  Худо гуфт: «Номи ӯро Лӯ-Аммӣ* бимон, зеро шумо халқи ман нестед ва ман Худои шумо нахоҳам буд. 10  Халқи Исроил чун реги баҳр, ки на чен карда ва на ба ҳисоб оварда мешавад, сершумор мегардад.+ Он вақт ба онҳо ба ҷойи “шумо халқи ман нестед”+ “шумо писарони Худои зиндаед”+ мегӯянд. 11  Мардуми Яҳудо ва Исроил ҷамъ омада, халқи ягонае мешаванд+ ва барои худ як пешво интихоб мекунанду аз он замин мебароянд ва он рӯз барои Изреъил+ рӯзи бузурге мешавад.

Поварақҳо

Шакли кӯтоҳи номи Ҳушаъё, ки маънояш чунин аст: «Ёҳ наҷот додааст».
Маънояш «Худо тухмӣ мепошад».
Маънояш «раҳмнадида».
Маънояш «халқи ман нест».