Ҳушаъ 12:1-14
12 «Хӯроки Эфроим шамол аст,Ӯ рӯзи дароз аз пайи боди шарқӣ медавадВа дурӯғу зӯровариро зиёд мегардонад.
Онҳо бо Ошур+ аҳд мебанданд ва ба Миср+ равған мебаранд.
2 Яҳува бар зидди Яҳудо даъво дорад.+
Ӯ Яъқубро мувофиқи роҳҳояш ҷазо медиҳад,Ӯро аз рӯйи корҳояш подош медиҳад.+
3 Ӯ дар шиками модар пошнаи бародарашро дошт.+
Бо тамоми қувват бо Худо мубориза бурд,+
4 Бо фаришта мубориза бурда, дастболо шуд,Гириста тавалло кард, ки ба ӯ лутфу марҳамат кунад».+
Худо ӯро дар Байт-Ил ёфт ва дар он ҷо бо мо* гап зад.+
5 Яҳува, Худои лашкарҳо,+Яҳува — номест, ки бо он ӯро дар ёд медоранд.+
6 «Пас, сӯйи Худои худ баргард,+Меҳру вафо ва адолатро нигоҳ дор+Ва ҳамеша ба Худои худ умед банд.
7 Аммо дар дасти савдогар тарозуи нодуруст аст,Ӯ фиребгариро дӯст медорад.+
8 Эфроим мегӯяд: “Ман бой шудам,+Сарват ба даст овардам.+
Онҳо дар тамоми заҳмати ман ягон нодурустӣ ё гуноҳе нахоҳанд ёфт”.
9 Вале ман, Яҳува, аз замини Миср Худои ту ҳастам.+
Ман туро боз чун дар вақти муқарраршуда*Дар хаймаҳо сокин мекунам.
10 Ман бо пайғамбарон гап мезадам,+Ба онҳо рӯъёҳои бисёр медодамВа ба воситаи пайғамбарон масалҳо мегуфтам.
11 Ҷилъод пур аз макру* фиреб шудааст.+
Онҳо дар Ҷилҷол буққаҳоро қурбонӣ кардаанд+Ва қурбонгоҳҳояшон чун сангтӯдаҳо дар ҷӯякҳои киштзор аст.+
12 Яъқуб ба сарзамини Арам*+ гурехт,Исроил+ дар он ҷо барои занаш хизмат кард+Ва барои занаш гӯсфанд бонӣ намуд.+
13 Яҳува Исроилро ба воситаи пайғамбар аз Миср берун овард+Ва ба воситаи пайғамбар ӯро нигаҳбонӣ намуд.+
14 Эфроим Худоро хеле ба хашм овардааст,+Хуни рехтааш бар гардани ӯстВа Хоҷааш ӯро ҷазо хоҳад дод, зеро обрӯи ӯро резондааст».+
Поварақҳо
^ Эҳтимол, насли Яъқуб дар назар аст.
^ Ё, эҳтимол, «дар рӯзҳои ид».
^ Ё «чизҳои асроромезу».
^ Ё «Сурия».