Ҳушаъ 13:1-16

  • Эфроими бутпараст Яҳуваро фаромӯш кард (1–16)

    • «Эй марг, неши ту куҷост?» (14)

13  «Вақте Эфроим сухан меронд, одамон меларзиданд. Ӯ дар Исроил номдор буд,+Аммо Баалро+ парастиш карда гунаҳкор шуд ва мурд.   Акнун онҳо ба гуноҳи худ гуноҳ зам мекунандВа аз нуқраашон+ ҳайкал мерезанд,Моҳирона бут месозанд, ки ҳамаашон амали дасти устост,Ва мегӯянд: “Ҳар кӣ қурбонӣ орад, бигзор гӯсолаҳоро бибӯсад”.+   Аз ин рӯ онҳо мисли абри саҳар мешаванд,Мисли шабнаме, ки субҳгоҳон нопадид мегардад,Мисли коҳе, ки тундбод аз хирмангоҳ мебарад,Ва мисли дуде, ки аз дудбаро мебарояд.   Вале ман, Яҳува, аз замини Миср Худои ту ҳастам.+ Ту ғайр аз ман Худоеро намедонистӣВа ғайр аз ман халосгаре нест.+   Ман туро дар биёбон,+ дар замини аз офтоб сӯхта, медонистам.   Онҳо дар чарогоҳҳояшон ба серӣ хӯрданд,+Онҳо сер шуданд ва дилашон мағрур шуд,Аз ин рӯ маро фаромӯш карданд.+   Пас, ман барояшон чун шери ҷавоне мешавам,+Чун паланге, ки дар сари роҳ камин мегирад.   Ман мисли хирсе, ки бачаҳояшро гум кардааст, ба онҳо дармеафтамВа банди дили онҳоро чок мекунам. Ман мисли шер онҳоро дар он ҷо фурӯ мебарам,Ҳайвони саҳро онҳоро пора-пора мекунад.   Он туро нобуд месозад, эй Исроил,Зеро ту ба ман, ба мададгори худ, зид баромадӣ. 10  Пас, куҷост подшоҳи ту, то туро дар ҳамаи шаҳрҳоят наҷот диҳад,+Ва ҳокимони ту, ки дар бораашон гуфта будӣ: “Ба ман подшоҳ ва мирон бидеҳ”?+ 11  Ман бо хашм ба ту подшоҳ додам+Ва бо ғазаб ӯро аз ту мегирам.+ 12  Хатои Эфроим печонда шудаастВа гуноҳаш нигоҳ дошта шудааст. 13  Ӯ ба дарди зоиш гирифтор мешавад. Ӯ тифли бефаҳмест,Ки дар вақти таваллуд берун намеояд. 14  Аз дасти гӯр* онҳоро раҳо мекунам*,Аз марг онҳоро халосӣ медиҳам.+ Эй марг, неши ту куҷост?+ Эй гӯр, қувваи ҳалокатовари ту куҷост?+ Раҳму шафқат аз назари ман пинҳон хоҳад буд. 15  Ҳатто агар Эфроим дар қамишзор нашъунамо ёбад,Боди шарқӣ, боди Яҳува, меояд,Он аз ҷониби дашт меояд, то чоҳи ӯро хушк ва чашмаашро қоқ кунад. Ӯ тамоми ганҷҳои вайро ғорат мекунад.+ 16  Сомария гунаҳкор дониста мешавад,+ зеро бар зидди Худои худ исён кардааст.+ Онҳоро бо дами шамшер мекушанд,+Кӯдаконашонро пора-пора мекунандВа шиками занони ҳомиларо чок месозанд».

Поварақҳо

Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Ё «бозмехарам».