Ҳушаъ 2:1-23
2 Ба бародарони худ бигӯед: “Халқи ман”*,+
Ва ба хоҳарони худ: “Зани раҳмдида”*.+
2 Модари худро айбдор кунед, ӯро айбдор намоед,Чунки ӯ дигар зани ман нест+ ва ман шавҳари ӯ нестам.
Бигзор ӯ зинокориро бас кунадВа хиёнатро аз миёни синаҳояш дур созад,
3 Вагарна либосашро аз танаш кашида, вайро лучи модарзод мекунам,Ӯро мисли биёбоне,Мисли замини беобе, месозамВа ӯ аз ташнагӣ мемирад.
4 Ба писаронаш низ раҳм намекунам,Чунки онҳо писарони зиноянд.
5 Модари онҳо зино кардааст.+
Ӯ, ки онҳоро ҳомила шудааст, бешармӣ кардааст,+ чунки гуфтааст:
“Ман аз пайи хушдоронам меравам,+Ки ба ман нону об, пашму катонВа равғану шароб медиҳанд”.
6 Барои ҳамин ман роҳи ӯро бо хорҳо мебандам.
Ман пеши роҳашро бо девори сангине мегирам,То ки роҳҳои худро наёбад.
7 Вай аз пайи хушдоронаш хоҳад давид, вале дарёб нахоҳад кард,+Онҳоро хоҳад ҷуст, вале нахоҳад ёфт.
Он гоҳ ӯ мегӯяд: “Назди шавҳари якумам меравам,+Чунки он вақт аҳволам аз ҳозира беҳтар буд”.+
8 Ӯ намефаҳмид, ки ғалла, шароби нав ва равғанро ба вай ман медодам,+Нуқраи бисёру тиллоро ман ба вай медодам,Ӯ бошад, бо он Баалро парастиш мекард.+
9 Барои ҳамин ман ғаллаи худро дар вақти даравВа шароби нави худро дар мавсими он гашта мегирам,+Ман пашму катони худро, ки бо он бараҳнагияшро мепӯшонд, кашида мегирам.
10 Акнун ман дар пеши чашми хушдоронаш ҷойҳои пинҳони баданашро луч мекунамВа ҳеҷ кас ӯро аз дасти ман халос намекунад.+
11 Ман ба шодию хурсандии вай —Ба идҳо,+ навмоҳҳо, шанбеҳо ва ҳамаи ҷашнҳои вай, хотима мебахшам.
12 Токҳо ва дарахтони анҷири вайро, ки дар бораашон гуфта буд:
“Ин муздест, ки хушдоронам ба ман додаанд”, нобуд месозам,Онҳоро ба ҷангал табдил медиҳамВа даррандагони саҳро онҳоро фурӯ мебаранд.
13 Ман ӯро барои рӯзҳое, ки ба бутҳои Баал қурбонӣ меовард,+Вақте худро бо ҳалқаҳо ва зару зевар оро дода, аз думи хушдоронаш медавидуМаро фаромӯш карда буд,+ ҷазо медиҳам,— мегӯяд Яҳува.—
14 Пас, ман вайро ба гап медарорам,Ӯро ба биёбон мебарам,Суханони ширин гуфта, дилашро меёбам.
15 Он вақт токзорҳояшро бармегардонам+Ва водии Охӯрро+ барояш дарвозаи умед месозам.
Ӯ дар он ҷо чун дар рӯзҳои ҷавонияш,Чун дар рӯзе, ки аз замини Миср берун омада буд, ба ман ҷавоб медиҳад.+
16 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—Ту маро “Хӯҷаинам”* неву “Шавҳарам” меномӣ.
17 Ман номи бутҳои Баалро аз даҳони вай дур мекунам+Ва ӯ дигар номҳояшонро ба хотир намеорад.+
18 Дар он рӯз ман ба хотири онҳо бо даррандагони саҳро,Парандагони осмон ва хазандагони замин аҳд мебандам.+
Ман ин заминро аз камон, шамшер ва ҷанг тоза мекунам+Ва онҳоро дар тинҷию амонӣ сокин менамоям.+
19 Ту то абад арӯси ман хоҳӣ будВа ман бо адлу инсоф, меҳру вафоВа раҳму шафқат номзади ту мешавам.+
20 Ман бо вафодорӣ номзади ту мешавамВа ту Яҳуваро хоҳӣ шинохт.+
21 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—Ман хоҳиши осмонро ба ҷо меорам.
Он гоҳ осмон хоҳиши заминро,+
22 Замин хоҳиши ғалла, шароби нав ва равғанро,Инҳо бошанд, хоҳиши Изреъилро*+ ба ҷо меоранд.
23 Ман барои худ ӯро мисли тухмӣ дар замин мекорам+Ва ба ӯ, ки раҳм надида буд,* раҳм мекунам.
Ман ба касоне, ки халқи ман нестанд,* мегӯям: “Шумо халқи ман ҳастед”,+Ва онҳо ба ман хоҳанд гуфт: “Ту Худои мо ҳастӣ”».+