Ҳушаъ 5:1-15

  • Доварии Эфроим ва Яҳудо (1–15)

5  «Инро бишнавед, эй коҳинон!+ Диққат диҳед, эй хонадони Исроил! Гӯш кунед, эй хонадони подшоҳ! Шумо доварӣ карда мешавед,Чунки доме дар МисфоВа тӯре бар Тобӯр+ ҳастед.   Гумроҳон* дар куштор ғӯтидаанд,Ман ҳамаи онҳоро огоҳ* мекунам.   Ман Эфроимро медонамВа Исроил аз назари ман пинҳон нест. Ту, эй Эфроим, бешармона зино мекунӣ,Исроил худро нопок кардааст.+   Корҳояшон намегузорад, ки сӯйи Худои худ баргарданд,Зеро рӯҳи зино дар байни онҳост+Ва онҳо Яҳуваро намешиносанд.   Ифтихори Исроил бар зиддаш шаҳодат додааст,+Ҳам Исроил ва ҳам Эфроим ба гуноҳи худ пешпо хӯрдаандВа Яҳудо низ бо онҳо пешпо хӯрдааст.+   Онҳо бо рамаи гӯсфандону говони худ ба ҷустуҷӯйи Яҳува омаданд,Аммо ӯро наёфтанд. Ӯ аз онҳо дур шудааст.+   Онҳо ба Яҳува хиёнат карданд,+Зеро ба писарони бегона падар шуданд. Ҳоло, моҳе нагузашта, онҳо бо ҳиссаашон* фурӯ бурда мешаванд.   Дар Ҷибъо шох+ ва дар Ромо+ шайпур навозед! Дар Байт-Овин+ барои ҷанг наъра занед! Мо аз паси туем, эй Бинёмин!   Эй Эфроим, туро дар рӯзи ҷазо дида ба даҳшат меоянд.+ Ана, ман ба қабилаҳои Исроил хабар додам, ки бо онҳо чӣ мешавад. 10  Мирони Яҳудо мисли касонеянд, ки сарҳади заминҳоро мекӯчонанд.+ Ман бар онҳо ғазаби худро мисли об мерезам. 11  Ба Эфроим зулму ситам карданд, ӯро аз рӯйи адолат шикаст доданд,Зеро ӯ хост, ки аз пайи душманаш биравад.+ 12  Ман барои Эфроим мисли куя будамВа барои хонадони Яҳудо сабаби пӯсиш гаштам. 13  Вақте Эфроим бемории худ ва Яҳудо захми худро дид,Эфроим назди Ошур рафт+ ва назди подшоҳи бузург кас фиристод. Аммо ӯ натавонист туро шифо бахшадВа ба захми ту дармон шавад. 14  Ман барои Эфроим мисли шери ҷавонВа барои хонадони Яҳудо мисли шери пурзӯр хоҳам буд. Ман онҳоро пора мекунам ва меравам,+Онҳоро мебарам ва касе халос намекунад.+ 15  Ман ба макони худ бармегардам ва дар он ҷо мемонам, то даме ки онҳо натиҷаи гуноҳашонро чашанд. Пас аз ин онҳо маро ҷӯё мешаванд, то ба онҳо рӯйи хуш диҳам.+ Азоб ки кашанд, маро меҷӯянд».+

Поварақҳо

Ё «Исёнгарон».
Ё «сарзаниш».
Ё «киштзорҳояшон».