Ҳушаъ 7:1-16

  • Бадкории Эфроим (1–16)

    • Аз тӯри Худо ҷойи гурез нест (12)

7  «Ҳар боре Исроилро шифо доданӣ шавам,Гуноҳи Эфроим ва бадкории Сомария+ ошкор мегардад.+ Онҳо фиреб медиҳанд,+Ба хонаҳо даромада, дуздӣ мекунанд ва дар берун дастаҳои ғоратгаронашон ҳамла меоранд.+   Лекин онҳо аз дил намегузаронанд, ки ман ҳамаи бадкории онҳоро дар хотир хоҳам дошт.+ Корҳои бадашон онҳоро гирд кардааст,Ҳамааш дар пеши назари ман аст.   Онҳо шоҳро бо бадкорияшонВа миронро бо фиребгарияшон шод мекунанд.   Ҳамаи онҳо зинокоранд,Мисли танӯри тафсоне ҳастанд,Ки нонпаз онро пас аз хамир кардан, то вақти расиданаш дигар наметафсонад.   Дар рӯзи базми подшоҳамон мирон бемор шудаанд,Онҳо аз шароб+ ба хашм омадаанд. Подшоҳ ба нописандон* даст медиҳад.   Дили онҳо мисли танӯр аланга мезанад*. Нонпаз шаби дароз мехобад,Вале саҳарӣ танӯраш боз аланга мезанад.   Ҳамаашон мисли танӯр тафсидаандВа ҳокимонашонро ба коми худ мекашанд. Ҳамаи подшоҳонашон фурӯ ғалтидаанд,+Касе дар миёни онҳо ба ман рӯ намеорад.+   Эфроим бо халқҳо омехта шудааст.+ Эфроим мисли нонест, ки фақат як тарафаш пухтааст.   Бегонагон қуввати ӯро кашида гирифтаанд,+ вале ӯ намедонад,Мӯяш сафед шудааст, вале ӯ хабар надорад. 10  Ифтихори Исроил бар зиддаш шаҳодат додааст,+Бо вуҷуди ҳамаи ин онҳо сӯйи Худояшон Яҳува барнагаштанд+Ва ӯро ҷӯё нашуданд. 11  Эфроим мисли кафтари содаест, ки фаҳме надорад.+ Онҳо аз Миср кумак пурсиданд+ ва аз Ошур мадад ҷустанд.+ 12  Ҳар ҷое раванд, бар онҳо тӯр меандозам,Онҳоро мисли парандагони осмон қапида, поён меорам. Ман онҳоро, ин ҷамоатро, чуноне ки огоҳ карда будам, ҷазо медиҳам.+ 13  Вой бар ҳоли онҳо, зеро аз ман гурехтанд! Бигзор хонахароб шаванд, зеро бар зидди ман гуноҳ карданд! Ман онҳоро бозхариданӣ будам, лекин онҳо дар ҳаққи ман дурӯғ гуфтанд.+ 14  Ҳарчанд дар ҷогаҳи худ нола мекарданд,Аз таҳти дил мадади маро намеҷустанд.+ Барои ғалла ва шароби нав бадани худро мебуриданд. Онҳо бар зидди ман исён бардоштаанд. 15  Ман онҳоро адаб омӯхтам ва дастонашонро бақувват намудам,Онҳо бошанд, андешаҳои бад карда, зидди ман шуданд. 16  Онҳо роҳи худро дигар карданд, вале на сӯйи парастиши Худо. Аз онҳо чун аз камоне, ки зеҳаш суст шудааст, дилпурие нест.+ Миронашон барои забони густохи худ аз дами шамшер меафтанд. Аз ин сабаб онҳо дар замини Миср хандахариш мешаванд».+

Поварақҳо

Ё «масхарагарон».
Ё, эҳтимол, «Дили онҳо, вақте бо иғвоҳояшон наздик мешаванд, мисли танӯр аст».