Ҳушаъ 9:1-17

  • Худо Эфроимро барои гуноҳҳояш рад кардааст (1–17)

    • Исроил Баалро мепарастад (10)

9  «Эй Исроил, хурсанд нашав+Ва мисли халқҳо хушҳолӣ накун,Зеро ту зино карда аз Худоят дур шудаӣ.+ Ту музди зиноро, ки дар ҳар хирмангоҳ мегирӣ, дӯст доштаӣ.+   Аммо хирмангоҳ ва чархушт онҳоро сер намекунадВа шароби нав насиби ӯ намешавад.+   Онҳо дигар дар замини Яҳува зиндагӣ нахоҳанд кард,+Балки Эфроим ба Миср хоҳад баргаштВа дар Ошур хӯроки ҳаром хоҳад хӯрд.+   Онҳо дигар ҳадияи рехтании шаробро ба Яҳува намеоранд,+Қурбониҳои онҳо ба ӯ писанд намешаванд.+ Онҳо мисли нони мотам ҳастанд,Ҳар касе, ки онро хӯрад, нопок мешавад. Нони онҳо танҳо барои худи онҳост,Он ба хонаи Яҳува оварда намешавад.   Пас, шумо дар рӯзи ҷамъомад*,Дар рӯзи иди Яҳува, чӣ кор хоҳед кард?   Онҳо аз дасти харобӣ рӯ ба гурез меоранд.+ Миср онҳоро ҷамъ мекунад+ ва Мемфис онҳоро мегӯронад.+ Ганҷҳои нуқрагини онҳоро газна* соҳиб мешавадВа хаймаҳои онҳо аз хорбуттаҳо пур мегарданд.   Айёми ҷазо фаро мерасад,+Рӯзҳои подош меояндВа Исроил хоҳад донист. Пайғамбарашон аз ақл бегона ва ғайбдонашон девона мешавад,Азбаски хатои ту бисёр аст, душманӣ ҳам бо ту бисёр аст».   Дидбони+ Эфроим бо Худоям буд,+Аммо ҳозир роҳҳои пайғамбаронаш+ чун домҳои сайёди парандагон аст,Хонаи Худояш пур аз душманист.   Онҳо чун дар замони Ҷибъо ғарқи бадахлоқӣ шудаанд.+ Ӯ хатои онҳоро ба хотир меорад ва барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳад.+ 10  «Ман Исроилро мисли ангуре дар биёбон ёфтам,+Бобоёни шуморо мисли навбари анҷири пешпазаке бар дарахти анҷир дидам,Вале онҳо назди Баали Фаӯр рафтанд,+Саргарми корҳои бешармона* шуданд+Ва мисли худое, ки дӯсташ медоштанд, нафратангез гаштанд. 11  Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида меравад,Онҳо на мезоянд, на дар шикам бача калон мекунанд ва на дар қадашон кӯдак мешавад.+ 12  Кӯдак калон кунанд ҳам,Ман онҳоро якто намонда нест мекунам.+ Вой ба ҳолашон, вақте аз онҳо рӯй гардонам!+ 13  Эфроим, ки дар алафзор шинонда шудааст, бароям мисли Сӯр буд,+Акнун Эфроим ночор писаронашро ба куштан медиҳад». 14  Эй Яҳува, сазои онҳоро, ки доданиӣ, бидеҳ,Ба онҳо шиками бачапарто ва синаҳои хушк бидеҳ. 15  «Тамоми бадиҳои онҳо дар Ҷилҷол+ аст ва дар ҳамон ҷо аз онҳо нафрат кардам. Ман онҳоро барои бадкирдорияшон аз хонаи худ пеш мекунам,+Дигар онҳоро дӯст нахоҳам дошт.+ Мирони онҳо ҳама саркашанд. 16  Эфроим зарба мехӯрад.+ Решаи онҳо хушк мешавад ва онҳо мевае намедиҳанд. Таваллуд кунанд ҳам, самари нозпарварди онҳоро мекушам». 17  Худоям аз онҳо рӯй мегардонад,Чунки ба гапаш гӯш надоданд.+ Онҳо дар миёни халқҳо гуреза мешаванд.+

Поварақҳо

Ё «ҷашни муқарраршуда».
Газна — алафи газанда, анҷура, сӯзонкаҳ.
Ё «худои бешарм».