Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Китоби пайғамбар Ҳизқиёл

Бобҳо

Шарҳи мухтасар

  • 1

    • Ҳизқиёл дар Бобил рӯъёҳое аз ҷониби Худо мебинад (1–3)

    • Рӯъёи аробаи осмонии Яҳува (4–28)

      • Тундбод, абр ва оташ (4)

      • Чор ҷонзод (5–14)

      • Чор чарх (15–21)

      • Шифте, ки мисли ях ҷило медиҳад (22–24)

      • Тахти Яҳува (25–28)

  • 2

    • Ҳизқиёл пайғамбар таъйин мешавад (1–10)

      • «Хоҳ гӯш андозанд, хоҳ не» (5)

      • Дастхати марсия (9, 10)

  • 3

    • Ҳизқиёл дастхатро мехӯрад (1–15)

    • Ҳизқиёл дидбон мешавад (16–27)

      • Ҳизқиёл бояд огоҳ кунад (18–21)

  • 4

    • Тасвири муҳосираи Ерусалим (1–17)

      • Ҳизқиёл 390 рӯз ва 40 рӯз гуноҳро мебардорад (4–7)

  • 5

    • Тасвири шикасти Ерусалим (1–17)

      • Мӯйи тарошидаро се қисм мекунад (1–4)

      • Ерусалим аз халқҳои дигар бадтар аст (7–9)

      • Халқ бо се роҳ ҷазо мегирад (12)

  • 6

    • Паём бар зидди кӯҳҳои Исроил (1–14)

      • Бутҳои ҳаром нест мешаванд (4–6)

      • «Мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам» (7)

  • 7

    • Анҷом омадааст (1–27)

      • Фалокати бемислу монанд (5)

      • Пулро ба кӯчаҳо мепартоянд (19)

      • Ибодатгоҳро нопок мекунанд (22)

  • 8

    • Ҳизқиёл дар рӯъё ба Ерусалим бурда мешавад (1–4)

    • Дар ибодатгоҳ чизҳои нафратангезро мебинад (5–18)

      • Занон дар ҳаққи Таммуз гиря мекунанд (14)

      • Одамон ба офтоб саҷда мекунанд (16)

  • 9

    • Котиб ва шаш ҷаллод (1–11)

      • Ҷазо аз муқаддасгоҳ сар мешавад (6)

  • 10

    • Аз байни чархҳо оташ гирифта мешавад (1–8)

    • Тасвири каррубиён ва чархҳо (9–17)

    • Ҷалоли Худо аз ибодатгоҳ дур мешавад (18–22)

  • 11

    • Мирони бадкор маҳкум мегарданд (1–13)

      • Шаҳр мисли дег аст (3–12)

    • Ваъдаи барқарор кардан (14–21)

      • «Рӯҳи наве мебахшам» (19)

    • Ҷалоли Худо аз Ерусалим дур мешавад (22, 23)

    • Ҳизқиёл дар рӯъё ба Калдония бармегардад (24, 25)

  • 12

    • Асирӣ пешгӯйӣ мешавад (1–20)

      • Бору банди бадарғагӣ (1–7)

      • Сарвар дар торикӣ мегурезад (8–16)

      • Бо хавотирӣ нону об мехӯранд (17–20)

    • Мақоли дурӯғ (21–28)

      • «Иҷро гаштани ҳеҷ суханам дер намекунад» (28)

  • 13

    • Паём бар зидди пайғамбарони бардурӯғ (1–16)

      • Ғалтидани девори оҳакзада (10–12)

    • Заноне, ки аз дили худ пешгӯйӣ мекунанд (17–23)

  • 14

    • Бутпарастон маҳкум мегарданд (1–11)

    • Ерусалим аз ҷазо халос намехӯрад (12–23)

      • Нӯҳ, Дониёл ва Айюб (14, 20)

  • 15

    • Ерусалим токи бефоидаест (1–8)

  • 16

    • Муҳаббати Худо ба Ерусалим (1–63)

      • Ерусалим кӯдаки партофтае буд (1–7)

      • Худо ӯро оро медиҳад ва бо ӯ аҳд мебандад (8–14)

      • Бевафоии Ерусалим (15–34)

      • Ҷазои фоҳишагии ӯ (35–43)

      • Муқоиса бо Сомария ва Садӯм (44–58)

      • Худо аҳдашро ба хотир меорад (59–63)

  • 17

    • Ду уқоб ва ток (1–21)

    • Навда сидраи пуршукӯҳ мешавад (22–24)

  • 18

    • Ҳар кас ба гуноҳи худ ҷавобгар аст (1–32)

      • Ҷоне, ки гуноҳ кунад, мемирад (4)

      • Писар барои гуноҳи падар ҷавобгар нест (19, 20)

      • Аз марги бадкор хурсанд намешавам (23)

      • Касе тавба кунад, зинда мемонад (27, 28)

  • 19

    • Марсия барои сардорони Исроил (1–14)

  • 20

    • Исёнкории Исроил (1–32)

    • Ваъдаи баргардондани Исроил (33–44)

    • Пешгӯйӣ бар зидди ҷануб (45–49)

  • 21

    • Худо шамшерашро аз ғилоф мекашад (1–17)

    • Шоҳи Бобил ба Ерусалим ҳамла мекунад (18–24)

    • Сарвари бадкори Исроил ҷазо мегирад (25–27)

      • «Тоҷатро аз сар бигир» (26)

      • «То омадани касе, ки ба он ҳаққу ҳуқуқ дорад» (27)

    • Шамшер бар зидди аммӯниён (28–32)

  • 22

    • Ерусалим, шаҳри хунхор (1–16)

    • Исроил мисли ғаши бекора аст (17–22)

    • Сарварон ва халқи Исроил ҷазо мегиранд (23–31)

  • 23

    • Ду хоҳари бевафо (1–49)

      • Оҳола бо Ошур зино мекунад (5–10)

      • Оҳолиба бо Бобил ва Миср зино мекунад (11–35)

      • Ҷазои ҳар ду хоҳар (36–49)

  • 24

    • Ерусалим деги зангзада аст (1–14)

    • Марги зани Ҳизқиёл аломат аст (15–27)

  • 25

    • Пешгӯйӣ бар зидди Аммӯн (1–7)

    • Пешгӯйӣ бар зидди Мӯоб (8–11)

    • Пешгӯйӣ бар зидди Адӯм (12–14)

    • Пешгӯйӣ бар зидди Фалиштӣ (15–17)

  • 26

    • Пешгӯйӣ бар зидди Сӯр (1–21)

      • «Маконе барои хушк кардани тӯрҳо» (5, 14)

      • Сангу хоки онро ба об мепартоянд (12)

  • 27

    • Марсия барои Сӯр, киштии ғарқшуда (1–36)

  • 28

    • Пешгӯйӣ бар зидди шоҳи Сӯр (1–10)

      • «Ман мисли Худо ҳастам» (2, 9)

    • Марсия барои шоҳи Сӯр (11–19)

      • Ту дар боғи Адан будӣ (13)

      • Каррубии сарпаноҳ (14)

      • «Бадкорӣ дар ту ёфт шуд» (15)

    • Пешгӯйӣ бар зидди Сидӯн (20–24)

    • Исроил барқарор мегардад (25, 26)

  • 29

    • Пешгӯйӣ бар зидди фиръавн (1–16)

    • Миср музди Бобил мешавад (17–21)

  • 30

    • Пешгӯйӣ бар зидди Миср (1–19)

      • Ҳамлаи Набукаднесар пешгӯйӣ мешавад (10)

    • Шикасти фиръавн (20–26)

  • 31

    • Фурӯ ғалтидани Миср, сидраи қоматбаланд (1–18)

  • 32

    • Марсия барои фиръавн ва Миср (1–16)

    • Миср бо бехатнагон гӯр карда мешавад (17–32)

  • 33

    • Уҳдадории дидбон (1–20)

    • Хабари шикасти Ерусалим (21, 22)

    • Паём ба сокинони вайронаҳо (23–29)

    • Мардум мувофиқи паём амал намекунад (30–33)

      • Ҳизқиёл суруди ошиқонаест (32)

      • «Дар миёнашон пайғамбаре буд» (33)

  • 34

    • Пешгӯйӣ бар зидди чӯпонони Исроил (1–10)

    • Яҳува ба гӯсфандонаш ғамхорӣ мекунад (11–31)

      • Бандаам Довуд чӯпони онҳо мешавад (23)

      • «Аҳду паймони осоиштагӣ» (25)

  • 35

    • Пешгӯйӣ бар зидди кӯҳистони Сеир (1–15)

  • 36

    • Пешгӯйӣ дар бораи кӯҳҳои Исроил (1–15)

    • Барқарор шудани Исроил (16–38)

      • Ман номи бузурги худро пок месозам (23)

      • «Замини хароба мисли боғи Адан шудааст» (35)

  • 37

    • Водии устухонҳои хушк (1–14)

    • Ду чӯб бо ҳам пайваст мешавад (15–28)

      • Як халқу як подшоҳ (22)

      • «Паймони осоиштагӣ, паймони абадӣ» (26)

  • 38

    • Ҳамлаи Ҷуҷ ба Исроил (1–16)

    • Хашми Яҳува бар Ҷуҷ (17–23)

      • «Мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам» (23)

  • 39

    • Нобудии Ҷуҷ ва лашкараш (1–10)

    • Қабристони водии Ҳамӯн-Ҷуҷ (11–20)

    • Барқарор шудани Исроил (21–29)

      • Худо рӯҳашро бар Исроил мерезад (29)

  • 40

    • Ҳизқиёл дар рӯъё ба Исроил оварда мешавад (1, 2)

    • Ҳизқиёл дар рӯъё ибодатгоҳро мебинад (3, 4)

    • Саҳнҳо ва дарвозаҳо (5–47)

      • Дарвозаи берунаи шарқӣ (6–16)

      • Саҳни берунӣ ва дарвозаҳои дигар (17–26)

      • Саҳни дарунӣ ва дарвозаҳо (27–37)

      • Ошхонаҳои ибодатгоҳ (38–46)

      • Қурбонгоҳ (47)

    • Даҳлези ибодатгоҳ (48, 49)

  • 41

    • Муқаддасгоҳ (1–4)

    • Девор ва ҳуҷраҳо (5–11)

    • Бинои ғарбӣ (12)

    • Андозаи биноҳо (13–15а)

    • Даруни ибодатгоҳ (15б–26)

  • 42

    • Иморати ошхонаҳо (1–14)

    • Чор тарафи ибодатгоҳ чен карда мешавад (15–20)

  • 43

    • Ҷалоли Яҳува ибодатгоҳро пур мекунад (1–12)

    • Қурбонгоҳ (13–27)

  • 44

    • Дарвозаи шарқӣ маҳкам мемонад (1–3)

    • Дастур оид ба бегонагон (4–9)

    • Дастур барои левизодагону коҳинон (10–31)

  • 45

    • Қитъаи муқаддас ва шаҳр (1–6)

    • Замини сарвар (7, 8)

    • Сарварон бояд боинсоф бошанд (9–12)

    • Хайрияҳои мардум ва сарвар (13–25)

  • 46

    • Ҳадияву қурбониҳои гуногун (1–15)

    • Мерос мондани мулки сарвар (16–18)

    • Ҷойҳои пухтани ҳадияҳо (19–24)

  • 47

    • Обе, ки аз ибодатгоҳ ҷорӣ мешавад (1–12)

      • Ҷӯй торафт чуқур мешавад (2–5)

      • Оби баҳри Мурда шифо меёбад (8–10)

      • Ботлоқҳо шифо намеёбанд (11)

      • Дарахтони мевадори давобахш (12)

    • Сарҳадҳои замин (13–23)

  • 48

    • Тақсими замин (1–29)

    • 12 дарвозаи шаҳр (30–35)

      • Номи шаҳр «Яҳува он ҷост» мешавад (35)