1 Воқеанома 14:1-17

  • Подшоҳии Довуд устувор мешавад (1, 2)

  • Хонадони Довуд (3–7)

  • Шикасти фалиштиён (8–17)

14  Ҳироми+ подшоҳи Сӯр ба назди Довуд хабаррасононро фиристод, ҳамчунин барои сохтани қасри ӯ чӯбҳои сидра, сангтарошон* ва дуредгаронро равона кард.+  Он гоҳ Довуд фаҳмид, ки Яҳува ӯро чун подшоҳ бар Исроил устувор гардондааст,+ зеро ӯ ба хотири халқаш Исроил подшоҳии вайро хеле бузург карда буд.+  Довуд дар Ерусалим якчанд зани дигар гирифт+ ва аз ӯ боз писарону духтарон ба дунё омаданд.+  Ин аст номҳои фарзандоне, ки дар Ерусалим барои ӯ таваллуд ёфтанд:+ Шамуа, Шубоб, Нотон,+ Сулаймон,+  Ибҳор, Элишуа, Элфолат,  Нӯҷа, Нофаҷ, Ёфиа,  Элишомаъ, Баалёдоъ ва Элифолат.  Вақте фалиштиён шуниданд, ки Довудро тадҳин намуда*, подшоҳи тамоми Исроил кардаанд,+ ҳамаашон берун омаданд, то бо Довуд биҷанганд.+ Довуд аз ин хабардор шуда бар зидди онҳо баромад.  Он вақт фалиштиён омада, дар водии Рафоим+ тохтутоз кардан гирифтанд. 10  Довуд аз Худо пурсид: «Оё бар зидди фалиштиён бароям? Оё онҳоро ба дасти ман месупорӣ?» Яҳува ба ӯ ҷавоб дод: «Баро ва ман ҳатман онҳоро ба дасти ту месупорам».+ 11  Довуд ба Баал-Фаросим+ омада, онҳоро дар он ҷо шикаст дод ва гуфт: «Худо лашкари душманонамро бо дасти ман рахна зад, чуноне ки селоб рахна мезанад». Аз ин рӯ он ҷоро Баал-Фаросим* номиданд. 12  Фалиштиён худоёни худро дар он ҷо партофта гурехтанд ва бо фармони Довуд онҳоро дар оташ сӯзонданд.+ 13  Чанде пас фалиштиён боз дар водӣ тохтутоз карданд.+ 14  Довуд боз аз Худо пурсон шуд ва ӯ ҷавоб дод: «Аз пеш ҳамла накун, балки аз ақибашон давр зада, аз тарафи буттаҳои бака бар зидди онҳо баро.+ 15  Вақте ки дар сари буттаҳои бака садои қадамҳоро бишнавӣ, ҳамла ор, зеро Худо пешопеши ту рафта, лашкари фалиштиёнро зарба мезанад».+ 16  Довуд, ҳамон тавре ки Худо амр фармуд, амал кард+ ва онҳо лашкари фалиштиёнро аз Ҷабъа то Ҷозар+ зарба заданд. 17  Пас аз ин шуҳрати Довуд дар тамоми мамлакатҳо паҳн шуд ва Яҳува дар дили тамоми халқҳо тарси Довудро ҷо кард.+

Поварақҳо

Ё «деворсозон».
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Маънояш «хӯҷаини рахнаҳо».