1 Воқеанома 21:1-30

  • Саршумории худсаронаи Довуд (1–6)

  • Ҷазои Яҳува (7–17)

  • Довуд қурбонгоҳ месозад (18–30)

21  Шайтон* бар зидди Исроил бархест ва Довудро водор кард, ки Исроилро бишморад.+  Он вақт Довуд ба Юоб+ ва сардорони халқ гуфт: «Биравед ва аз Баир-Шобаъ то Дон+ Исроилро ҳисоб кунед, сипас ба ман хабар диҳед, то шумораи онҳоро бидонам».  Лекин Юоб гуфт: «Бигзор Яҳува шумораи мардумашро 100 баробар зиёд кунад! Эй хоҷаам подшоҳ, магар ҳамаи онҳо аллакай бандагони хоҷаам нестанд? Барои чӣ хоҷаам мехоҳад ба ин кор даст занад? Чаро ӯ сабаби гуноҳи Исроил шавад?»  Аммо подшоҳ ба сухани Юоб гӯш надод. Юоб рафта, саросари Исроилро гашт ва пас аз ин ба Ерусалим омад.+  Юоб ба Довуд шумораи мардумеро, ки ба ҳисоб овард, хабар дод. Шумораи мардони шамшерзани+ тамоми Исроил 1 100 000 нафар ва мардони шамшерзани Яҳудо 470 000 буд.  Вале Юоб Левӣ ва Бинёминро саршуморӣ накард,+ зеро сухани подшоҳ барояш нафратангез буд.+  Ин кор дар назари Худо хеле бад буд ва ӯ Исроилро зарба зад.  Он гоҳ Довуд ба Худо гуфт: «Ман бо ин корам гуноҳи азиме кардам.+ Илтимос, аз гуноҳи бандаат гузар,+ зеро ман беақлона рафтор кардам».+  Яҳува ба Ҷод,+ ки пешбини Довуд буд, гуфт: 10  «Бирав ва ба Довуд чунин бигӯ: “Ин аст сухани Яҳува: “Ман ба ту се чизро пешниҳод мекунам. Якеро интихоб намо ва онро бар сарат меорам”». 11  Ҷод назди Довуд омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Интихоб намо, ки 12  се сол гушнагӣ шавад,+ се моҳ шамшери душманонат туро дарёб карда, нобуд созад+ ё се рӯз шамшери Яҳува халқро зарба занад, яъне фариштаи Яҳува тамоми Исроилро ба вабо гирифтор карда+ харобӣ орад”.+ Фикр кун ва бигӯ, ки ба Фиристандаи худ чӣ ҷавобе барам». 13  Довуд ба Ҷод гуфт: «Азобам зӯр аст. Беҳтар аст, ки ба дасти Яҳува афтам, зеро раҳми ӯ хеле бузург аст,+ вале ба дасти одамизод наафтам».+ 14  Он гоҳ Яҳува ба Исроил вабо фиристод+ ва аз исроилиён 70 000 нафар ҳалок шуд.+ 15  Ғайр аз ин, Худо ба Ерусалим фариштаеро фиристод, то онро нобуд созад, ва, вақте қариб буд, ки вай ин корро кунад, Яҳува инро дид ва аз он офат пушаймон шуд*+ ва ба фариштае, ки ҳалокат меовард, гуфт: «Бас аст!+ Дастатро боздор». Он вақт фариштаи Яҳува дар назди хирмангоҳи Орнони+ ябусӣ+ меистод. 16  Довуд чашмонашро бардошта, фариштаи Яҳуваро дид, ки дар миёни замину осмон истодааст ва шамшери бараҳнаи+ дасташро сӯйи Ерусалим дароз кардааст. Довуду пирон, ки дар тан палос*+ доштанд, ҳамон замон рӯ ба замин афтоданд.+ 17  Довуд ба Худо гуфт: «Охир, ман фармудам, ки халқро ҳисоб кунанд! Гуноҳкор манам ва хато аз ман сар зад,+ вале гуноҳи ин гӯсфандон чист? Эй Худоям Яҳува, бигзор дасти ту бар зидди ман ва хонадони падари ман бошад, аммо халқи худро ба ин бало гирифтор накун».+ 18  Он гоҳ фариштаи Яҳува ба Ҷод+ фармуд, ки ба Довуд бигӯяд, ки рафта, дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ барои Яҳува қурбонгоҳе бисозад.+ 19  Довуд мувофиқи сухани Ҷод, ки ӯ аз номи Яҳува гуфт, равона шуд. 20  Он вақт Орнон, ки гандум мекӯфт, рӯ гардонда, фариштаро дид ва чор писараш, ки ҳамроҳаш буданд, пинҳон шуданд. 21  Вақте ки Довуд ба назди Орнон омад, Орнон ӯро дида дарҳол аз хирмангоҳ баромад ва ба Довуд то ба замин таъзим кард. 22  Довуд ба Орнон гуфт: «Замини хирмангоҳро ба ман бифурӯш*, то дар он барои Яҳува қурбонгоҳ созам. Ман онро, ҳар қадаре арзиш дошта бошад, мехарам, то ин балое, ки бар сари халқ омадааст, бас шавад».+ 23  Вале Орнон ба Довуд гуфт: «Онро барои худ бигир ва бигзор хоҷаам подшоҳ ҳар чизеро, ки дар назараш хуб бошад, бикунад. Ман барои қурбониҳои сӯхтанӣ гов, барои ҳезумӣ чапари+ ғаллакӯбӣ ва барои ҳадияи ғалла гандум медиҳам. Ҳамаи инро бигир». 24  Аммо шоҳ Довуд ба Орнон гуфт: «Не, ман онро, ҳар қадаре арзиш дошта бошад, мехарам, зеро он чиро, ки аз они туст, гирифта, ба Яҳува намедиҳам ва қурбониҳои сӯхтании муфтро пешкаш намекунам».+ 25  Аз ин рӯ Довуд 600 сиқл* тиллоро баркашида, барои он замин ба Орнон дод. 26  Довуд дар он ҷо барои Яҳува қурбонгоҳ+ сохт ва қурбониҳои сӯхтанию қурбониҳои осоиштагӣ овард. Довуд сӯйи Яҳува хонд ва ӯ бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ аз осмон оташ фиристода,+ ба вай ҷавоб дод. 27  Яҳува ба фаришта фармуд,+ ки шамшерашро ба ғилоф андозад. 28  Вақте Довуд дид, ки Яҳува дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ ба ӯ ҷавоб дод, дар он ҷо қурбонӣ овардан гирифт. 29  Он вақт хаймаи муқаддаси Яҳува, ки Мӯсо дар биёбон сохта буд, ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ дар баландии Ҷибъӯн+ буд, 30  вале Довуд наметавонист назди он рафта, аз Худо маслиҳат пурсад, чунки аз шамшери фариштаи Яҳува тарсида буд.

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «Мухолиф».
Ё «ғамгин шуд».
Палос — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «бидеҳ».
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.