1 Воқеанома 22:1-19

  • Тайёрии Довуд ба сохтмони ибодатгоҳ (1–5)

  • Дастури Довуд ба Сулаймон (6–16)

  • Мирон бояд Сулаймонро дастгирӣ кунанд (17–19)

22  Довуд гуфт: «Ин ҷо хонаи Яҳува Худо ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтании Исроил хоҳад буд».+  Он гоҳ Довуд фармуд, ки ғарибонеро,+ ки дар замини Исроил мезистанд, ҷамъ оранд, ва ӯ онҳоро сангбур таъйин кард, то барои сохтани хонаи Худо санг бибуранду битарошанд.+  Довуд ҳамчунин барои мехҳои табақаҳои дарвозаҳо ва барои пайвандҳо оҳани зиёде тайёр кард ва чунон миси бисёре ҷамъ овард, ки онро баркашида намешуд.+  Ӯ ҳамчунин чӯби сидраи+ беҳисобе ғун кард, зеро чӯби сидрае, ки сидӯниён+ ва сӯриён+ ба Довуд меоварданд, ҳисоб надошт.  Довуд гуфт: «Писарам Сулаймон ҷавону камтаҷриба* аст,+ аммо хонае, ки ба Яҳува сохта мешавад, бояд хеле боҳашамат бошад,+ то ки бо ҷалолу зебогияш+ дар тамоми мамлакатҳо машҳур гардад.+ Аз ин рӯ чизҳои лозимаро барояш тайёр мекунам». Ҳамин тавр, Довуд пеш аз маргаш масолеҳи хеле зиёде тайёр кард.  Ӯ писараш Сулаймонро даъват кард ва фармуд, ки барои Яҳува, Худои Исроил, хонае бисозад.  Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Орзуи дили ман ин буд, ки ба номи Худоям Яҳува хонае бисозам.+  Аммо Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: “Ту хуни бисёре рехтаӣ ва дар ҷангҳои зиёде иштирок кардаӣ. Ту ба номи ман хона нахоҳӣ сохт,+ зеро ту дар ин замин, дар пеши назарам, хуни бисёре рехтаӣ.  Ту соҳиби писар мешавӣ+ ва ӯ сулҳу осоиштагӣ хоҳад дошт. Ман ӯро аз ҳамаи душманони гирду атрофаш осоиштагӣ медиҳам,+ аз ин рӯ номи ӯ Сулаймон*+ хоҳад буд ва ман дар рӯзҳои ӯ ба Исроил сулҳу оромӣ мебахшам.+ 10  Ӯ он касест, ки ба номи ман хона месозад.+ Ӯ писари ман мешавад ва ман падари ӯ мешавам.+ Ман тахти подшоҳии ӯро бар Исроил то абад пойдор мегардонам”.+ 11  Пас, эй писарам, бигзор Яҳува бо ту бошад ва ту комёб гардида, хонаи Худоят Яҳуваро бино кунӣ, ҳамон тавре ки ӯ дар ҳаққи ту гуфтааст.+ 12  Бигзор Яҳува, ҳангоме ки ба ту бар Исроил ҳокимият медиҳад, туро фаҳму хирад бахшад,+ то ки шариати Худоят Яҳуваро риоя кунӣ.+ 13  Агар дастур ва ҳукмҳоеро, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо ба Исроил фармуда буд, як ба як иҷро кунӣ,+ комёб мегардӣ.+ Далеру устувор бош. Натарс ва ҳаросон нашав.+ 14  Ман заҳмати бисёр кашида барои хонаи Яҳува 100 000 киккар* тилло, 1 000 000 киккар нуқра ва чунон мису оҳани бисёре ҷамъ овардам,+ ки онро баркашида намешавад. Ман ҳамчунин чӯбу санг тайёр кардам+ ва ту ба он боз илова хоҳӣ кард. 15  Коргарони бисёр — сангбурону сангтарошон,+ чӯбкорон ва ҳар навъ ҳунармандон,+ дар ихтиёри туянд. 16  Тилло, нуқра, мис ва оҳан сону шумор надорад.+ Пас, бархеста, корро сар кун ва бигзор Яҳува бо ту бошад».+ 17  Сипас Довуд ба ҳамаи мирони Исроил фармуд, ки ба писараш Сулаймон ёрӣ диҳанд. Ӯ ба онҳо гуфт: 18  «Худоятон Яҳува бо шумост ва ӯ ба шумо аз ҳар тараф оромӣ бахшидааст, зеро сокинони ин заминро ба дасти ман супурдааст ва онҳо ба Яҳува ва халқаш тобеъ шудаанд. 19  Пас, бо тамоми дилу ҷон қарор кунед, ки Худоятон Яҳуваро ҷӯё бошед+ ва сохтани муқаддасгоҳи Яҳува Худоро сар кунед,+ то сандуқи аҳди Яҳува ва ашёи муқаддаси Худоро ба хонае, ки ба номи Яҳува+ сохта мешавад, гузоред».+

Поварақҳо

Ё «нозук».
Аз калимаи иброниест, ки маънояш «осоиштагӣ» аст.
Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.