1 Воқеанома 27:1-34

  • Мақомдорони шоҳ (1–34)

27  Ин аст гурӯҳҳои исроилиёне, ки дар лашкари подшоҳ буданд.+ Ба ин гурӯҳҳо сарварони хонаводаҳо, мириҳазорҳо, мирисадҳо+ ва сардоронашон, ки барои гурӯҳҳо ҷавобгар буданд, дохил мешуданд. Гурӯҳҳо дар давоми сол, моҳ ба моҳ, омада, мерафтанд ва дар ҳар як гурӯҳ 24 000 нафар буд.  Сардори гурӯҳи якум барои моҳи якум Ёшобъоми+ писари Забдиил буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт.  Ӯ аз авлоди Форас+ буда, сарвари ҳамаи сарони дастаҳое буд, ки дар моҳи якум хизмат мекарданд.  Сардори гурӯҳи моҳи дуюм Дӯдаи+ аҳӯҳӣ+ ва фармондеҳи он Миқлӯт буд. Гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт.  Сардори гурӯҳи сеюме, ки дар моҳи сеюм хизмат мекард, Баноёи+ писари Еҳуёдои+ саркоҳин буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт.  Ин Баноё аз ҷумлаи сӣ паҳлавон буда, сардори онҳо буд ва дар сари гурӯҳи ӯ писараш Аммизобод буд.  Сардори чорум барои моҳи чорум Асоили+ бародари Юоб+ ва баъд аз ӯ писараш Забадё буд. Гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт.  Сардори панҷум барои моҳи панҷум Шамҳути изроҳӣ буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт.  Сардори шашум барои моҳи шашум Ирои+ писари Иққиши тақӯогӣ+ буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 10  Сардори ҳафтум барои моҳи ҳафтум Ҳоласи+ фалунӣ, аз эфроимиён, буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 11  Сардори ҳаштум барои моҳи ҳаштум Сибкои+ ҳушотӣ, аз зораҳиён,+ буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 12  Сардори нуҳум барои моҳи нуҳум Абиозери+ анотӯтӣ,+ аз бинёминиён, буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 13  Сардори даҳум барои моҳи даҳум Маҳарӯи+ натуфотӣ, аз зораҳиён,+ буд ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 14  Сардори 11-ум барои моҳи 11-ум Баноёи+ фиръотӯнӣ буд, ки аз эфроимиён буд, ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 15  Сардори 12-ум барои моҳи 12-ум Ҳолдаи натуфотӣ буд, ки аз авлоди Отниил буд, ва гурӯҳи ӯ 24 000 нафар дошт. 16  Сарварони қабилаҳои Исроил инҳо буданд: аз Реубен Элиезери писари Зикрӣ сарвар буд, аз Шимъӯн — Шафатёҳуи писари Маъко, 17  аз Левӣ — Ҳашабёи писари Қамуил, аз Ҳорун — Содӯқ, 18  аз Яҳудо — Элиҳу,+ яке аз бародарони Довуд, аз Иссокор — Омрии писари Микоил, 19  аз Забулун — Ишмаъёи писари Убадё, аз Нафтолӣ — Еримӯти писари Азриил, 20  аз Эфроим — Ҳушаи писари Азазёҳу, аз нисфи қабилаи Менашше — Юили писари Фадоё, 21  аз нисфи қабилаи Менашше дар Ҷилъод — Иддӯи писари Закарё, аз Бинёмин — Яъсиили писари Абнир+ 22  ва аз Дон — Азаръили писари Ерӯҳом. Инҳо мирони қабилаҳои Исроил буданд. 23  Довуд касони 20-сола ва хурдтарро саршуморӣ накард, зеро Яҳува ваъда дода буд, ки Исроилро мисли ситорагони осмон сершумор мегардонад.+ 24  Юоби писари Саруё саршумориро сар карда буд, аммо ба охир нарасонд. Он вақт хашми Худо барои ин кор бар зидди Исроил аланга зад+ ва ин шумора дар таърихномаи шоҳ Довуд навишта нашуд. 25  Азмавти писари Адиил ба ганҷинаҳои подшоҳ+ ва Юнотони писари Узиё ба анборҳои* саҳроҳо, шаҳрҳо, қишлоқҳо ва бурҷҳо* ҷавобгар буд. 26  Эзрии писари Калуб нозири коргароне буд, ки дар саҳро киштукор мекарданд. 27  Шимъии ромоӣ ба токзорҳо ва Забдии сифмӯтӣ ба анбори шаробе, ки аз ҳосили токзорҳо тайёр мешуд, ҷавобгар буд. 28  Баал-Ҳонони ҷадирӣ ба боғҳои зайтун ва дарахтони тутанҷире,+ ки дар Шефило+ буданд, ва Юош ба анборҳои равған ҷавобгар буд. 29  Ширтайи шорӯнӣ ба галаҳое, ки дар Шорӯн+ мечариданд, ва Шофоти писари Адлой ба галаҳое, ки дар водиҳо буданд, ҷавобгар буд. 30  Убили исмоилӣ ба шутурҳо ва Еҳдиёҳуи мирӯнутӣ ба харҳо ҷавобгар буд. 31  Ёзизи ҳоҷарӣ ба рамаҳо ҷавобгар буд. Ҳамаи онҳо сардори молу мулки шоҳ Довуд буданд. 32  Юнотони+ ҷияни Довуд, ки марди бохираде буд, маслиҳатгар ва котиб буд. Яҳиили ҳакмӯнӣ парастори писарони подшоҳ+ буд. 33  Аҳитӯфал+ маслиҳатгари подшоҳ ва Ҳушойи+ аркӣ дӯсти подшоҳ буд. 34  Ҷойи Аҳитӯфалро Еҳуёдои писари Баноё+ ва Абётор+ гирифтанд ва Юоб+ сарлашкари подшоҳ буд.

Поварақҳо

Ё «ганҷинаҳои».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.