1 Мӯсо 10:1-32

  • Рӯйхати халқҳои рӯйи замин (1–32)

    • Насли Ёфат (2–5)

    • Насли Ҳом (6–20)

      • Нимрӯд ба Яҳува зиддият мекунад (8–12)

    • Насли Сом (21–31)

10  Ин аст таърихи писарони Нӯҳ — Сом,+ Ҳом ва Ёфат: Онҳо баъди тӯфон писарон ба дунё оварданд.+  Писарони Ёфат: Ҷӯмар,+ Маҷуҷ,+ Модай, Ёвон, Тубол,+ Машах+ ва Тирос.+  Писарони Ҷӯмар: Ашканаз,+ Рифат ва Туҷармо.+  Писарони Ёвон: Алишо,+ Таршиш,+ Киттим+ ва Дӯдоним.  Аз онҳо халқҳое пайдо шуданд, ки мувофиқи забон, хонавода ва халқи худ дар ҷазираҳо сокин шуданд.  Писарони Ҳом: Куш, Миср,+ Фут+ ва Канъон.+  Писарони Куш: Сибо,+ Ҳавило, Сабто, Раъмо+ ва Сабтако. Писарони Раъмо: Сабо ва Дадон.  Куш Нимрӯдро ба дунё овард. Ӯ аввалин шахсе буд, ки дар рӯйи замин пурзӯр шуд.  Нимрӯд шикорчии пурзӯре гашт, ки ба Яҳува муқобилат мекард. Барои ҳамин баъзан одамон дар бораи касе мегӯянд: «Ӯ мисли Нимрӯд аст, мисли он шикорчии пурзӯре, ки ба Яҳува муқобилат мекунад». 10  Аввалин шаҳрҳое, ки ӯ дар онҳо подшоҳӣ мекард, инҳо буданд: Бобил,+ Арак,+ Аккад ва Калне. Ин шаҳрҳо дар сарзамини Шинъор+ ҷойгир буданд. 11  Нимрӯд аз он сарзамин баромада, ба Ошур+ рафт ва Нинве,+ Раҳӯбӯир, Колаҳ 12  ва Расанро, ки дар байни Нинве ва Колаҳ ҷойгир буд, бино кард. Ин шаҳри бузург аст*. 13  Миср Луд,+ Аномим, Лаҳобим, Нафтуҳим,+ 14  Фатрусим,+ Каслуҳим ва Кафтӯримро+ ба дунё овард. (Аз Каслуҳим фалиштиён+ ба вуҷуд омаданд.) 15  Канъон Сидӯн+ ва Ҳитро+ ба дунё овард. Сидӯн писари калонии ӯ буд. 16  Аз ӯ ҳамчунин ябусиён,+ амӯриён,+ ҷирҷошиён, 17  ҳиввиён,+ арқиён, синиён, 18  арводиён,+ самориён ва ҳамотиён+ ба дунё омаданд. Пас аз ин хонаводаҳои канъониён пароканда шуданд. 19  Аз ин рӯ сарҳади замини канъониён аз Сидӯн то Ҷарор,+ ки дар наздикии Ғазза+ аст, ва то Садӯм, Амӯро,+ Адмо ва Сабӯим,+ ки дар наздикии Лошаъ мебошанд, тӯл мекашид. 20  Инҳоянд писарони Ҳом, ки мувофиқи хонавода, забон, сарзамин ва халқи худ номбар шуданд. 21  Ёфат писари калонӣ буду Сом бародари ӯ*. Сом низ писарон ба дунё овард ва бобои тамоми писарони Эбар+ шуд. 22  Писарони Сом инҳоянд: Элом,+ Ашшур,+ Арфакшад,+ Луд ва Арам.+ 23  Писарони Арам инҳоянд: Ус, Ҳул, Ҷатар ва Маш. 24  Арфакшад Шолаҳро ба дунё овард, Шолаҳ+ бошад, Эбарро. 25  Эбар ду писар ба дунё овард. Номи яке Фолаҷ*+ буд, чунки дар рӯзҳои ӯ дар замин ҷудоӣ ба миён омад. Номи бародари ӯ Ёқтон+ буд. 26  Ёқтон Алмӯдод, Шолаф, Ҳазармавт, Ёраҳ,+ 27  Ҳадӯром, Узол, Диқло, 28  Ӯбол, Абимоил, Сабо, 29  Ӯфир,+ Ҳавило ва Юбобро ба дунё овард. Ҳамаи инҳо писарони Ёқтон буданд. 30  Ҷойи зисти онҳо аз Мешо то Сафоро, кӯҳистони Шарқ, тӯл мекашид. 31  Инҳоянд писарони Сом, ки мувофиқи хонавода, забон, сарзамин ва халқи худ номбар шуданд.+ 32  Ҳамаи инҳо хонаводаҳои писарони Нӯҳ буданд, ки мувофиқи хонаводаҳо ва халқҳояшон номбар шуданд. Аз онҳо баъди тӯфон халқҳои рӯйи замин ба вуҷуд омаданд.+

Поварақҳо

Эҳтимол, Нинве, Раҳӯбӯир, Колаҳ ва Расан дар якҷоягӣ як шаҳри бузург ҳисобида мешуданд.
Ё, эҳтимол, «Сом бародари калонии Ёфат буд».
Маънояш «ҷудоӣ».