1 Мӯсо 13:1-18

  • Абром ба Канъон бармегардад (1–4)

  • Абром ва Лут ҷудо мешаванд (5–13)

  • Худо ба Абром ваъдаашро такрор мекунад (14–18)

13  Абром бо занаш ва ҳар чизе дошт, аз Миср ба Негеб+ рафт. Лут низ ҳамроҳи ӯ буд.  Абром аз чорво, нуқра ва тилло хеле бой буд.+  Ӯ аз Негеб ба Байт-Ил сафар карда, раҳораҳ хайма мезад, то даме ки ба ҷойи пештараи хаймааш, ки байни Байт-Ил ва Ой ҷойгир буд, расид,+  яъне ҷое, ки ӯ пештар қурбонгоҳ сохта буд. Дар он ҷо ӯ номи Яҳуваро хонд.  Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, соҳиби гӯсфандон, говон ва хаймаҳо буд.  Молу мулки Аброму Лут чунон зиёд шуда буд, ки онҳо дигар якҷоя зиндагӣ карда наметавонистанд ва он замин барои ҳар дуяшон камӣ мекард.  Аз ин рӯ байни чӯпонони Абром ва чӯпонони Лут ҷанҷол ба миён омад. (Он вақт дар он замин канъониён ва фариззиён зиндагӣ мекарданд.)+  Абром ба Лут+ гуфт: «Байни ману ту ва байни чӯпонони ману ту набояд ҷанҷоле бошад, чунки мо бародарем.  Магар тамоми замин дар ихтиёри ту нест? Пас, илтимос, биё ҷудо шавем. Агар ту ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост меравам ва, агар ту ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап меравам». 10  Лут назар андохт ва дид, ки тамоми водии Урдун,+ ки то Сӯар+ тӯл мекашад, мисли боғи Яҳува,+ мисли замини Миср, хеле сероб аст. (Он вақт Яҳува Садӯм ва Амӯроро нест накарда буд). 11  Он гоҳ Лут тамоми водии Урдунро барои худ интихоб кард ва ба тарафи шарқ кӯчид ва онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд. 12  Абром дар замини Канъон сокин шуд, Лут бошад, дар байни шаҳрҳои водӣ.+ Оқибат ӯ дар наздикии шаҳри Садӯм хайма зад. 13  Мардони Садӯм бадкор ва дар назари Яҳува хеле гунаҳкор буданд.+ 14  Баъди он ки Лут аз Абром ҷудо шуд, Яҳува ба Абром гуфт: «Аз ҷое ки истодаӣ, ба тарафи шимол, ҷануб, шарқ ва ғарб назар кун, 15  зеро тамоми заминеро, ки мебинӣ, ман ба ту ва ба насли ту чун мероси доимӣ медиҳам.+ 16  Ман насли туро мисли ғубори замин бешумор мегардонам ва, агар хокрезаҳои заминро шумурда шавад, он гоҳ насли ту ҳам шумурда мешавад.+ 17  Бархез ва саросари ин заминро давр зан, чунки ман онро ба ту медиҳам». 18  Барои ҳамин Абром дар хаймаҳо зистанро давом дод. Баъдтар ӯ кӯч баста, дар назди дарахтҳои калони Мамре,+ ки дар Ҳебрӯнанд,+ сокин шуд ва дар он ҷо барои Яҳува қурбонгоҳ сохт.+

Поварақҳо