1 Мӯсо 21:1-34
21 Яҳува, чуноне ки гуфта буд, сӯйи Соро назар кард ва Яҳува ваъдаеро, ки ба Соро дода буд, иҷро кард.+
2 Соро ҳомиладор+ шуд ва ба Иброҳим дар пиронсолияш, дар он вақте ки Худо гуфта буд, писаре зоид.+
3 Иброҳим писари навзоди худро, ки Соро ба ӯ таваллуд кард, Исҳоқ+ номид.
4 Ӯ, чи тавре ки Худо фармуда буд, писараш Исҳоқро дар ҳаштрӯзагиаш хатна+ кард.
5 Иброҳим дар вақти таваллуд шудани писараш Исҳоқ 100-сола буд.
6 Баъди таваллуди фарзандаш Соро чунин гуфт: «Худо маро хандонд. Ҳар кӣ дар бораи ин шунавад, бо ман механдад*».
7 Ӯ илова кард: «Оё ба гӯшаи хаёли касе омада метавонист, ки зани Иброҳим кӯдак хоҳад маконид? Лекин ман дар пириаш ба вай писар таваллуд кардам».
8 Кӯдак калон шуд ва ӯро аз сина ҷудо карданд. Дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.
9 Соро аҳамият дод, ки писаре, ки Ҳоҷари+ мисрӣ ба Иброҳим зоид, Исҳоқро масхара мекунад.+
10 Ӯ ба Иброҳим гуфт: «Ин канизро бо писараш пеш кун, чунки писари ин каниз бо писари ман Исҳоқ меросхӯр нахоҳад буд».+
11 Суханоне, ки Соро дар бораи писараш ба Иброҳим гуфт, ба ӯ сахт расид.+
12 Он гоҳ Худо ба Иброҳим гуфт: «Аз он чӣ Соро дар бораи писар ва канизат гуфт, зиқ нашав. Ба гапи ӯ гӯш деҳ, зеро насле, ки ман ба ту ваъда кардаам, аз Исҳоқ ба дунё меояд.+
13 Аз писари каниз+ ҳам ман халқе ба вуҷуд меорам,+ чунки ӯ фарзанди туст».
14 Иброҳим саҳари барвақт бархест ва нону як машк* об гирифта, ба Ҳоҷар дод. Ӯ ин чизҳоро ба китфи Ҳоҷар гузошт ва ӯро бо писараш равона кард.+ Ҳоҷар ба биёбони Баир-Шобаъ+ расид ва дар он ҷо ночору сарсон гаштан гирифт.
15 Оқибат оби машк тамом шуд ва ӯ писарро зери буттае гузошт*.
16 Худаш бошад, «мурдани писарамро набинам» гуфта, дуртар* рафта, нишаст ва бо овози баланд гиря кард.
17 Худо овози писарро шунид+ ва фариштаи Худо аз осмон Ҳоҷарро хонда гуфт:+ «Бо ту чӣ шуд, эй Ҳоҷар? Натарс, зеро Худо овози писарро шунид.
18 Бархез, писарро бардор ва дасти ӯро бигир, зеро ман аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меорам».+
19 Худо чашмони Ҳоҷарро кушод ва ӯ чоҳи обро дид. Ӯ рафта, машкро аз об пур кард ва ба писараш дод, то бинӯшад.
20 Худо бо писар+ буд ва ӯ калон шуда, дар биёбон зиндагӣ мекарду бо гузашти вақт камонвар шуд.
21 Ӯ дар биёбони Форон+ зиндагӣ мекард ва модараш ба вай аз замини Миср зан гирифт.
22 Дар он замон Абималик бо сарлашкари худ Фикӯл ба Иброҳим гуфт: «Дар ҳар коре, ки ту мекунӣ, Худо бо туст.+
23 Пас, дар пеши Худо ба ман қасам хӯр, ки ту маро, фарзандонам ва фарзандони фарзандонамро фиреб намедиҳӣ ва, чи тавре ки ман ба ту меҳру вафо нишон дода будам, ту низ ба ман ва сокинони замине, ки дар он зиндагӣ мекунӣ, меҳру вафо нишон медиҳӣ».+
24 Иброҳим гуфт: «Қасам мехӯрам».
25 Аммо Иброҳим ба Абималик дар бораи чоҳе, ки хизматгорони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд, норозигӣ баён кард.+
26 Абималик дар ҷавоб гуфт: «Ман намедонам, ки ин корро кӣ кард, ту ба ман дар ин бора чизе нагуфта будӣ ва ман то имрӯз чизе намедонистам».
27 Он гоҳ Иброҳим ба Абималик гӯсфандон ва говон дод ва ҳар ду аҳд бастанд.
28 Иброҳим ҳафт барраи модаро аз рама ҷудо карда, як сӯ гузошт
29 ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Барои чӣ ин ҳафт барраро як сӯ гузоштӣ?»
30 Иброҳим дар ҷавоб гуфт: «Ин барраҳои модаро ҳамчун шаҳодати он ки ин чоҳҳоро ман кандаам, аз дастам қабул кун».
31 Барои ҳамин ӯ он ҷоро Баир-Шобаъ*+ номид, зеро ҳар дуи онҳо дар он ҷо қасам ёд карданд.
32 Онҳо дар Баир-Шобаъ аҳд бастанд+ ва Абималик ҳамроҳи сарлашкараш Фикӯл бархоста, аз он ҷо ба замини фалиштиён+ баргашт.
33 Пас аз ин Иброҳим дар Баир-Шобаъ дарахти газ* шинонд ва дар он ҷо номи Яҳува, Худои абадиро,+ хонд.+
34 Иброҳим дар замини фалиштиён рӯзҳои зиёд зиндагӣ кард*.+
Поварақҳо
^ Ё, эҳтимол, «ба ман механдад».
^ Машк — халтае аз пӯсти ҳайвон, ки дар он об, шароб ва ғ. нигоҳ медоранд.
^ Дар матни асл «партофт».
^ Ё «ба масофаи тиррас». Яъне ба масофае, ки тир рафта, ба нишон мерасад.
^ Эҳтимол, маънояш «чоҳи қасам; чоҳи ҳафт».
^ Дарахти газ — дарахти ҳамешасабзе, ки баргҳои хеле хурд ва гулҳои гулобӣ ё сафед дорад.
^ Ё «мусофир буд».