1 Мӯсо 30:1-43

  • Билҳо Дон ва Нафтолиро ба дунё меорад (1–8)

  • Зилфо Ҷод ва Ошерро ба дунё меорад (9–13)

  • Леё Иссокор ва Забулунро ба дунё меорад (14–21)

  • Роҳел Юсуфро таваллуд мекунад (22–24)

  • Рамаи Яъқуб зиёд мешавад (25–43)

30  Вақте Роҳел дид, ки барои Яъқуб кӯдак таваллуд накард, ба апааш ҳасад бурд ва ба Яъқуб гуфт: «Ба ман фарзанд деҳ, агар надиҳӣ, мемирам».  Яъқуб аз Роҳел дарғазаб шуда, гуфт: «Магар ман Худоям, ки туро нозой кардааст*  Ӯ гуфт: «Ана канизи ман Билҳо,+ бо ӯ бихоб, то ки ӯ барои ман фарзанд ба дунё орад* ва ба воситаи ӯ ман ҳам фарзанддор шавам».  Баъд ӯ канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод ва Яъқуб бо ӯ хобид.+  Билҳо ҳомила шуд ва барои Яъқуб писаре зоид.  Роҳел гуфт: «Худо довари ман шуд, ӯ ба доди ман расид ва ба ман писаре дод». Барои ҳамин номи ӯро Дон*+ монд.  Билҳо, канизи Роҳел, боз ҳомиладор шуд ва барои Яъқуб писари дигаре зоид.  Он гоҳ Роҳел гуфт: «Бо тамоми қувват бо апаам талош кардам ва ғолиб омадам». Барои ҳамин номи ӯро Нафтолӣ*+ монд.  Вақте Леё дид, ки аз зоидан бозмондааст, канизи худ Зилфоро ба Яъқуб ба занӣ дод.+ 10  Канизи Леё, Зилфо, барои Яъқуб писаре зоид. 11  Леё гуфт: «Бахтам омад кард!» Барои ҳамин номи ӯро Ҷод*+ монд. 12  Баъди ин Зилфо, канизи Леё, барои Яъқуб писари дигаре зоид. 13  Леё гуфт: «Чӣ хушбахтӣ! Акнун занон маро хушбахт меноманд».+ Аз ин рӯ вай номи ӯро Ошер*+ монд. 14  Дар мавсими гандумдаравӣ Реубен+ дар саҳро меҳргиёҳ ёфт ва онро ба модараш Леё овард. Он гоҳ Роҳел ба Леё гуфт: «Илтимос, аз ҳамон меҳргиёҳҳои писарат камтар ба ман бидеҳ». 15  Лекин Леё гуфт: «Шавҳарамро гирифтанат кам буд,+ ки боз меҳргиёҳҳои писарамро мегирӣ?!» Роҳел гуфт: «Майлаш. Меҳргиёҳҳои писаратро ба ман деҳу бигзор имшаб ӯ бо ту хобад». 16  Вақте бегоҳӣ Яъқуб аз саҳро баргашт, Леё ба пешвозаш баромада, гуфт: «Имшаб ту бо ман мехобӣ, чунки музди туро бо меҳргиёҳҳои писарам адо кардам». Барои ҳамин Яъқуб он шаб бо вай хобид. 17  Худо дуои Леёро шунид ва ӯ ҳомила шуда, барои Яъқуб писари панҷумро таваллуд кард. 18  Он гоҳ Леё гуфт: «Худо музди маро дод, чунки канизамро ба шавҳарам додам». Аз ин рӯ вай номи писарашро Иссокор*+ монд. 19  Баъд аз ин Леё бори дигар ҳомила шуд ва барои Яъқуб писари шашумро таваллуд кард.+ 20  Он гоҳ Леё гуфт: «Худо ба ман ҳадияи хубе дод. Акнун шавҳарам маро тоқат мекунад,+ зеро барояш шаш писар таваллуд кардам».+ Бо ин суханон ӯ писарашро Забулун*+ номид. 21  Баъд аз ин вай духтаре зоид ва номашро Дино+ гузошт. 22  Оқибат, Худо ба Роҳел назар кард ва Худо ба доди вай расиду ба вай фарзанд ато кард*.+ 23  Ӯ ҳомила шуда, писаре зоид. Он гоҳ ӯ гуфт: «Худо маро аз бадномиву шармандагӣ пок кард!»+ 24  Ӯ номи писарашро Юсуф*+ монд ва гуфт: «Яҳува ба ман писари дигаре илова кард». 25  Дарҳол баъди он ки Роҳел Юсуфро таваллуд кард, Яъқуб ба Лобон гуфт: «Иҷозат деҳ, ки ман ба макони худ ва ба замини худ баргардам.+ 26  Занон ва фарзандони маро, ки барояшон ба ту кор кардам, ба ман бидеҳ, то биравем, зеро ту нағз медонӣ, ки чӣ тавр ман ба ту хизмат кардам».+ 27  Он гоҳ Лобон ба ӯ гуфт: «Агар дар назари ту писанд омада бошам, дар ин ҷо бимон, чунки аз рӯйи аломатҳо мебинам, ки Яҳува ба хотири ту маро баракат дода истодааст». 28  Сипас ӯ илова кард: «Музди меҳнати худро бигӯй ва ман онро ба ту медиҳам».+ 29  Яъқуб дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ту медонӣ, ки чӣ тавр ба ту хизмат кардам ва чӣ гуна чорвои туро нигоҳубин менамудам.+ 30  Пеш аз омадани ман чорвои ту кам буд, ҳоло бошад, чорвоят зиёду сершумор аст, чунки баъди омадани ман Яҳува туро баракат дод. Аммо хонаи худамро кай обод мекунам?»+ 31  Он гоҳ Лобон гуфт: «Ба ту чӣ диҳам?» Яъқуб гуфт: «Ба ман ҳеҷ чиз надеҳ. Фақат ба як шартам розӣ шав ва ман аз нав рамаи туро чӯпонӣ ва посбонӣ мекунам:+ 32  имрӯз дар миёни рамаат гардиш мекунам. Ҳар гӯсфанди алобуло ва хол-холро, ҳар қӯчқори ҷавони сурхро ва ҳар модабузи хол-хол ва алобулоро ҷудо кун. Аз имрӯз иборатан бигзор ин музди ман шавад.+ 33  Ҳар боре ки барои дидани музди ман биёӣ, ту хоҳӣ дид, ки ман аз рӯйи инсоф амал кардаам. Агар дар байни бузҳои ман ҳатто як бузе ёфт шавад, ки холдор ё алобуло набошад ва ё дар байни қӯчқорҳоям қӯчқоре ёфт шавад, ки сурх набошад, он моли дуздӣ ҳисобида шавад». 34  Лобон гуфт: «Майлаш, бигзор гуфти ту шавад».+ 35  Дар он рӯз Лобон ҳамаи нарбузҳои рах-раху хол-хол ва модабузҳои алобулову хол-холро, ки доғи сафед доштанд, ва ҳар як қӯчқори сурхро гирифта, барои чӯпонӣ ба дасти писаронаш дод. 36  Баъд аз ин Лобон дар миёни Яъқуб ва худаш масофаи серӯзаро муқаррар намуд ва Яъқуб боқии рамаи Лобонро чӯпонӣ кардан гирифт. 37  Яъқуб навдаҳои тару тозаи майъа*, бодом ва чинорро гирифта, бар онҳо хатҳои сафед бурид ва сафедии чӯб намоён шуд. 38  Он навдаҳои пӯстбуридаро рӯ ба рӯйи рама, дар тосҳои обхӯрие, ки чорво барои нӯшидан он ҷо меомад, гузошт. Ӯ мехост, ки онҳо ҳангоми барои обхӯрӣ омадан ва бо якдигар омезиш ёфтанашон ба ин навдаҳо нигоҳ кунанд. 39  Бузу гӯсфанд дар назди навдаҳо омезиш меёфтанд ва чорпоёни рах-рах, алобуло ва хол-хол мезоиданд. 40  Яъқуб қӯчқорҳоро ҷудо мекард ва рӯйи рамаи Лобонро сӯйи тамоми чорвои рах-рах ва сурх мегардонд. Баъд ӯ рамаи худро ҷудо кард ва аз рамаи Лобон алоҳида нигоҳ медошт. 41  Ҳар боре ки чорвои бақувват омезиш меёфт, Яъқуб дар пеши тос, дар назди чорво навдаҳоро мегузошт, то онҳо дар назди навдаҳо омезиш ёбанд. 42  Аммо, вақте чорвои беҷону заиф омезиш меёфт, Яъқуб навдаҳоро намегузошт. Ҳамин тавр чорвои заифу беҷон аз они Лобон мешуду чорвои бақувват аз они Яъқуб.+ 43  Яъқуб хеле бою сарватманд шуд ва соҳиби чорвои бисёр, ғуломону канизон ва шутурону харони зиёде гашт.+

Поварақҳо

Ё «самари батнатро аз ту боздоштааст».
Дар матни асл «бар зонуи ман бизояд».
Маънояш «довар».
Маънояш «талошҳои ман».
Маънояш «бахт».
Маънояш «хушбахт; хушбахтӣ».
Маънояш «ӯ музд аст».
Маънояш «тоқат».
Дар матни асл «батнашро кушод».
Шакли кӯтоҳи номи Юсифё, ки маънояш чунин аст: «Ёҳ зиёда гардонад».
Ё «астарак».