1 Мӯсо 37:1-36

  • Хобҳои Юсуф (1–11)

  • Бародаронаш ба Юсуф ҳасад мебаранд (12–24)

  • Юсуфро ба ғуломӣ мефурӯшанд (25–36)

37  Яъқуб дар замини Канъон, ки падараш он ҷо ғарибу мусофир буд,+ зиндагӣ мекард.  Ин аст таърихи Яъқуб. Вақте Юсуф+ ҷавони 17-сола буд, бо писарони Билҳо+ ва Зилфо,+ занони падараш, рамаи падарашро мечаронд+ ва боре дар бораи корҳои бади бародаронаш ба падарашон хабар дод.  Исроил Юсуфро аз ҳамаи писарони+ дигараш бисёртар дӯст медошт, чунки ӯ дар пиронсолиаш таваллуд шуда буд, ва барояш ҷомаи зебое дӯзонд.  Вақте бародаронаш диданд, ки падарашон Юсуфро аз ҳамаи онҳо зиёдтар дӯст медорад, ӯро бад диданд ва дигар наметавонистанд бо ӯ оромона гап зананд.  Чанде пас Юсуф хобе дид ва онро ба бародаронаш нақл кард+ ва онҳо барои ин ӯро аз пештара бештар бад диданд.  Ӯ ба онҳо гуфт: «Хоҳиш мекунам, хоберо, ки ман дидам, бишнавед.  Мо дар байни саҳро ғалларо банд-банд мекардем ки, банди* ман хеста рост истод ва бандҳои шумо банди маро гирд карданду ба он таъзим намуданд».+  Он гоҳ бародаронаш ба вай гуфтанд: «Боз ту подшоҳи мо шуда бар мо ҳукмфармоӣ карданӣ ҳастӣ?!»+ Онҳо барои хобҳо ва суханонаш ӯро боз ҳам бештар бад диданд.  Пас аз ин ӯ хоби дигаре дид ва онро низ ба бародаронаш нақл карда гуфт: «Ман хоби дигаре дидам. Дар хоб дидам, ки офтобу моҳ ва 11 ситора ба ман таъзим мекунанд».+ 10  Баъдтар ӯ дар пеши бародаронаш хобашро ба падараш ҳам нақл кард. Аммо падараш ӯро сарзаниш карда гуфт: «Ин чӣ хобест, ки дидаӣ? Наход ману модарат ва бародаронат омада, то ба замин ба ту таъзим кунем?» 11  Бародаронаш ба ӯ ҳасад бурданд,+ аммо падараш суханони ӯро дар хотир гирифт. 12  Рӯзе бародаронаш барои чаронидани чорвои падарашон ба наздикиҳои Шакем+ рафтанд. 13  Чанде пас Исроил ба Юсуф гуфт: «Бародаронат дар наздикиҳои Шакем чорво мечаронанд. Назди онҳо бирав». Юсуф гуфт: «Хуб шудааст, падар!» 14  Падараш ба ӯ гуфт: «Аз ҳолу аҳволи бародаронат ва чорво хабар гир ва омада, ба ман бигӯ». Сипас Яъқуб Юсуфро фиристод ва ӯ аз водии Ҳебрӯн+ сӯйи Шакем равона шуд. 15  Марде ӯро дар саҳро саргардон дида пурсид: «Ту дар ин ҷо чӣ мекобӣ?» 16  Ӯ гуфт: «Ман бародаронамро мекобам. Оё медонӣ онҳо дар куҷо чорво мечаронанд?» 17  Он мард гуфт: «Онҳо аз ин ҷо рафтанд, чунки ман шунидам, ки байни худ мегуфтанд: “Биёед ба Дӯтон равем”». Инро шунида Юсуф аз қафои бародаронаш рафт ва онҳоро дар Дӯтон ёфт. 18  Бародаронаш Юсуфро аз дурӣ диданд ва, пеш аз он ки ба онҳо наздик шавад, қасд карданд, ки ӯро мекушанд. 19  Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Ана, хоббини бузург омада истодааст!+ 20  Биёед ӯро кушему ҷасадашро ба чоҳ партоем ва гӯем, ки ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст. Ана баъд мебинем, ки бо хобҳояш чӣ мешавад». 21  Вақте Реубен+ ин суханонро шунид, ӯро аз дасти бародаронаш халос карданӣ шуда гуфт: «Биёед ӯро накушем».+ 22  Реубен ба онҳо гуфт: «Хуни ӯро нарезед.+ Ӯро дар биёбон ба ин чоҳ партоед, фақат ки ба ӯ даст дароз накунед».+ Ӯ мехост Юсуфро аз дасти бародаронаш халос карда, ба падараш баргардонад. 23  Ҳамин ки Юсуф назди бародаронаш омад, онҳо ҷомаи зебои ӯро+ аз танаш кашида гирифтанд 24  ва худашро ба чоҳи об партофтанд. Он вақт чоҳ холӣ буд ва обе надошт. 25  Онҳо барои хӯрок хӯрдан нишастанд ва чашми худро бардошта, диданд, ки аз Ҷилъод корвони исмоилиён+ омада истодааст. Онҳо ба Миср равона буданд ва бар шутуронашон лодан*, шилми хушбӯ ва пӯстлохи шилмдор мебурданд.+ 26  Он гоҳ Яҳудо ба бародаронаш гуфт: «Агар бародарамонро кушта инро пинҳон кунем, аз ин ба мо чӣ фоида?+ 27  Биёед ӯро ба исмоилиён фурӯшем,+ вале ба сари ӯ даст набардорем. Охир, ӯ бародари ҳамхуни мост». Бародаронаш ба сухани ӯ гӯш доданд 28  ва, вақте савдогарони мидёнӣ+ аз он ҷо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ бароварда, ба нархи 20 сиқл нуқра ба исмоилиён фурӯхтанд+ ва онҳо ӯро ба Миср бурданд. 29  Баъдтар, вақте Реубен назди чоҳи об баргашт ва дид, ки Юсуф он ҷо нест, либоси худро чок зад. 30  Ӯ назди бародарони худ баргашта, фарёд зад: «Бача нест! Акнун ман чӣ кор кунам?» 31  Онҳо нарбузеро куштанд ва ҷомаи Юсуфро гирифта, ба хуни он олуда карданд. 32  Сипас онҳо ҷомаи зебои ӯро гирифта, ба падарашон фиристоданд ва гуфтанд: «Мо инро ёфтем. Илтимос, бубин, ки ин ҷомаи писари туст ё не».+ 33  Яъқуб ҷомаи Юсуфро шинохта фарёд зад: «Ин ҷомаи писари ман аст! Ҳайвони даррандае Юсуфро пора-пора карда, хӯрдааст!» 34  Он гоҳ Яъқуб либоси худро чок зада, ба миёнаш палос* печонд ва барои писараш рӯзҳои зиёде мотам гирифт. 35  Ҳамаи писарону духтаронаш мехостанд ӯро тасаллӣ бахшанд, лекин ӯ ором шудан намехост. Ӯ мегуфт: «Ман бо ғами писарам ба гӯр*+ меравам!», ва барои вай беист гиряву нола мекард. 36  Мидёниён бошанд, Юсуфро дар Миср ба Фӯтифар ном ходими дарбори фиръавн,+ ки сардори посбонони+ фиръавн буд, фурӯхтанд.

Поварақҳо

Ё «дарзаи».
Лодан — хокаи қиматбаҳое, ки ҳангоми сӯзонидан бӯйи хуш мебарорад. Ниг. ба луғат.
Палос — ниг. ба луғат.
Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».