1 Мӯсо 42:1-38

  • Бародарони Юсуф ба Миср мераванд (1–4)

  • Юсуф бародаронашро вомехӯрад ва онҳоро месанҷад (5–25)

  • Бародарони Юсуф ба пеши Яъқуб бармегарданд (26–38)

42  Вақте Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ҳаст,+ ба писарони худ гуфт: «Чаро ба якдигар нигоҳ карда нишастаед?»  Ӯ боз чунин гуфт: «Шунидам, ки дар замини Миср ғалла ҳаст. Ба он ҷо рафта, бароямон каме ғалла бихаред, то аз гуруснагӣ намирем».+  Даҳ бародари Юсуф+ ба Миср рафтанд, то аз он ҷо ғалла харанд.  Аммо Яъқуб Бинёмин, бародари Юсуфро, ҳамроҳашон нафиристод,+ зеро чунин гуфт: «Мабодо фалокате ба сараш ояду бимирад».+  Писарони Исроил ҳамроҳи дигарон барои харидани ғалла рафтанд, чунки қаҳтӣ ба замини Канъон низ омада буд.+  Юсуф дар сарзамини Миср шахси соҳибқудрат буд+ ва ба мардуми тамоми замин ғалла мефурӯхт.+ Бародарони Юсуф назди ӯ омада, то ба замин таъзим карданд.+  Вақте Юсуф бародаронашро дид, дарҳол онҳоро шинохт, аммо кӣ буданашро ба онҳо маълум накард.+ Ӯ бо онҳо сахт гап зада гуфт: «Шумо аз куҷо омадед?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Аз замини Канъон барои харидани хӯрок омадем».+  Юсуф бародаронашро шинохт, аммо онҳо ӯро нашинохтанд.  Юсуф хобҳоеро, ки дар бораи онҳо дида буд, ба хотир овард+ ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамаатон ҷосусед! Шумо барои дидани ҷойҳои сусти мамлакати мо омадед!» 10  Аммо онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Не, хоҷаамон! Ғуломонат барои харидани хӯрок омадаанд. 11  Мо ҳамаамон писарони як мард ҳастем. Мо одамони росткорем. Ғуломонат ҷосус нестанд». 12  Аммо ӯ ба онҳо гуфт: «Не, шумо барои дидани ҷойҳои сусти мамлакати мо омадед!» 13  Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ғуломонат 12 бародаранд.+ Мо писарони як падарем,+ ки дар замини Канъон зиндагӣ мекунад. Бародари хурдӣ бо падарамон аст,+ бародари дигарӣ бошад, дигар бо мо нест».+ 14  Аммо Юсуф ба онҳо гуфт: «Не, гапи ман рост аст — ҳамаи шумо ҷосусед! 15  Ман шуморо имтиҳон карда мебинам, ки оё гапатон рост аст ё дурӯғ. Ба ҳаёти фиръавн қасам ки, то бародари хурдиятон наояд, шуморо аз ин ҷо раҳо намекунам.+ 16  Якеатонро бифиристед, то ӯ бародари хурдиатонро биёрад, аммо дигаронатон асир мемонед. Ҳамин тавр рост ё дурӯғ будани гапатон маълум мешавад. Агар гапатон рост набарояд, ба ҳаёти фиръавн қасам мехӯрам, ки шумо ҷосусед». 17  Баъд аз ин ӯ онҳоро ба муддати се рӯз ба ҳабс гирифт. 18  Юсуф ба онҳо дар рӯзи сеюм гуфт: «Агар ба гуфти ман кунед, зинда мемонед. Ман одами худотарсам. 19  Агар одамони росткор бошед, бигзор яке аз шумо, дар ҷое ки зиндонӣ шудаед, асир бимонад. Дигаронатон ба аҳли хонаводаатон ғалла баред, то онҳо аз гуруснагӣ намиранд.+ 20  Баъд бародари хурдиатонро биёред, то гапатон рост барояд ва шумо намиред». Онҳо ҳамин тавр карданд. 21  Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Бешак, моро барои гуноҳе, ки дар ҳаққи бародарамон кардем, ҷазо медиҳанд.+ Мо азобу ғами ӯро дидем ва, вақте ӯ зориву илтимос кард, ки ба вай раҳм кунем, гапашро гӯш накардем. Ана барои ҳамин ин бадбахтӣ ба сари мо омадааст». 22  Он гоҳ Реубен ба онҳо гуфт: «Магар ба шумо нагуфта будам: “Дар ҳаққи бача гуноҳ накунеду ба вай зарар нарасонед!”? Аммо шумо ба гапи ман гӯш надодед.+ Акнун хуни ӯ аз мо талаб карда мешавад».+ 23  Аммо онҳо намедонистанд, ки Юсуф гапашонро мефаҳмад, зеро дар миёни онҳо тарҷумон буд. 24  Юсуф аз пеши онҳо рафта, гиря кард.+ Баъд ӯ баргашта, бо онҳо гуфтугӯ кард ва Шимъӯнро гирифта, дар пеши назарашон бандӣ кард.+ 25  Юсуф фармуд, ки халтаҳояшонро аз ғалла пур кунанд, пули ҳар яки онҳоро ба ҷуволҳояшон баргардонанд ва ба онҳо тӯшаи роҳ диҳанд. Фармони Юсуф ба ҷо оварда шуд. 26  Сипас бародарони Юсуф ғалларо ба харҳо бор карданд ва аз он ҷо рафтанд. 27  Яке аз онҳо дар корвонсарой ҷуволи худро кушод, то ба хараш хӯрок диҳад ва дид, ки пулаш дар халтааш аст. 28  Ӯ ба бародаронаш гуфт: «Пули маро баргардонданд ва он дар халтаам аст!» Он гоҳ дилашон таҳ кашид* ва ба тарсу ларз омада, ба якдигар гуфтанд: «Ин чӣ балоест, ки Худо ба сари мо овард?!» 29  Вақте онҳо назди падарашон Яъқуб ба замини Канъон омаданд, ба ӯ ҳар он чиро, ки ба сарашон омада буд, нақл карда гуфтанд: 30  «Ҳокими он замин бо мо сахт гап зад+ ва моро айбдор карда гуфт, ки мо барои ҷосусӣ кардани мамлакаташон омадаем. 31  Аммо мо ба вай гуфтем: “Мо одамони росткорем. Мо ҷосус нестем.+ 32  Мо 12 бародарем+ ва ҳамаамон як падар дорем. Якеамон нест,+ хурдӣ бошад, бо падарамон дар замини Канъон аст”.+ 33  Аммо ҳокими он замин ба мо гуфт: “Рост будани гапатон ин тавр маълум мешавад: яке аз бародаронатон бо ман бимонад,+ дигарон бошанд, барои аҳли хонаводаи худ ғалла баред, то онҳо аз гуруснагӣ намиранд.+ 34  Рафта, бародари хурдиатонро назди ман биёред, то ман бидонам, ки шумо ҷосус неву одамони росткоред. Он гоҳ ман бародаратонро озод мекунам ва шумо аз замини мо ғалла харида метавонед”». 35  Ҳангоме ки онҳо ҷуволҳои худро холӣ мекарданд, диданд, ки халтаи пули ҳар кадомашон дар ҷуволашон аст. Вақте онҳо ва падарашон пулҳоро диданд, тарсиданд. 36  Он гоҳ падарашон Яъқуб фарёд зад: «Шумо маро аз фарзандонам маҳрум кардед!+ Юсуф дигар нест,+ Шимъӯн ҳам нест+ ва акнун шумо мехоҳед Бинёминро ҳам бибаред! Вой дод! Чӣ бадбахтиҳое бар сарам омаданд!» 37  Реубен ба падараш гуфт: «Агар ман ӯро ба ту барнагардонам, ду писари маро бикуш.+ Ӯро ба дасти ман бидеҳ ва ман ӯро ба ту соқу саломат бармегардонам».+ 38  Аммо Яъқуб гуфт: «Писарам бо шумо намеравад, чунки бародараш мурдааст ва ӯ яккаву танҳост.+ Агар дар роҳ фалокате рӯй диҳаду ӯ бимирад, шумо мани мӯйсафедро бо ғаму андуҳ+ зиндабагӯр+ мекунед».

Поварақҳо

Ё «ба воҳима афтоданд».