1 Мӯсо 46:1-34
46 Исроил бо тамоми аҳли оила ва чизу чорааш ба сафар баромад. Вақте ӯ ба Баир-Шобаъ+ расид, ба Худои падараш Исҳоқ+ қурбониҳо овард.
2 Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил намудор шуда, гуфт: «Яъқуб, Яъқуб!» Ӯ ҷавоб дод: «Лаббай!»
3 Худо гуфт: «Ман Худо ҳастам, Худои падарат.+ Аз рафтан ба Миср натарс, зеро ман дар он ҷо аз ту халқи бузурге ба вуҷуд меорам.+
4 Ман худам бо ту ба Миср меравам ва худам туро аз он ҷо берун меорам+ ва Юсуф бо дастонаш чашмони туро мепӯшонад*».+
5 Баъд аз ин Яъқуб аз Баир-Шобаъ рафт ва писарони Исроил падарашон Яъқубро бо фарзандону занонашон дар аробаҳое, ки фиръавн барояш фиристода буд, оварданд.
6 Яъқуб ва тамоми насли ӯ ҳама чорво ва чизу чораашонро, ки дар Канъон ҷамъ оварда буданд, бо худ гирифта, ба Миср омаданд.
7 Тамоми насли Яъқуб бо вай ба Миср омаданд: писарон, духтарон ва наберагонаш.
8 Ин аст номҳои писарони Исроил, яъне Яъқуб, ки ҳамроҳи ӯ ба Миср омаданд:+ писари калонии Яъқуб — Реубен.+
9 Писарони Реубен: Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.+
10 Писарони Шимъӯн:+ Ямуил, Ямин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул,+ ки писари зани канъонӣ буд.
11 Писарони Левӣ:+ Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.+
12 Писарони Яҳудо:+ Эр, Ӯнон, Шолаҳ,+ Форас+ ва Зораҳ.+ Аммо Эр ва Ӯнон дар замини Канъон+ мурда буданд.
Писарони Форас: Ҳесрӯн ва Ҳомул.+
13 Писарони Иссокор: Тӯлоъ, Фувво, Юб ва Шимрӯн.+
14 Писарони Забулун:+ Сорад, Элӯн ва Яҳлаил.+
15 Ҳамаи инҳо писарони Леё буданд, ки ӯ барои Яъқуб дар Фаддони Арам ба дунё оварда буд. Ӯ духтараш Диноро+ низ дар он ҷо таваллуд карда буд. Ҳама писарону духтарони Яъқуб 33 нафар буданд.
16 Писарони Ҷод:+ Сифйӯн, Ҳаҷҷӣ, Шунӣ, Эсбӯн, Эрӣ, Арӯд ва Ареил.+
17 Фарзандони Ошер:+ писаронаш Имно, Ишво, Ишвӣ, Барио ва духтараш Сораҳ.
Писарони Барио: Ҳабар ва Малкиил.+
18 Инҳо ҳама писарони Зилфо+ буданд, ки ӯро Лобон ба хизмати духтараш Леё супурда буд. Ӯ ҳамагӣ 16 нафарро барои Яъқуб ба дунё овард.
19 Писарони Роҳели зани Яъқуб: Юсуф+ ва Бинёмин.+
20 Оснат,+ духтари Фӯтифараи коҳини Ӯн* барои Юсуф дар замини Миср Менашше+ ва Эфроимро+ ба дунё овард.
21 Писарони Бинёмин:+ Балаъ, Бакар, Ашбел, Ҷеро,+ Наамон, Эҳӣ, Рӯш, Муфим, Ҳуфим+ ва Ард.+
22 Инҳо ҳама писарони Роҳел буданд, ки ӯ барои Яъқуб ба дунё оварда буд: ҳамагӣ 14 нафар.
23 Писари Дон+ Ҳушим буд.
24 Писарони Нафтолӣ:+ Яҳсаил, Ҷунӣ, Есар ва Шилем.+
25 Ин ҳама писарони Билҳо буданд, ки ӯро Лобон ба хизмати духтараш Роҳел дода буд. Ӯ барои Яъқуб ҳамагӣ ҳафт нафарро ба дунё овард.
26 Ҳамаи онҳое, ки аз Яъқуб ба дунё омаданду ҳамроҳаш ба Миср рафтанд, ғайр аз келинҳои ӯ, 66 нафар буданд.+
27 Дар Миср Юсуф соҳиби ду писар шуд. Тамоми аҳли хонаводаи Яъқуб, ки ба Миср омаданд, 70 нафар буданд.+
28 Яъқуб Яҳудоро+ пешопеш фиристод, то ба Юсуф хабар диҳад, ки ӯ роҳи Ҷӯшанро пеш гирифтааст. Вақте онҳо ба замини Ҷӯшан+ расиданд,
29 Юсуф аробаашро тайёр карда, ба пешвози падараш Исроил ба Ҷӯшан рафт. Чун падарашро дид, бар гарданаш овезон шуда, дурудароз гиря кард.
30 Он гоҳ Исроил ба Юсуф гуфт: «Акнун ман метавонам бимирам, чунки рӯйи туро дидам ва медонам, ки зиндаву саломатӣ».
31 Юсуф ба бародарон ва аҳли хонаводаи падараш гуфт: «Ман меравам ва ба фиръавн+ хабар дода мегӯям: “Бародарон ва хонаводаи падарам аз замини Канъон назди ман омаданд.+
32 Он мардон чӯпононанд+ ва чорво+ мепарваранд. Онҳо гову мол ва тамоми чизу чораашонро бо худ овардаанд”.+
33 Вақте фиръавн шуморо назди худ даъват карда, пурсад: “Касбу коратон чист?”,
34 шумо бигӯед: “Ғуломонат аз ҷавонӣ то имрӯз бо чорводорӣ машғул буданд, касби мо ва бобоёнамон чунин аст”,+ то ки шумо дар замини Ҷӯшан+ зиндагӣ карда тавонед, зеро мисриён+ аз рамабонон нафрат доранд».