1 Мӯсо 48:1-22

  • Яъқуб ду писари Юсуфро дуои нек мекунад (1–12)

  • Эфроим соҳиби баракати бештар мешавад (13–22)

48  Баъди якчанд вақт ба Юсуф гуфтанд: «Падарат беҳол аст». Ӯ ду писараш Менашше ва Эфроимро бо худ гирифт ва ба назди Яъқуб рафт.+  Ба Яъқуб гуфтанд: «Писарат Юсуф пеши ту меояд». Он гоҳ Исроил тамоми қувваташро ҷамъ кард ва ба бистараш нишаст.  Сипас Яъқуб ба Юсуф гуфт: «Худои Тавоно* дар Луз, дар замини Канъон, ба ман намудор шуд ва маро баракат дода,+  гуфт: “Ман туро серфарзанд ва сершумор мегардонам ва аз ту ҷамъи халқҳо пайдо мешаванд+ ва ин заминро ба таври доимӣ ба насли ту медиҳам”.+  Ин ду писарат, ки пеш аз омадани ман дар замини Миср ба ту зоида шудаанд, аз они ман ҳастанд:+ Эфроим ва Менашше мисли Реубен ва Шимъӯн аз они ман мешаванд.+  Лекин фарзандоне, ки баъди онҳо ба дунё меоянд, аз они ту мешаванд. Онҳо аз замини меросии бародаронашон ҳиссаеро соҳиб мегарданд.+  Вақте ман аз Фаддон меомадам, модарат Роҳел мурд.+ Он вақт мо ҳанӯз дар замини Канъон будем ва барои ба Эфрот+ расидан роҳи зиёде монда буд. Аз ин рӯ ман ӯро дар сари роҳи Эфрот, яъне дар Байт-Лаҳм,+ гӯронидам».  Баъд Исроил писарони Юсуфро дид ва гуфт: «Инҳо кистанд?»  Юсуф ба падараш гуфт: «Инҳо писарони мананд, ки Худо дар ин ҷо ба ман ато кардааст».+ Яъқуб гуфт: «Хоҳиш мекунам, онҳоро назди ман биёр, то ман онҳоро дуои нек кунам».+ 10  Чашмони Исроил аз пирӣ хира шуда буданд ва ӯ дида наметавонист. Барои ҳамин Юсуф писаронашро пеши падараш овард ва ӯ онҳоро бӯсида, ба оғӯш гирифт. 11  Исроил ба Юсуф гуфт: «Ҳеҷ гоҳ умед надоштам, ки боз рӯйи туро мебинам,+ лекин ҳоло Худо наслатро низ ба ман нишон дод». 12  Сипас Юсуф онҳоро аз сари зонуи Исроил гирифт ва то ба замин ба ӯ таъзим кард. 13  Баъд аз ин Юсуф ҳар дуи онҳоро гирифт: Эфроимро+ ба дасти рости худ, яъне аз тарафи дасти чапи Исроил, ва Менашшеро+ ба дасти чапи худ, яъне аз тарафи дасти рости Исроил, ва онҳоро назди падараш овард. 14  Лекин Исроил дасти рости худро дароз карда, ба сари Эфроим, ки хурдӣ буд, гузошт. Дасти чапашро бошад, ба сари Менашше гузошт. Ӯ қасдан дастҳояшро ин хел монд, ҳарчанд Менашше калонӣ буд.+ 15  Баъд ӯ Юсуфро дуои нек карда гуфт:+ «Бигзор Худое, ки падаронам Иброҳим ва Исҳоқ пеши ӯ роҳ мерафтанд,+Он Худое, ки маро аз аввали ҳаётам то ба имрӯз нигаҳбонӣ мекард,+ 16  Ва фариштае, ки маро аз ҳар бало халос мекард,+ ин писарбачаҳоро баракат диҳад.+ Бигзор онҳо бо номи ман ва бо номи падаронам Иброҳиму Исҳоқ хонда шаванд. Бигзор наслашон дар рӯйи замин зиёд ва сершумор гардад».+ 17  Вақте Юсуф дид, ки падараш дасти рости худро ба сари Эфроим гузоштааст, ин ба ӯ маъқул нашуд. Барои ҳамин ӯ дасти падарашро гирифт, то аз сари Эфроим ба сари Менашше гузорад. 18  Юсуф ба падараш гуфт: «Ин хел не, падар, чунки калонӣ ин аст.+ Дасти ростатро ба сари ӯ бимон». 19  Лекин падараш розӣ нашуд ва гуфт: «Медонам, писарам, медонам. Аз ӯ низ халқе ба вуҷуд меояд ва ӯ ҳам бузург мешавад. Лекин хурдӣ аз ӯ бузургтар мегардад+ ва насли ӯ ба халқҳои зиёде баробар мешавад».+ 20  Он рӯз ӯ онҳоро боз дуои нек кард+ ва гуфт: «Бигзор халқи Исроил, вақте касеро дуои нек мекунанд, номи туро* ба забон оранд ва чунин гӯянд: ”Бигзор Худо туро мисли Эфроиму Менашше гардонад”». Ҳамин хел ӯ Эфроимро пеш аз Менашше гузошт. 21  Баъд Исроил ба Юсуф гуфт: «Инак, ман мемирам,+ лекин Худо бо шумо хоҳад буд ва шуморо ба замини бобоёнатон хоҳад баргардонд.+ 22  Ман ба ту назар ба бародаронат як қитъа зиёд замин медиҳам, заминеро, ки аз дасти амӯриён бо шамшер ва камони худ гирифтаам».

Поварақҳо

Ё «Абарқудрат».
Шояд, «ту» гуфта, Юсуф дар назар аст, ки намояндаи ҳар ду писараш буд.