1 Подшоҳон 27:1-12
-
Фалиштиён Сиқлоҷро ба Довуд медиҳанд (1–12)
27 Аммо Довуд аз дилаш гузаронд: «Рӯзе ман аз дасти Шоул ҳалок мешавам. Беҳтараш, ба замини фалиштиён гурезам,+ он гоҳ Шоул ҷустани маро дар тамоми ҳудуди Исроил бас мекунад+ ва ман аз дасти ӯ халос мешавам».
2 Довуд бо 600 нафари ҳамроҳаш бархоста,+ ба назди Окиши+ писари Моӯк, подшоҳи Ҷат, рафт.
3 Довуд ва одамонаш, ҳар яке бо хонаводаи худ, назди Окиш дар Ҷат сокин шуданд. Довуд бо ду занаш буд — бо Аҳинӯами+ изреъилӣ ва Абиҷайли+ кармилие, ки аз Нобол бева монда буд.
4 Вақте ба Шоул хабар доданд, ки Довуд ба Ҷат гурехт, ӯ ҷустуҷӯйи Довудро бас кард.+
5 Баъд аз он Довуд ба Окиш гуфт: «Агар ман дар назари ту писанд афтода бошам, бигзор ба ман дар яке аз шаҳрҳои хурд ҷойи зист диҳанд, зеро беҳтар аст, ки бандаат бо ту дар шаҳри подшоҳнишин зиндагӣ накунад».
6 Окиш дар он рӯз ба ӯ Сиқлоҷро+ дод, барои ҳамин Сиқлоҷ то ба имрӯз аз они подшоҳони Яҳудо аст.
7 Довуд дар он шаҳри фалиштиён як солу чор моҳ зиндагӣ кард.+
8 Довуд бо одамонаш барои тохтутоз кардан ба ҷашуриён,+ ҷизриён ва амолеқиён+ мебаромад. Ин халқҳо дар замине, ки аз Телам то Шур+ ва то сарҳади Миср мебошад, сокин буданд.
9 Вақте ки Довуд ба ин заминҳо ҳамла мекард, ягон мард ва занро зинда намемонд,+ аммо бузу гӯсфандон, говону харон, шутурон ва либосҳоро гирифта, ба назди Окиш бармегашт.
10 Окиш мепурсид: «Шумо имрӯз ба куҷо тохтутоз кардед?» Довуд дар ҷавоб «ба ҷануби* Яҳудо»,+ «ба ҷануби замини ераҳмеилиён»+ ё «ба ҷануби қениён»+ мегуфт.
11 Довуд ягон мард ё занро зинда намемонд ва ба Ҷат намеовард, зеро мегуфт: «Мабодо онҳо дар бораи мо хабар дода гӯянд: “Довуд чунин корҳо кард”». Тамоми он вақте, ки Довуд дар шаҳри хурди замини фалиштиён буд, чунин мекард.
12 Окиш ба Довуд бовар карда, дар дили худ мегуфт: «Бешубҳа, Довуд барои халқаш Исроил нафратовар гаштааст ва ӯ доимо бандаи ман хоҳад буд».
Поварақҳо
^ Ё «ба Негеби».