1 Қӯринтиён 14:1-40

  • Атои пешгӯйӣ ва забонҳои гуногун (1–25)

  • Тартибу низом дар ҷамоати масеҳӣ (26–40)

    • Мавқеи занон дар ҷамоат (34, 35)

14  Дар пайи муҳаббат бошед, вале муштоқу талабгори атоҳои рӯҳонӣ низ бошед, хусусан атои пешгӯйӣ.+  Касе, ки ба забони дигар гап мезанад, на бо одамон, балки бо Худо гап мезанад, зеро, ҳарчанд ӯ ба воситаи рӯҳ сирру асрори муқаддасро мегӯяд,+ касе суханашро намефаҳмад.+  Аммо касе, ки пешгӯйӣ мекунад, дигаронро тасаллӣ медиҳад ва ободу рӯҳбаланд месозад.  Касе, ки ба забони дигар гап мезанад, худро обод мекунад, лекин касе, ки пешгӯйӣ мекунад, аҳли ҷамоатро обод мекунад.  Мехоҳам, ки ҳамаи шумо ба забонҳои дигар гап занед,+ лекин беҳтар аст, ки пешгӯйӣ кунед.+ Дар ҳақиқат, касе, ки пешгӯйӣ мекунад, аз он нафаре, ки ба забони дигар гап мезанад, лекин барои обод кардани ҷамоат суханашро тарҷума* намекунад, бузургтар аст.  Эй бародарон, агар ман назди шумо омада, ба забонҳои дигар гап мезадаму ба шумо паёми илоҳӣ+ ё дониш+ ё пешгӯйӣ ё таълиме намерасондам, аз ин чӣ фоида мегирифтед?  Бо асбобҳои беҷони пурсадо низ, хоҳ най бошад, хоҳ чанг, чунин аст. Агар най ё чанг садои равшан набарорад, чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки чӣ оҳанге менавозанд?  Агар карнай низ садои равшан набарорад, кӣ ба ҷанг тайёр мешавад?  Ба ин монанд, агар шумо сухани норавшане гӯед, одам аз куҷо донад, ки шумо чӣ гуфта истодаед? Шумо ба ҳаво сухан мегӯед. 10  Дар дунё забонҳои гуногун бошанд ҳам, ҳеҷ яке аз онҳо бе маъно нест. 11  Вале, агар ман маънои сухани касеро нафаҳмам, барои ӯ бегонаам ва ӯ низ барои ман бегона аст. 12  Мисли ин, шумо низ, азбаски орзуманди атоҳои рӯҳонӣ ҳастед, кӯшиш кунед атоҳоеро ба фаровонӣ дошта бошед, ки ҷамоатро обод мекунанд.+ 13  Бинобар ин бигзор касе, ки ба забони дигар гап мезанад, дуо гӯяд, ки суханонашро тарҷума* карда тавонад.+ 14  Агар ман ба забони дигаре дуо гӯям, дар асл, на ман, балки атои рӯҳ дуо мегӯяд, вале худам маънои онро намефаҳмам. 15  Пас, чӣ бояд кард? Бо атои рӯҳ дуо мегӯям, вале ҳамчунин тавре дуо мегӯям, ки худам фаҳмида тавонам. Бо атои рӯҳ дар васфи Худо суруд мехонам, вале ҳамчунин тавре суруд мехонам, ки худам маънояшро бифаҳмам. 16  Вале, агар ту бо атои рӯҳ Худоро ҳамду сано гӯӣ, чӣ тавр як одами одие, ки он ҷост, шукргузориятро шунида «омин» гӯяд, охир, ӯ маънои суханони туро намефаҳмад? 17  Бале, шукргузории ту хуб аст, вале каси дигар аз он обод намешавад. 18  Худоро шукр мегӯям, ки аз ҳамаи шумо дида ба забонҳои бештар гап мезанам. 19  Бо вуҷуди ин барои дар миёни ҷамоат таълим додани дигарон беҳтар медонам, ки панҷ калимаи фаҳморо гап занам, назар ба он ки ба забони дигар даҳ ҳазор калима гӯям.+ 20  Эй бародарон, дар фаҳмиш кӯдак набошед.+ Нисбат ба бадӣ кӯдак бошеду+ дар фаҳмиш баркамол.+ 21  Дар Шариат навишта шудааст: «“Ба забони бегонагон ва бо даҳони ғарибон ба ин халқ гап мезанам, лекин ҳатто он вақт низ ба ман гӯш намедиҳанд”,— мегӯяд Яҳува».+ 22  Бинобар ин забони дигар на барои имондорон, балки барои беимонон аломат аст,+ пешгӯйӣ бошад, на барои беимонон, балки барои имондорон аст. 23  Пас, агар тамоми ҷамоат дар як ҷо ҷамъ шуда, ба забони дигар гап зананд ва одамони одӣ ё беимонон оянд, магар намегӯянд, ки шумо аз ақл бегона шудаед? 24  Вале, агар ҳамаатон пешгӯйӣ кунед ва шахси беимон ё одӣ ояд, суханони шумо айбу хатоҳояшро маълум месозад ва ӯ худро нағзакак месанҷад. 25  Он вақт сирри дилаш ошкор мешавад ва ӯ рӯ ба замин ниҳода ба Худо саҷда мекунаду мегӯяд: «Дар ҳақиқат, Худо дар миёни шумост».+ 26  Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ҷамъ мешавед, яке дар васфи Худо суруд мехонад, дигаре таълим медиҳад, каси дигаре паёми илоҳиро мерасонад, касе ба забони дигар гап мезанад ва боз каси дигаре тарҷума* мекунад,+ лекин бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад. 27  Бигзор касоне, ки ба забони дигар гап мезананд, аз ду ё се нафар зиёд набошанд ва ин корро бо навбат кунанду касе онҳоро тарҷума* кунад.+ 28  Вале, агар касе набошад, ки тарҷума* кунад, бигзор чунин шахс дар миёни ҷамоат хомӯш шинад ва ба таги дил бо Худо гап занад. 29  Ҳамчунин аз байни пайғамбарон+ низ бигзор ду ё се нафар гап зананд, дигарон бошанд, маънои суханони онҳоро бифаҳманд. 30  Вале, агар аз байни нишастагон ба касе паёми илоҳӣ ояд, бигзор шахсе, ки гап мезанад, суханро ба ӯ диҳад. 31  Бо навбат пешгӯйӣ кунед, то ки ҳама таълим гиранд ва рӯҳбаланд шаванд.+ 32  Пайғамбароне, ки атои рӯҳ доранд, бояд онро дуруст истифода баранд. 33  Охир, Худо на Худои бетартибӣ, балки Худои осоиштагист.+ Чуноне ки дар ҳама ҷамоатҳои покон аст, 34  бигзор занҳо дар миёни ҷамоат хомӯш бошанд, зеро ба онҳо иҷозат дода нашудааст, ки сухан гӯянд,+ балки фармонбардор бошанд,+ чи тавре ки дар Шариат низ гуфта шудааст. 35  Агар онҳо чизеро фаҳмидан хоҳанд, дар хона аз шавҳари худ пурсанд, чунки дар миёни ҷамоат сухан гуфтани зан аз рӯйи одоб нест. 36  Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё он танҳо ба шумо дода шудааст? 37  Агар касе фикр кунад, ки ӯ пайғамбар аст ё атои рӯҳро дорад, бояд тан гирад, ки суханоне, ки ба шумо менависам, амри Ҳазрат аст*. 38  Лекин, агар касе ба ин амр нописандӣ кунад, ба вай низ нописандӣ карда мешавад*. 39  Бинобар ин, эй бародаронам, дар пайи пешгӯйӣ кардан бошед,+ ҳамчунин ба забонҳои дигар гап заданро манъ накунед.+ 40  Вале бигзор ҳама чиз шоиста ва бо тартибу низом бошад.+

Поварақҳо

Ё «маънидод».
Ё «маънидод».
Ё «маънидод».
Ё «маънидод».
Ё «маънидод».
Ё «амри Худост».
Ё, эҳтимол, «агар касе нафаҳмад, дар бефаҳмияш мемонад».