1 Қӯринтиён 15:1-58

  • Зиндашавии Масеҳ (1–11)

  • Зиндашавӣ асос барои имон аст (12–19)

  • Зиндашавии Масеҳ кафолат аст (20–34)

  • Тани ҷисмонӣ ва тани рӯҳонӣ (35–49)

  • Нобуднашаванда ва намиранда (50–57)

  • Дар кори Худо ҷидду ҷаҳд кунед (58)

15  Эй бародарон, хушхабареро, ки ба шумо расонда будам,+ хотиррасон мекунам, яъне хушхабареро, ки шумо қабул кардаеду онро маҳкам доштаед.  Агар аз рӯйи хушхабаре, ки ба шумо расонда будам, рафтор кунед, ба воситаи он наҷот меёбед, вале, агар ин тавр накунед, имон доштани шумо бефоида аст.  Яке аз чизҳои муҳиме, ки худам қабул карда, ба шумо расондам, он буд, ки мувофиқи Навиштаҳо Масеҳ барои гуноҳҳои мо мурд+  ва гӯронда шуд.+ Ӯ мувофиқи Навиштаҳо+ дар рӯзи сеюм+ зинда гашта,+  ба Кифо*,+ баъд ба 12 расул+  ва сипас яку якбора ба зиёда аз 500 бародар намудор шуд,+ ки бисёре аз онҳо то ҳол бо моянд, вале баъзеи дигар ба хоби марг рафтаанд.  Пас аз он ӯ ба Яъқуб,+ баъд ба ҳамаи расулон+  ва дар охир ба ман,+ ки гӯё пеш аз вақт таваллуд шуда бошам, намудор шуд.  Ман камтарини расулон ҳастам ва сазовор нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамоати Худоро озор медодам.+ 10  Вале ҳоло аз лутфи Худо расул гаштаам. Лутфи ӯ ба ман бефоида набуд, зеро аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардаам. Аммо инро на ман кардаам, балки лутфу марҳамати Худо, ки бо ман аст. 11  Пас, ҳамаи мо, чи ману чи онҳо, як хабарро эълон мекунем ва ба ин восита шумо имон овардед. 12  Вале, агар аз мурдагон зинда шудани Масеҳро эълон кунем,+ чӣ тавр баъзеи шумо мегӯед, ки мурдагон зинда намешаванд? 13  Агар мурдагон зинда нашаванд, пас, Масеҳ низ зинда нашудааст. 14  Агар Масеҳ зинда нашуда бошад, пас, хабаррасонии мо беҳуда аст ва имони шумо низ беҳуда аст. 15  Илова бар ин, мо, ки шаҳодат дода мегӯем, ки Худо Масеҳро зинда кард,+ шоҳидони бардурӯғи Худо мешавем,+ зеро, агар мурдагон, дар ҳақиқат, зинда нашаванд, пас, Худо Масеҳро зинда накардааст. 16  Агар мурдагон зинда нашаванд, Масеҳ низ зинда нашудааст, 17  агар Масеҳ зинда нашуда бошад, пас, имони шумо беҳуда аст ва шумо то ҳол аз гуноҳҳои худ пок нашудаед.+ 18  Пас, он пайравони Масеҳ низ, ки ба хоби марг рафтаанд, абадан нест шудаанд.+ 19  Агар танҳо дар ҳаёти ҳозира ба Масеҳ умед бандем, бадбахттарини одамон ҳастем. 20  Аммо Масеҳ, дар ҳақиқат, аз мурдагон зинда шуд ва аз миёни касоне, ки ба хоби марг рафтаанд, ҳосили аввалин буд.+ 21  Чи тавре ки марг ба воситаи инсон омад,+ зинда шудани мурдагон низ ба воситаи инсон меояд.+ 22  Чи тавре ки дар Одам ҳама мемиранд,+ ҳамон тавр дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд,+ 23  аммо ҳар яке бо навбат: аввал Масеҳ, ки ҳосили аввалин буд,+ ва баъд, дар вақти ҳузур доштани* Масеҳ, касоне, ки аз ӯянд.+ 24  Дар охир ӯ ҳамаи ҳукумату ҳокимиятҳо ва қувваҳоро несту нобуд карда, Подшоҳиро ба Худо, ба Падари худ, месупорад,+ 25  зеро Масеҳ, то даме ки Худо ҳамаи душманонашро зери пойи ӯ нагузорад, бояд подшоҳӣ кунад.+ 26  Он гоҳ марг, ки душмани охирин аст, нест карда мешавад.+ 27  Навиштаҳо мегӯянд, ки Худо «ҳама чиро зери пойи ӯ гузошта ба ӯ тобеъ кард».+ Лекин, вақте гуфта мешавад, ки ҳама чиз тобеъ карда шуд,+ равшан аст, ки худи Худо, ки ҳама чиро ба ӯ тобеъ кард, дар назар дошта нашудааст.+ 28  Пас аз он ки ҳама чиз ба ӯ тобеъ карда мешавад, худи Писар низ ба Оне, ки ҳама чизро ба ӯ тобеъ кардааст, тобеъ мешавад,+ то танҳо Худо бар ҳама ҳоким бошад.+ 29  Агар мурдагон зинда нашаванд, ба касоне, ки барои мурдан таъмид мегиранд*, чӣ фоидае ҳаст?+ Агар мурдагон ҳеҷ гоҳ зинда нашаванд, ин гуна таъмид чӣ лозим аст? 30  Барои чӣ мо низ ҳар соат бо хатар дучор мешавем?+ 31  Эй бародарон, ба ҳамон ифтихоре, ки бо шумо, пайравони Ҳазратамон Исои Масеҳ, дорам, қасам мехӯрам, ки ман ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам. 32  Агар мисли дигарон* дар Эфсӯс бо даррандагон мубориза бурда бошам,+ аз ин ба ман чӣ фоида? Агар мурдагон зинда нашаванд, «биёед бихӯрему бинӯшем, ки пагоҳ мемурем».+ 33  Гумроҳ нашавед. Ёрони бад рафтори* хубро вайрон мекунанд.+ 34  Ба худ оед, дуруст рафтор кунед ва гуноҳ накунед, зеро баъзеи шумо дар бораи Худо дониш надоред. Инро барои он мегӯям, ки шарм доред. 35  Вале, шояд, касе бигӯяд: «Мурдагон чӣ тавр зинда мешаванд ва тани онҳо чӣ гуна мешавад?»+ 36  Эй одами бефаҳм! Он чизе, ки мекорӣ, то намирад, зинда намешавад. 37  Ту растании* сабзидаро неву донаро мекорӣ, хоҳ донаи гандум бошад, хоҳ донаи дигар, 38  вале Худо онро, ҳамон тавре ки ба ӯ маъқул аст, месабзонад ва ба ҳар яки донаҳо шакли гуногун медиҳад. 39  Ба ин монанд, ҷисми ҳама ҳар хел аст: ҷисми одам дигар, ҷисми чорво дигар, ҷисми парандагон дигар ва ҷисми моҳиён дигар. 40  Ҳам ҷисмҳои осмонӣ+ вуҷуд доранд ва ҳам ҷисмҳои заминӣ,+ лекин ҷалоли ҷисмҳои осмонӣ дигар асту ҷалоли ҷисмҳои заминӣ дигар. 41  Ҷалоли офтоб дигар асту ҷалоли моҳтоб дигар+ ва ҷалоли ситорагон низ дигар аст, ҳатто ҷалоли як ситора аз ситораи дигар фарқ мекунад. 42  Зиндашавии мурдагон низ чунин аст: он чӣ кошта мешавад, нобудшаванда аст, вале он чӣ бармехезад, нобуднашаванда.+ 43  Он дар хорию пастӣ кошта мешавад, вале дар ҷалол бармехезад,+ дар нотавонӣ кошта мешавад, вале дар тавоноӣ бармехезад.+ 44  Тани ҷисмонӣ кошта мешавад, вале тани рӯҳонӣ бармехезад. Агар тани ҷисмонӣ вуҷуд дошта бошад, пас, тани рӯҳонӣ низ вуҷуд дорад. 45  Навиштаҳо мегӯянд: «Инсони аввалин, яъне Одам, ҷони зинда шуд».+ Вале Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш гашт.+ 46  Лекин он чӣ рӯҳонист, аввалин набуд, балки ҷисмонӣ аввалин буд ва баъд он чӣ рӯҳонист, омад. 47  Инсони якум аз замин аст ва аз хок офарида шудааст,+ инсони дуюм бошад, аз осмон аст.+ 48  Инсонҳои хокӣ монанди касе мебошанд, ки аз хок офарида шуд, ва онҳое, ки дар осмонанд, мисли касеанд, ки аз осмон омад.+ 49  Чи тавре ки мо ба касе, ки аз хок офарида шудааст,+ монанд гаштем, ҳамон тавр ба касе, ки аз осмон омад, монанд мешавем.+ 50  Эй бародарон, ҳаминро ба шумо мегӯям, ки ҷисм ва хун наметавонад Подшоҳии Худоро мерос гирад ва чизи нобудшаванда наметавонад чизи нобуднашавандаро мерос гирад. 51  Инак, ба шумо сирри муқаддасе мегӯям: на ҳамаи мо ба хоби марг меравем, вале ҳамаамон дигаргун мешавем.+ 52  Ин дар як лаҳза, дар як мижа задан, ҳангоми садо додани карнайи охирин, рӯй медиҳад. Вақте карнай садо диҳад,+ мурдагон бо тани нобуднашаванда бармехезанд ва мо дигаргун мешавем. 53  Нобудшаванда ба нобуднашаванда табдил меёбад+ ва миранда ба намиранда.+ 54  Лекин, вақте нобудшаванда ба нобуднашаванда табдил меёбад ва миранда ба намиранда, ин навишта ба амал меояд: «Марг абадан нест мешавад».+ 55  «Эй марг, ғалабаи ту куҷост? Эй марг, неши ту куҷост?»+ 56  Неши марговар гуноҳ аст+ ва Шариат қувваи гуноҳро ошкор месозад*.+ 57  Лекин Худоро шукр, ки ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшид!+ 58  Бинобар ин, эй бародарони азиз, пойдору устувор бошед+ ва ҳамеша дар кори Худо* ҷидду ҷаҳд кунед,+ зеро медонед, ки меҳнати шумо дар роҳи Худо* беҳуда нест.+

Поварақҳо

Кифо — номи дигари Петрус.
Ҳузур — ниг. ба луғат.
Таъмид — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «аз назари одамӣ».
Ё «одатҳои».
Дар матни асл «тани».
Ё «қувваи гуноҳ Шариат аст».
Ё «Ҳазрат».
Ё «Ҳазрат».