1 Қӯринтиён 9:1-27

  • Намунаи Павлус ҳамчун расул (1–27)

    • Даҳони буққаро набанд (9)

    • «Вой бар ҳоли ман, агар хушхабарро нагӯям!» (16)

    • «Барои ҳар навъ одамон ҳар чиз шудам» (19–23)

    • Худдорӣ дар мусобиқа (24–27)

9  Магар ихтиёри ман дар дасти худам нест? Магар ман расул нестам? Магар Ҳазратамон Исоро надидаам?+ Магар шумо дар кори Ҳазрат ҳосили меҳнати ман нестед?  Ман барои дигарон расул набошам ҳам, барои шумо расулам, зеро шумо муҳри онед, ки ман расули Ҳазрат ҳастам.  Барои ҳимояи худ ба онҳое, ки маро айбдор мекунанд, чунин мегӯям:  оё мо ба хӯрдану нӯшидан ҳақ надорем?  Оё мо ҳақ надорем, ки мисли дигар расулону бародарони Ҳазрат+ ва ҳамчунин Кифо*+ зани ҳамимоне дошта бошему ӯро ҳамроҳи худ гирем?+  Ё ки танҳо ману Барнаббо+ бояд барои таъмини худ кор кунем?  Кадом сарбоз аз ҳисоби худ хизмат мекунад? Кист, ки ток шинонаду аз ангураш начашад?+ Ё кист, ки рамаро бонӣ кунаду аз шири он нахӯрад?  Оё ин чизҳоро аз назари одамӣ мегӯям? Оё Шариат низ чунин намегӯяд?  Дар Шариати* Мӯсо навишта шудааст: «Даҳони буққаро ҳангоми хирман кӯфтанаш набанд».+ Оё Худо фақат дар бораи буққаҳо ғам мехӯрад? 10  Ё ӯ инро барои мо гуфтааст? Дар асл, ин барои мо навишта шудааст, зеро ҷуфтгар ва хирманкӯб бояд бо умеди ба даст овардани ҳиссаи худ меҳнат кунанд. 11  Агар мо дар байни шумо чизҳои рӯҳониро кошта бошему барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ аз шумо чизе гирифта бошем, магар ин нодуруст аст?+ 12  Агар дигарон ба ин ҳақ дошта бошанд, магар ҳаққи мо зиёдтар нест? Вале мо аз ҳуқуқи худ истифода намебарем,+ балки ба ҳама чиз тоб меорем, то ба паҳн гаштани хушхабар дар бораи Масеҳ монеае набошем.+ 13  Оё намедонед: касоне, ки хизмати муқаддасро ба ҷо меоранд, аз чизҳои ибодатгоҳ мехӯранд? Оё касоне, ки назди қурбонгоҳ хизмат мекунанд, ҳиссаи худро аз он намегиранд?+ 14  Ба ин монанд, Ҳазрат низ фармудааст, ки онҳое, ки хушхабарро эълон мекунанд, аз ҳисоби ин кор зиндагӣ кунанд.+ 15  Вале ман аз ҳеҷ яки ин имконот истифода накардаам.+ Дар ҳақиқат, мақсади навиштани суханонам он нест, ки барои ман ин корҳоро кунед, зеро мурданам беҳ аз он ки... Ҳеҷ кас маро аз он чизе, ки сабаби ифтихори ман аст, маҳрум карда наметавонад.+ 16  Агар хушхабарро бирасонам, ин ҷойи фахр надорад, зеро вазифаи ман ҳамин аст. Вой бар ҳоли ман, агар хушхабарро нагӯям!+ 17  Агар ин корро бо ихтиёри худ кунам, мукофот мегирам, лекин, бо ихтиёри худ накунам ҳам, ин вазифа ба уҳдаи ман гузошта шудааст.+ 18  Пас, мукофоти ман чист? Мукофотам ин аст, ки, вақте хушхабарро эълон мекунам, метавонам ин корро бепул ба ҷо орам, то аз ҳаққе, ки воизи хушхабар дорад, суиистифода накунам. 19  Гарчанд аз ҳеҷ кас қарздор нестам, худро ғуломи ҳама гардондам, то одамони ҳар чӣ бештарро ба Масеҳ ҷалб кунам. 20  Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то яҳудиёнро ба Масеҳ ҷалб намоям;+ барои касоне, ки тобеи шариатанд, чун касе шудам, ки тобеи шариат аст, то онҳоро ба Масеҳ ҷалб намоям, ҳарчанд худам тобеи шариат нестам.+ 21  Барои бешариатон чун бешариат шудам, то бешариатонро ба Масеҳ ҷалб намоям, ҳарчанд дар назари Худо бешариат нестам, балки тобеи шариати Масеҳам.+ 22  Барои нотавонон нотавон шудам, то онҳоро низ ба Масеҳ ҷалб намоям.+ Ман барои ҳар навъ одамон ҳар чиз шудам, то бо ягон роҳ баъзе касонро наҷот диҳам. 23  Ҳамаи инро ман ба хотири хушхабар мекунам, то онро ба дигарон расонам.+ 24  Оё намедонед, ки дар мусобиқа ҳама медаванд, вале танҳо як нафар мукофот мегирад? Пас, тавре бидавед, ки соҳиби мукофот гардед.+ 25  Ҳамчунин ҳар касе, ки дар мусобиқа иштирок мекунад,* аз ҳар ҷиҳат худдорӣ менамояд. Онҳо ин корро барои гирифтани тоҷе мекунанд, ки нобуд мешавад,+ мо бошем, барои гирифтани тоҷе, ки нобуд намешавад.+ 26  Бинобар ин давидани ман бемақсад нест+ ва муштзаниям ба ҳаво нест, 27  балки бадани худро мушт мезанам*+ ва ғуломи худ мегардонам, то дигаронро таълим дода, худам ризои Худоро аз даст надиҳам.

Поварақҳо

Кифо — номи дигари Петрус.
Ё «Тавроти».
Ё «ҳар варзишгар».
Ё «ҷазо медиҳам».