2 Воқеанома 12:1-16

  • Ҳамлаи Шишақ ба Ерусалим (1–12)

  • Поёни ҳукмронии Раҳабъом (13–16)

12  Вақте подшоҳии Раҳабъом устувор гардид+ ва ӯ қавӣ шуд, ӯву тамоми Исроил Шариати Яҳуваро тарк карданд.+  Дар соли панҷуми шоҳ Раҳабъом Шишақи+ подшоҳи Миср бар зидди Ерусалим баромад, зеро онҳо ба Яҳува бевафоӣ карданд.  Ӯ 1200 ароба, 60 000 аспсавор ва аз миёни либиён, суккиён ва ҳабашиён+ ҷанговарони беҳисобе дошт, ки ҳамроҳаш аз Миср омада буданд.  Ӯ шаҳрҳои ҳисордори Яҳудоро забт намуда, то Ерусалим омад.  Шамаъёҳуи+ пайғамбар ба назди Раҳабъом ва мирони Яҳудо, ки аз тарси Шишақ дар Ерусалим ҷамъ шуда буданд, омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо ки маро тарк кардед, ман низ шуморо тарк карда,+ ба дасти Шишақ месупорам”».  Он гоҳ мирони Исроил ва шоҳ пеши Худо гардан фароварда,+ гуфтанд: «Ҳақ ба ҷониби Яҳува аст».  Вақте Яҳува дид, ки онҳо хоксор шуданд, Яҳува ба Шамаъёҳу паём фиристода гуфт: «Азбаски онҳо пеши ман гардан фароварданд, ман онҳоро нобуд намесозам+ ва каме пас онҳоро наҷот медиҳам. Ман ғазаби худро ба воситаи Шишақ бар Ерусалим фурӯ намерезам.  Аммо онҳо хизматгори ӯ мешаванд, то бидонанд, ки ба ман хизмат кардан чисту ба шоҳони* заминҳои дигар хизмат кардан чист».  Шишақи подшоҳи Миср бар зидди Ерусалим баромад. Ӯ ганҷҳои хонаи Яҳува+ ва ганҷҳои қасри подшоҳро гирифт. Ӯ ҳама чизро, аз он ҷумла сипарҳои тиллоиеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.+ 10  Он гоҳ шоҳ Раҳабъом ба ҷойи он сипарҳо сипарҳои мисин сохта, онҳоро ба дасти сардорони посбононе*, ки даромадгоҳи хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд. 11  Ҳар дафъае ки подшоҳ ба хонаи Яҳува мерафт, посбонон даромада, сипарҳоро ба даст мегирифтанд ва сипас онҳоро боз ба хонаи посбонон мегузоштанд. 12  Азбаски подшоҳ хоксор шуд, хашми Яҳува паст гашт+ ва ӯ онҳоро пурра нобуд накард.+ Беш аз ин, дар байни халқи Яҳудо чизҳои хуб дида мешуд.+ 13  Шоҳ Раҳабъом мавқеи худро дар Ерусалим мустаҳкам карда, ҳукмронияшро давом дод. Ӯ дар 41-солагияш подшоҳ шуд ва 17 сол дар Ерусалим, дар шаҳре, ки Яҳува аз байни ҳамаи қабилаҳои Исроил хуш карда буд, то номаш бар он бошад, ҳукмронӣ кард. Модари шоҳ Наамои аммӯнӣ буд.+ 14  Раҳабъом корҳои бад мекард, чунки дар дили худ азм накард, ки Яҳуваро биҷӯяд.+ 15  Воқеаҳои ҳаёти Раҳабъом, аз аввал то охир, дар насабнома, ки дар он суханони Шамаъёҳуи+ пайғамбар ва Иддӯи+ пешбин оварда шудаанд, навишта шудааст. Дар байни Раҳабъому Ёробъом доимо ҷанг буд.+ 16  Раҳабъом ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Шаҳри Довуд+ гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Абиё+ подшоҳ шуд.

Поварақҳо

Дар матни асл «подшоҳиҳои».
Дар матни асл «шотироне». Шотир — сарбозе, ки пеш-пеши аробаи подшоҳ медавид.