2 Воқеанома 14:1-15
14 Абиё ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар Шаҳри Довуд+ гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Осо подшоҳ шуд. Дар айёми ӯ замин даҳ сол осоиш ёфт.
2 Осо он чиро, ки дар назари Худояш Яҳува хуб ва дуруст буд, ба амал овард.
3 Ӯ қурбонгоҳҳои бегона ва баландиҳоро нобуд сохт,+ сутунҳоеро, ки мепарастиданд, ба хок яксон кард+ ва Ашераҳоро* бурида партофт.+
4 Беш аз ин, ӯ ба аҳли Яҳудо гуфт, ки Яҳува, Худои бобоёнашонро, ҷӯё шаванд ва Шариату амрҳоро риоя намоянд.
5 Ӯ баландиҳо ва қурбонгоҳҳои бухурсӯзиро дар тамоми шаҳрҳои Яҳудо нест кард+ ва мамлакат ҳангоми подшоҳии ӯ орому осоишта буд.
6 Ӯ дар Яҳудо шаҳрҳои ҳисордор сохт,+ зеро дар он солҳо замин тинҷу осуда буд ва касе бо Осо намеҷангид, чунки Яҳува ба ӯ оромӣ бахшида буд.+
7 Ӯ ба Яҳудо гуфт: «Биёед ин шаҳрҳоро бисозем ва дар гирдашон деворҳо, бурҷҳо*,+ дарвозаҳо* ва ғалақаҳо бунёд кунем. Ҳоло замин дар ихтиёри мост, чунки Худоямон Яҳуваро ҷӯё шудем. Мо ӯро ҷӯё шудем ва ӯ ба мо аз ҳар тараф оромӣ бахшид». Онҳо бино карданд ва сохтмонашон барор гирифт.+
8 Дар лашкари Осо аз Яҳудо 300 000 нафаре буд, ки сипарҳои калону найзаҳо доштанд. Аз Бинёмин бошад, 280 000 ҷанговари пурзӯре буд, ки сипари хурд ва камон доштанд*.+
9 Чанде пас Зораҳи ҳабашӣ бо 1 000 000 ҷанговару 300 ароба+ бар зидди онҳо лашкар кашид. Вақте ки ӯ ба Морешо+ расид,
10 Осо ба ҷанги ӯ баромад ва онҳо дар водии Сафот, назди Морешо, барои ҷанг саф кашиданд.
11 Он гоҳ Осо аз Худояш Яҳува илтиҷо карда+ гуфт: «Эй Яҳува, ту қодир ҳастӣ, ки ҳам ба касони сершумор ва ҳам ба касоне, ки қудрат надоранд, ёрӣ диҳӣ.+ Эй Худоямон Яҳува, ба мо ёрӣ бидеҳ, чунки мо ба ту таваккал мекунем+ ва ба номи ту бар зидди ин мардум баромадаем.+ Эй Яҳува, ту Худои мо ҳастӣ. Нагузор, ки инсони хокӣ аз ту зӯр барояд».+
12 Яҳува ҳабашиёнро пеши Осо ва пеши Яҳудо шикаст дод ва ҳабашиён рӯ ба гурез оварданд.+
13 Осо ва одамонаш аз паси онҳо то Ҷарор+ сур карданд ва ҳабашиён, то даме ки ягонтои онҳо зинда намонд, кушта мешуданд, зеро онҳоро Яҳува ва лашкараш торумор кард. Пас аз ин яҳудиён ғанимати бениҳоят зиёде ҷамъ оварданд.
14 Илова бар ин, онҳо ҳамаи шаҳрҳои атрофи Ҷарорро зарба заданд, зеро тарси Яҳува он шаҳрҳоро фаро гирифта буд. Яҳудиён ҳамаи шаҳрҳоро ғорат карданд, чунки дар онҳо ғанимати бисёре буд.
15 Онҳо инчунин ба хаймаҳои чорводорон ҳамла оварда, рамаҳои зиёду шутуронро гирифта бурданд ва сипас ба Ерусалим баргаштанд.
Поварақҳо
^ Ё «дарҳои дутабақа».
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
^ Дар матни асл «ва камонро бо пояшон зер мекарданд».