2 Воқеанома 15:1-19

  • Осо Яҳуваро ҷӯё мешавад (1–19)

15  Рӯҳи Худо Азарёи писари Ӯдидро фаро гирифт.  Ӯ ба пешвози Осо баромада, гуфт: «Маро бишнавед, эй Осо, тамоми Яҳудо ва Бинёмин! То даме ки шумо бо Яҳува ҳастед, ӯ низ бо шумо хоҳад буд.+ Агар ӯро ҷӯё шавед, ӯ мегузорад, ки вайро биёбед,+ вале, агар ӯро тарк кунед, ӯ низ шуморо тарк мекунад.+  Хеле шуд ки* Исроил бе Худои ҳақ, бе таълими коҳин ва бе шариат буд.+  Аммо, вақте ки онҳо азоб кашиданд ва сӯйи Яҳува, Худои Исроил, баргаштанду ӯро ҷӯё шуданд, ӯ гузошт, ки вайро биёбанд.+  Дар он замонҳо сафари касе бехавфу хатар набуд, зеро дар байни тамоми сокинони минтақаҳои сарзамин ҷангу ҷидол буд.  Як халқ халқи дигарро ва як шаҳр шаҳри дигарро нест мекард, зеро Худо бо ҳар гуна мусибат онҳоро бесару сомон менамуд.+  Вале шумо қавӣ бошед ва рӯҳафтода нашавед*,+ чунки барои корҳоятон мукофоте ҳаст».  Осо ин суханон ва пешгӯйии Ӯдиди пайғамбарро шунида далер гашт ва бутҳои ҳаромро дар саросари замини Яҳудову+ Бинёмин ва дар шаҳрҳое, ки дар кӯҳистони Эфроим забт намуда буд, нест кард. Ӯ ҳамчунин қурбонгоҳи Яҳуваро, ки дар пеши даҳлези хонаи Яҳува+ буд, барқарор намуд.  Ӯ тамоми Яҳудо, Бинёмин ва ғарибонеро, ки аз Эфроим, Менашше ва Шимъӯн буданд, ҷамъ овард.+ Онҳо аз Исроил ба наздаш гурехта буданд, зеро диданд, ки Худояш Яҳува бо ӯст, ва шумораи чунин одамон хеле зиёд буд. 10  Онҳоро дар моҳи сеюми соли 15-уми ҳукмронии Осо дар Ерусалим ҷамъ оварданд. 11  Дар он рӯз онҳо аз ғанимате, ки оварда буданд, 700 гов ва 7000 гӯсфандро ба Яҳува қурбонӣ карданд. 12  Беш аз ин, онҳо аҳд бастанд, ки Яҳува, Худои бобоёнашонро, бо тамоми дилу ҷон ҷӯё шаванд+ 13  ва, агар касе Яҳува, Худои Исроилро, ҷӯё нагардад, хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, хоҳ мард бошаду хоҳ зан, кушта шавад.+ 14  Он гоҳ онҳо бо овози баланд, бо нидоҳои шодӣ ва бо садои карнаю шох ба Яҳува қасам хӯрданд. 15  Тамоми Яҳудо аз ин қасам хурсанд шуд, зеро онҳо аз таҳти дил қасам хӯрданд, бо ҷидду ҷаҳд ӯро ҷӯё шуданд ва ӯ гузошт, ки ӯро биёбанд.+ Яҳува ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ медод.+ 16  Шоҳ Осо ҳатто бибиаш Маъкоро+ аз маликагӣ маҳрум кард, зеро вай барои парастиши Ашера* бути ҳароме сохта буд.+ Осо ин бути ҳаромро бурида, майда-майда кард ва дар водии Қидрӯн сӯзонид.+ 17  Вале баландиҳо+ дар Исроил барҳам дода нашуданд.+ Бо вуҷуди ин дили Осо тамоми умраш пурра содиқ буд.+ 18  Ӯ чизҳоеро, ки худашу падараш ба Худо бахшида буданд* — нуқра, тилло ва ашёи гуногунро, ба хонаи Худо овард.+ 19  То соли 35-уми ҳукмронии Осо ҷанг набуд.+

Поварақҳо

Дар матни асл «Рӯзҳои зиёд аст, ки».
Ё «бигзор дастҳоятон суст нашаванд».
Ашера — ниг. ба луғат.
Ё «муқаддас гардонда буданд».