2 Воқеанома 18:1-34
18 Еҳушофот сарвату ҷалоли зиёде дошт,+ аммо ӯ бо Аҳъоб+ қудо шуд.
2 Солҳо пас ӯ назди Аҳъоб ба Сомария рафт+ ва Аҳъоб барои ӯву одамонаш гову гӯсфанди бисёре қурбон кард. Аҳъоб аз ӯ илтимос кард, ки ҳамроҳаш бар зидди Ромӯт-Ҷилъод+ барояд.
3 Аҳъоби шоҳи Исроил ба Еҳушофоти шоҳи Яҳудо гуфт: «Оё бо ман ба Ромӯт-Ҷилъод меравӣ?» Ӯ ба вай гуфт: «Ману ту якем ва халқи ману халқи ту як аст. Мо туро дар ҷанг дастгирӣ мекунем».
4 Еҳушофот ҳамчунин ба подшоҳи Исроил гуфт: «Илтимос, аввал Яҳуваро бипурс».+
5 Шоҳи Исроил 400 пайғамбарро ҷамъ оварда, ба онҳо гуфт: «Бар зидди Ромӯт-Ҷилъод ба ҷанг бароем ё не?» Онҳо гуфтанд: «Баро ва Худо онро ба дасти подшоҳ месупорад».
6 Он гоҳ Еҳушофот гуфт: «Оё дар ин ҷо ягон пайғамбари Яҳува ҳаст?+ Биё аз ӯ низ бипурсем».+
7 Шоҳи Исроил ба Еҳушофот гуфт: «Боз як касе ҳаст,+ ки ба воситаи ӯ Яҳуваро пурсидан мумкин аст, лекин ман ӯро чашми дидан надорам, чунки ӯ дар бораи ман ҳеҷ гоҳ чизи хубро пешгӯйӣ намекунад, балки ҳамеша чизи бадро.+ Ӯ Микойҳуи писари Имла аст». Аммо Еҳушофот гуфт: «Бигзор подшоҳ чунин нагӯяд».
8 Шоҳи Исроил ходими дарборро назди худ хонда, гуфт: «Зудтар Микойҳуи писари Имларо гирифта биёр».+
9 Шоҳи Исроил ва Еҳушофоти шоҳи Яҳудо либоси шоҳона дар тан бар тахт менишастанд, онҳо дар хирманҷойи пеши дарвозаи Сомария менишастанд ва ҳамаи пайғамбарон дар назди онҳо пешгӯйӣ мекарданд.
10 Сидқиёҳуи писари Канъона барои худ шохҳои оҳанин сохта, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Бо ин шохҳо ту арамиёнро шох мезанӣ, то даме ки онҳоро нобуд созӣ”».
11 Ҳамаи пайғамбарони дигар низ пешгӯйӣ карда мегуфтанд: «Ба Ромӯт-Ҷилъод бирав ва ту комёб хоҳӣ шуд,+ Яҳува онро ба дасти подшоҳ месупорад».
12 Хабаррасоне, ки барои овардани Микойҳу рафт, ба ӯ чунин гуфт: «Ҳамаи пайғамбарон бо як овоз ба подшоҳ сухани хуш мегӯянд. Илтимос, ту низ мисли онҳо+ сухани хуш бигӯ».+
13 Лекин Микойҳу гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, чизе Худои ман бигӯяд, ҳамонро мегӯям».+
14 Микойҳу ба назди подшоҳ омад ва подшоҳ аз ӯ пурсид: «Эй Микойҳу, оё бар зидди Ромӯт-Ҷилъод ба ҷанг бароем ё не?» Ӯ ҷавоб дод: «Баро ва комёб хоҳӣ шуд, он ба дастат супурда мешавад».
15 Подшоҳ гуфт: «Чанд бор туро қасам диҳам, ки аз номи Яҳува ба ман фақат гапи ростро бигӯӣ?»
16 Он гоҳ ӯ гуфт: «Ман ҳамаи исроилиёнро мисли гӯсфандони бечӯпон+ дар кӯҳистон пароканда мебинам. Яҳува чунин гуфт: “Онҳо соҳибе надоранд. Бигзор ҳар яке сиҳату саломат ба хонаи худ баргардад”».
17 Подшоҳи Исроил ба Еҳушофот гуфт: «Магар нагуфтам: “Вай дар бораи ман чизи хуберо пешгӯйӣ намекунад, балки фақат чизи бадро”?»+
18 Микойҳу гуфт: «Пас, сухани Яҳуваро бишнав: ман Яҳуваро бар тахт нишаста дидам+ ва тамоми лашкари осмон+ аз тарафи рост ва чапи ӯ меистод.+
19 Яҳува гуфт: “Кӣ подшоҳи Исроил, Аҳъобро, фиреб медиҳад, то ӯ ба Ромӯт-Ҷилъод рафта, кушта шавад?” Яке як чиз мегуфт ва дигаре чизи дигар.
20 Он гоҳ рӯҳе*+ пеш омада, дар ҳузури Яҳува истод ва гуфт: “Ман Аҳъобро фиреб медиҳам”. Яҳува пурсид: “Чӣ тавр?”
21 Ӯ ҷавоб дод: “Ман рафта, дар даҳони ҳамаи пайғамбарони ӯ рӯҳи фиреб мешавам”. Ӯ гуфт: “Ту ӯро фиреб медиҳӣ ва аз уҳдаи ин кор мебароӣ. Бирав ва чунин бикун”.
22 Аз ин рӯ Яҳува ба даҳони ин пайғамбаронат рӯҳи фиреб гузоштааст,+ вале Яҳува гуфтааст, ки ба сари ту фалокат меорад».
23 Он гоҳ Сидқиёҳуи+ писари Канъона пеши Микойҳу+ омада, ӯро торсакӣ зад+ ва гуфт: «Чӣ тавр рӯҳи Яҳува аз ман дур шуда, бо ту сухан гуфтааст?»+
24 Микойҳу дар ҷавоб гуфт: «Рӯзе ки дар хонаи дарунӣ пинҳон шавӣ, инро хоҳӣ фаҳмид».
25 Он гоҳ шоҳи Исроил гуфт: «Микойҳуро гирифта, ба дасти Омӯни мири шаҳр ва Юоши шоҳзода супоред.
26 Ба онҳо бигӯед: “Подшоҳ чунин мегӯяд: “Ин одамро ба зиндон партоед+ ва то дами сиҳату саломат баргаштанам ба ӯ нону оби каме диҳед”».
27 Вале Микойҳу гуфт: «Агар сиҳату саломат баргардӣ, пас, Яҳува бо ман сухан нагуфтааст».+ Сипас ӯ гуфт: «Инро ба хотир гиред, эй мардум».
28 Шоҳи Исроил ва Еҳушофоти шоҳи Яҳудо ба Ромӯт-Ҷилъод равона шуданд.+
29 Шоҳи Исроил ба Еҳушофот гуфт: «Ман либосамро дигар карда, ба ҷанг медароям, ту бошӣ, либоси шоҳонаатро дар бар кун». Шоҳи Исроил либосашро дигар кард ва онҳо ба ҷанг даромаданд.
30 Подшоҳи Арам ба сардорони аробаҳояш амр фармуда гуфт: «Ғайр аз шоҳи Исроил бо хурд ё калоне наҷангед».
31 Ҳамин ки сардорони аробаҳо Еҳушофотро диданд, ба худ гуфтанд: «Шоҳи Исроил ҳамин аст». Онҳо сӯяш равона шуданд, то бо ӯ биҷанганд. Еҳушофот фарёд зада мадад пурсид+ ва Яҳува ба вай ёрӣ доду дарҳол онҳоро аз ӯ дур кард.
32 Вақте сардорони аробаҳо диданд, ки ин шоҳи Исроил нест, дарҳол аз вай дур шуданд.
33 Аммо касе таваккалан тир зада ба подшоҳи Исроил, ба ҷойи пайванди ҷавшанаш, расид ва подшоҳ ба аробакаши худ гуфт: «Ҷилавро гардонда, маро аз майдони ҷанг* берун бар, зеро сахт захмдор шудаам».+
34 Ҷанг дар он рӯз авҷ гирифт ва лозим омад, ки подшоҳи Исроилро дар аробааш рӯ ба рӯйи арамиён ба по хезонда то бегоҳ нигоҳ доранд ва ӯ вақти нишастани офтоб мурд.+