2 Воқеанома 2:1-18
-
Тайёрӣ ба сохтмони ибодатгоҳ (1–18)
2 Сулаймон фармон дод, ки хонае ба номи Яҳува+ ва қасре+ барои подшоҳӣ кардани ӯ бисозанд.
2 Сулаймон 70 000-ро ба сифати коргари одӣ*, 80 000-ро барои сангбурӣ дар кӯҳистон+ ва 3600 нафарро барои назорат кардани онҳо номнавис кард.+
3 Ҳамчунин Сулаймон ба Ҳироми+ шоҳи Сӯр паём фиристода гуфт: «Ба ман чӯби сидра бифирист, ҳамон тавре ки ба падарам Довуд, вақте ӯ барои зисти худ қасре месохт, фиристода будӣ.+
4 Ҳоло ман ба номи Худоям Яҳува хонае бино карда истодаам, то онро ба ӯ бибахшам, ба ҳузури ӯ бухури хушбӯ бисӯзонам,+ он ҷо доимо нони чида*+ бошад ва ҳар саҳару бегоҳ,+ рӯзҳои шанбе,+ дар навмоҳҳо+ ва идҳои ҳарсолаи Худоямон Яҳува+ қурбониҳои сӯхтанӣ орам. Ин барои Исроил фарзи доимист.
5 Хонае, ки ман сохта истодаам, бузург хоҳад буд, чунки Худои мо аз ҳамаи худоёни дигар бузургтар аст.
6 Кист, ки тавонад барои ӯ хонае бисозад? Охир, осмон ва авҷи фалак ӯро ғунҷонда наметавонад,+ пас, ман кистам, ки барояш хона бисозам? Аз дасти ман фақат ҳамин меояд, ки маконе бисозам, то ба ҳузури ӯ қурбонӣ оварда дуд барорам.
7 Пас, ба ман устои моҳиреро бифирист, ки бо тилло, нуқра, мис,+ оҳан, пашми бунафшранг ва риштаи қирмизиву кабуд кор карда тавонад ва кандакориро донад. Ӯ дар Яҳудо ва Ерусалим бо устоҳои моҳири ман, ки падарам Довуд интихоб кардааст, ҳамкорӣ мекунад.+
8 Ба ман аз Лубнон чӯби сидра, арча+ ва сандал+ низ бифирист, зеро ман хуб медонам, ки хизматгоронат дар буридани дарахтони Лубнон моҳиранд.+ Хизматгорони ман бо хизматгорони ту кор карда,+
9 бароям чӯби зиёде тайёр мекунанд, зеро хонае, ки ман бино карданиам, беҳад бузург хоҳад буд.
10 Ман хизматгоронат, дарахтбуронро, ба ин миқдор хӯрок таъмин мекунам:+ 20 000 халта* гандум, 20 000 халта ҷав, 20 000 хум* шароб ва 20 000 хум равған».
11 Ҳироми шоҳи Сӯр дар ҷавоб ба Сулаймон чунин мактубе фиристод: «Азбаски Яҳува халқашро дӯст медорад, туро подшоҳи он кардааст».
12 Ӯ боз чунин гуфт: «Яҳува, Худои Исроилро, ки офаринандаи замину осмон аст, ҳамду сано бод, зеро ӯ ба шоҳ Довуд писари бохираде додааст,+ ки соҳиби ақлу фаҳм аст.+ Ӯ барои Яҳува хона ва барои подшоҳӣ карданаш қасре месозад.
13 Ман ба назди ту устои гулдасти соҳибфаҳмеро мефиристам, ки Ҳуром-Абӣ+ ном дорад,
14 модари ӯ аз Дон ва падараш аз Сӯр аст. Ӯ устои кордонест, ки бо тилло, нуқра, мис, оҳан, санг, чӯб, пашми бунафшранг, риштаи кабуд, матои нафис ва риштаи қирмизӣ кор карда метавонад.+ Ӯ ҳар навъ кандакориро медонад ва ҳар чиро, ки фармоянд, тарҳрезӣ карда, месозад.+ Ӯ бо устоҳои моҳири ту ва устоҳои моҳири падарат, хоҷаам Довуд, кор мекунад.
15 Бигзор хоҷаам гандум, ҷав, равған ва шароберо, ки ба хизматгоронаш ваъда кардааст, бифиристад.+
16 Мо бошем, чи қадаре ки ба ту лозим аст, дар Лубнон дарахт мебурем,+ онҳоро баста, амад* месозем ва бо роҳи баҳр ба наздат, ба Ёфо,+ меорем ва ту онҳоро ба Ерусалим бибар».+
17 Сулаймон баъд аз саршуморие, ки падараш Довуд карда буд,+ ҳамаи ғарибони замини Исроилро ҳисоб кард+ ва шумораи онҳо 153 600 нафар баромад.
18 Ӯ 70 000-ашонро коргари одӣ*, 80 000-ро дар кӯҳистон сангбур+ ва 3600 нафарро барои кор фармудани ин одамон нозир таъйин кард.+
Поварақҳо
^ Ё «боркаш».
^ Яъне нони пешкаш.
^ Ибр. «кор». Як кор гандум тақрибан 170 кг аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ибр. «бат». Як бат ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Амад — як навъ қаиқи ҳамворе, ки аз чӯбҳои баҳамбаста сохта мешавад.
^ Ё «боркаш».