2 Воқеанома 27:1-9

  • Ютоми шоҳи Яҳудо (1–9)

27  Ютом+ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ерушои духтари Содӯқ буд.+  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Узиё мекард,+ фақат ки худсарона ба ибодатгоҳи Яҳува надаромад.+ Вале мардум ҳанӯз бадкорӣ менамуд.  Ютом дарвозаи болои хонаи Яҳуваро+ сохт ва дар ҳисори Ӯфал+ сохтмони бисёре кард.  Инчунин ӯ дар кӯҳистони Яҳудо+ шаҳрҳо+ бино кард ва дар ҷангалзорҳо истеҳкомҳову+ бурҷҳо*+ сохт.  Ӯ бо подшоҳи аммӯниён+ ҷангида, аз онҳо зӯр баромад ва аммӯниён он сол ба вай 100 киккар* нуқра, 10 000 халта гандум ва 10 000 халта ҷав* доданд. Онҳо соли дуюм ва сеюм низ чунин карданд.+  Ютом торафт пурзӯр мешуд, чунки роҳҳои худро дар пеши Худояш Яҳува рост карда буд.  Воқеаҳои дигари ҳаёти Ютом, тамоми ҷангҳо ва корҳои ӯ, дар Китоби шоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст.+  Ӯ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+  Ютом ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар Шаҳри Довуд+ гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Оҳоз подшоҳ шуд.+

Поварақҳо

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ибр. «кор». Як кор гандум тақрибан ба 170 кг ва як кор ҷав тақрибан ба 130 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.