2 Воқеанома 3:1-17
3 Сипас Сулаймон дар Ерусалим, бар кӯҳи Мӯриё,+ ки Яҳува дар он ҷо ба падараш Довуд намудор шуда буд,+ дар ҷое ки Довуд дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ тайёр карда буд,+ сохтани хонаи Яҳуваро сар кард.+
2 Ӯ сохтмонро дар рӯзи дуюми моҳи дуюм, дар соли чоруми ҳукмрониаш, сар кард.
3 Таҳкурсие, ки Сулаймон барои хонаи Худо гузошт, бо воҳиди пешина 60 газ* дарозӣ ва 20 газ бар дошт.+
4 Даҳлези пеши хона мувофиқи бари хона 20 газ дарозӣ дошт ва баландиаш 20* буд. Ӯ онро аз дарун бо тиллои тоза рӯйбаст кард.+
5 Ӯ хонаи калонро бо чӯби арча рӯкаш карда, онро бо тиллои тоза пӯшонд+ ва бо нақшҳои дарахти нахл+ ва занҷирҳо оро дод.+
6 Ғайр аз ин, ӯ дар даруни хона сангҳои қиматбаҳои зебо часпонд+ ва тиллои он+ тиллои Парвоим буд.
7 Ӯ хонаро — болорҳо, остонаҳо, деворҳо ва дарҳоро, бо тилло пӯшонд+ ва бар деворҳо нақши каррубиёнро кандакорӣ кард.+
8 Ӯ ҳамчунин Макони поктаринро сохт.+ Дарозии он чун бари хона 20 газ буд ва бараш низ 20 газ буд. Ӯ онро бо 600 киккар* тиллои тоза рӯкаш кард.+
9 Вазни тиллои мехҳо 50 сиқл* буд. Ӯ болохонаҳоро низ бо тилло рӯкаш кард.
10 Сипас ӯ дар Макони поктарин ду ҳайкали каррубиро сохт ва онҳоро бо тилло рӯкаш кард.+
11 Дарозии болҳои каррубиён+ ҳамагӣ 20 газ буд. Як боли каррубии якум панҷ газ буда, ба девори хона мерасид ва боли дигараш панҷ газ буда, ба боли каррубии дигар мерасид.
12 Як боли каррубии дуюм панҷ газ буда, ба девори дигари хона мерасид ва боли дигараш панҷ газ буда, ба боли каррубии якум мерасид.
13 Болҳои ин каррубиён ба андозаи 20 газ паҳн шуда буданд. Каррубиён бар пойҳояшон меистоданд ва рӯяшон сӯйи дарун* буд.
14 Ӯ ҳамчунин аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, риштаи қирмизӣ ва матои нафис парда+ дӯхта, бар он нақши каррубиёнро гулдӯзӣ кард.+
15 Баъд аз он ӯ ду сутуни+ пеши хонаро сохт, ки 35 газ дарозӣ доштанд, ва бошаи* ҳар сутун панҷ газ буд.+
16 Ӯ занҷирҳое сохт, ки ба гарданбанд монанд буданд, ва онҳоро ба сари сутунҳо гузошт ва 100 анор сохта, онҳоро ба занҷирҳо часпонд.
17 Ӯ сутунҳоро аз пеши ибодатгоҳ гузошт — якеро аз тарафи рост* ва дигареро аз тарафи чап*. Ӯ сутуни ростро Ёкин* ва сутуни чапро Бӯаз* номид.
Поварақҳо
^ Гази одӣ ба 44,5 см баробар буд. Ба фикри баъзеҳо, «воҳиди пешина» ба гази дароз, ки ба 51,8 см баробар буд, ишора мекунад. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Дар баъзе дастхатҳои қадима «120» омадаасту дар баъзеи дигар дастхату тарҷумаҳо «20 газ».
^ Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Яъне сӯйи Макони пок.
^ Ё «сари».
^ Ё «ҷануб».
^ Ё «шимол».
^ Маънояш «бигзор ӯ [Яҳува] устувор гардонад».
^ Эҳтимол, маънояш «дар қувват».