2 Воқеанома 31:1-21
31 Вақте онҳо ҳамаи инро ба анҷом расонданд, тамоми исроилиёне, ки дар он ҷо буданд, ба шаҳрҳои Яҳудо рафтанд ва дар саросари Яҳудову Бинёмин ва дар Эфроиму Менашше+ низ сутунҳоеро, ки барои парастиш буданд, шикастанд,+ Ашераҳоро* буриданд+ ва баландиҳову+ қурбонгоҳҳоро+ вайрон карданд, то даме ки ягонтоаш боқӣ намонд. Баъд аз ин тамоми исроилиён ба шаҳрҳои худ, ҳар яке ба мулки худ, баргаштанд.
2 Пас аз ин Ҳизқиё коҳинонро аз рӯйи гурӯҳҳояшон+ ва левизодагонро аз рӯйи гурӯҳҳояшон,+ ҳар як коҳину левизодаро, ба хизматаш таъйин кард,+ то ки қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ биёранд ва хизматашонро ба ҷо оварда, дар дохили дарвозаҳои саҳнҳои Яҳува шукргузорӣ ва ситоиш намоянд.+
3 Подшоҳ қисми дороии худро барои қурбониҳои сӯхтанӣ дод,+ аз он ҷумла барои қурбониҳои сӯхтание, ки мувофиқи Шариати Яҳува ҳар саҳару бегоҳ,+ дар рӯзҳои шанбе,+ навмоҳҳо+ ва идҳо+ оварда мешуданд.
4 Беш аз ин, ӯ ба мардуми Ерусалим фармон дод, ки ҳиссаҳои коҳинону левизодагонро диҳанд,+ то ки онҳо шариати Яҳуваро як ба як риоя намоянд.
5 Ҳамин ки фармон баромад, исроилиён навбарҳои хеле зиёди ғалла, шароби нав, равған,+ асал ва тамоми ҳосили саҳроро оварданд+ ва аз ҳама чиз даҳяк доданд,+ ки хеле бисёр буд.
6 Мардуми Исроил ва Яҳудо, ки дар шаҳрҳои Яҳудо зиндагӣ мекарданд, ҳамчунин даҳяки гову гӯсфанд ва даҳяки чизҳои муқаддасро,+ ки ба Худояшон Яҳува бахшида буданд, оварда, тӯда-тӯда гузоштанд.
7 Онҳо овардану тӯда кардани хайрияҳоро дар моҳи сеюм+ сар карданд ва дар моҳи ҳафтум+ тамом карданд.
8 Вақте ки Ҳизқиё ва мирон омада, тӯдаҳоро диданд, Яҳуваро ҳамд гуфтанд ва халқаш Исроилро дуои нек карданд.
9 Ҳизқиё аз коҳинону левизодагон дар бораи он тӯдаҳо пурсид
10 ва Азарёи саркоҳин, ки аз хонадони Содӯқ буд, ба ӯ гуфт: «Аз замоне ки халқ ба хонаи Яҳува овардани хайрияҳоро сар кард,+ онҳо ба серӣ мехӯранд ва боз ба фаровонӣ боқӣ мемонад, зеро Яҳува халқашро баракат додааст, ва ҳоло ин қадар зиёд боқӣ мондааст».+
11 Он гоҳ Ҳизқиё ба онҳо гуфт, ки дар хонаи Яҳува анборҳоро*+ тайёр кунанд, ва онҳо чунин карданд.
12 Онҳо бекаму кост ба он ҷо хайрияҳо, даҳякҳо+ ва чизҳои муқаддасро меоварданд. Бар ҳамаи ин чизҳо Конанёҳуи левизода таъйин шуда буд ва бародараш Шимъӣ баъд аз ӯ дуюм буд.
13 Яҳиил, Азазёҳу, Наҳат, Асоил, Еримӯт, Юзобод, Алиил, Исмахёҳу, Маҳат ва Баноё бо амри шоҳ Ҳизқиё дастёрони Конанёҳу ва бародараш Шимъӣ таъйин шуданд, Азарё бошад, нозири хонаи Худо буд.
14 Қӯрии писари Имно, левизодае, ки дар тарафи шарқӣ дарбон буд,+ бар ҳадияҳои ихтиёрие,+ ки ба Худо меоварданд, таъйин шуда буд ва ӯ ҳадияҳоеро, ки ба Яҳува меоварданд,+ ва чизҳои хеле муқаддасро+ тақсим мекард.
15 Зердастони ӯ — Адан, Минёмин, Ешуа, Шамаъёҳу, Амарё ва Шаканё, дар шаҳрҳои коҳинон+ одамони бовариноке буданд, ки ба бародаронашон, ба хурду калони гурӯҳҳо, ҳиссаҳоро баробар тақсим мекарданд.+
16 Ин илова бар ҳиссае буд, ки мувофиқи насабнома ба ҳар мардинаи аз сесола боло дода мешуд, ки рӯз ба рӯз ба хизмати хонаи Яҳува омада, вазифаҳои худро дар гурӯҳҳояшон иҷро менамуданд.
17 Насабномаи коҳинон ва насабномаи левизодагони 20-сола ва калонтар+ мувофиқи хонаводаҳояшон+ ва вазифаҳои гурӯҳҳояшон+ тартиб дода шуд.
18 Ба насабнома тамоми ҷамоати левизодагон, аз он ҷумла тамоми кӯдакон, занон ва писарону духтаронашон, дароварда шуд, зеро онҳо мардони боваринок буда, барои чизҳои муқаддас худро пок медоштанд.
19 Ҳамчунин ба он насабнома насли Ҳорун, коҳиноне, ки дар саҳроҳои атрофи шаҳрҳояшон мезистанд,+ дохил карда шуданд. Дар ҳамаи шаҳрҳо ном ба ном мардоне таъйин шуданд, ки ба ҳар мардинаи коҳинон ва ҳар левизодае, ки дар насабнома буд, ҳиссаҳо диҳанд.
20 Ҳизқиё дар саросари Яҳудо чунин кард. Ӯ он чиро, ки дар назари Худояш Яҳува хубу дуруст буд, ба амал меовард ва ба ӯ вафодор буд.
21 Ӯ ҳар кореро, ки барои ҷустани Худояш сар мекард, хоҳ бо хизмати хонаи Худо алоқаманд бошад+ ва хоҳ бо Шариату амрҳои ӯ, аз таҳти дил ба ҷо меовард ва комёб мегашт.