2 Воқеанома 32:1-33

  • Санҳериб бар зидди Ерусалим мебарояд (1–8)

  • Санҳериб Яҳуваро паст мезанад (9–19)

  • Фаришта лашкари ошуриёнро нобуд мекунад (20–23)

  • Бемории Ҳизқиё ва ҳавобаландии ӯ (24–26)

  • Комёбиҳои Ҳизқиё; марги ӯ (27–33)

32  Пас аз ҳамаи ин корҳое, ки аз вафодорӣ карда шуданд,+ Санҳериби шоҳи Ошур ба Яҳудо ҳуҷум овард. Ӯ шаҳрҳои ҳисордорро муҳосира намуд, то зада дарояду онҳоро забт кунад.+  Вақте Ҳизқиё дид, ки Санҳериб омадаасту бо Ерусалим ҷангиданӣ аст,  бо мирону ҷанговаронаш маслиҳат карда, қарор дод, ки чашмаҳои беруни шаҳрро бандад,+ ва онҳо ӯро дастгирӣ намуданд.  Мардуми зиёде ҷамъ омаданд ва тамоми чашмаҳо ва рӯдеро, ки дар он замин ҷорӣ буд, баста, гуфтанд: «Чаро подшоҳони Ошур омада, оби фаровон ёбанд?!»  Ғайр аз ин, ӯ бо ғайрати зиёд девори вайронаро пурра таъмир кард, дар он бурҷҳо* сохт ва аз берун девори дигаре бардошт. Ӯ инчунин Хокрези*+ Шаҳри Довудро барқарор кард ва аслиҳаву* сипари бисёре сохт.  Сипас ӯ сарони лашкарро бар мардум таъйин намуда, онҳоро дар майдони назди дарвозаи шаҳр ҷамъ овард ва дилбардорӣ карда гуфт:  «Далеру устувор бошед! Аз шоҳи Ошур ва мардуме, ки бо ӯст, натарсед+ ва ба воҳима наафтед, зеро онҳое, ки бо моянд, аз онҳое, ки бо ӯянд, бисёртаранд.+  Бо ӯ бозуи* одамист, бо мо бошад, Худоямон Яҳува аст. Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад ва барои мо меҷангад».+ Мардум суханони Ҳизқиёи шоҳи Яҳудоро шунида қувват гирифт.+  Пас аз ин Санҳериби шоҳи Ошур, ки бо қудрату савлати подшоҳиаш дар назди Локиш+ буд, ба Ерусалим, пеши Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо ва тамоми яҳудиёни Ерусалим, ходимонашро фиристода,+ гуфт: 10  «Санҳериби шоҳи Ошур чунин мегӯяд: “Шумо ба чӣ таваккал карда, дар Ерусалим, ки муҳосира шудааст, нишастаед?+ 11  Охир, Ҳизқиё “Худоямон Яҳува моро аз дасти шоҳи Ошур халос мекунад”+ гуфта, шуморо гумроҳ мекунад ва аз гушнагию ташнагӣ куштанӣ аст. 12  Ин ҳамон Ҳизқиёест, ки баландиҳову+ қурбонгоҳҳои+ Худоятонро* барҳам додаасту ба Яҳудову Ерусалим чунин гуфтааст: “Шумо бояд дар пеши як қурбонгоҳ саҷда намоед ва бар он қурбонӣ оварда дуд кунед”.+ 13  Магар намедонед, ки ману бобоёнам бо тамоми халқҳои кишварҳо чӣ кор кардаем?+ Магар худоёни он халқҳо заминашонро аз дасти ман халос карда тавонистанд?+ 14  Кадоме аз худоёни он халқҳо, ки бобоёнам ба нестӣ супурдаанд, халқашро аз дасти ман халос карда тавонист ки, акнун Худои шумо тавонад шуморо аз дасти ман халос кунад?+ 15  Нагузоред, ки Ҳизқиё шуморо фиреб диҳад ва гумроҳ кунад!+ Ба ӯ бовар накунед, чунки худои ягон халқ ё подшоҳӣ мардумашро аз дасти ману бобоёнам халос карда натавонист. Худои шумо ҳам шуморо аз дасти ман халос намекунад!”»+ 16  Ходимони Санҳериб Яҳува Худо ва бандааш Ҳизқиёро боз бештар паст заданд. 17  Ӯ инчунин номаҳо+ навишта Яҳува, Худои Исроилро, паст зад+ ва бар зидди ӯ сухан ронда гуфт: «Чи тавре ки худоёни халқҳои кишварҳо онҳоро аз дасти ман халос накарданд,+ Худои Ҳизқиё низ халқашро аз дасти ман халос намекунад». 18  Онҳо ба мардуми Ерусалим, ки дар болои девор буданд, бо овози баланд ба забони яҳудӣ гап мезаданд, то онҳоро ба тарсу ваҳм оварда, шаҳрро забт кунанд.+ 19  Онҳо дар ҳаққи Худои Ерусалим ҳамон тавре гап заданд, ки бар зидди худоёни халқҳои замин гап зада буданд, ҳол он ки он худоён амали дасти инсонанд. 20  Вале Ҳизқиёи подшоҳ ва Ишаъёи пайғамбари+ писари Омӯс дар ин бора пайваста дуо мегуфтанд ва сӯйи осмон фарёд зада мадад мепурсиданд.+ 21  Он вақт Яҳува фариштаеро фиристода, ҳамаи ҷанговарони+ пурзӯр, пешвоён ва сарони урдугоҳи шоҳи Ошурро нобуд кард ва ӯ бо сари хам ба замини худ баргашт. Чунин шуд, ки пас аз чанде шоҳ ба хонаи худои худ даромад ва писаронаш ӯро бо дами шамшер куштанд.+ 22  Ҳамин тавр, Яҳува Ҳизқиё ва сокинони Ерусалимро аз дасти Санҳериби шоҳи Ошур ва дигар душманон наҷот дод ва аз ҳар тараф ба онҳо оромӣ бахшид. 23  Бисёриҳо ба Ерусалим омада, ба Яҳува ҳадия ва ба Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо чизҳои қиматбаҳо оварданд.+ Пас аз ин воқеа ӯ дар миёни тамоми халқҳо обрӯманд шуд. 24  Дар он рӯзҳо Ҳизқиё бемор шуд ва дар дами марг буд. Ҳизқиё ба Яҳува дуо гуфт+ ва ӯ ба дуояш ҷавоб гардонду аломате дод.+ 25  Аммо Ҳизқиё ба қадри некие, ки ба вай карда шуд, нарасид ва дили ӯ мағрур гашт, он гоҳ Худо аз ӯ ва аз аҳли Яҳудову Ерусалим ба ғазаб омад. 26  Вале Ҳизқиё аз ҳавобаландии дили худ пушаймон шуда хоксор гашт+ ва сокинони Ерусалим низ чунин карданд, аз ин рӯ Яҳува дар рӯзҳои Ҳизқиё ғазаби худро бар онҳо фурӯ нарехт.+ 27  Ҳизқиё сарвату шуҳрати беандоза пайдо кард.+ Ӯ барои нуқра, тилло, сангҳои қиматбаҳо, равғани хушбӯй, сипарҳо ва ҳар чизи пурарзиши худ, 28  маҳсулоти ғалла, шароби нав ва равған анборҳо+ бино кард, ҳамчунин барои ҳар гуна чорпову рамаҳояш оғилҳо сохт. 29  Ғайр аз ин, ӯ шаҳрҳо бино кард ва гову моли зиёдеро соҳиб шуд, зеро Худо ба ӯ дороии бисёре бахшид. 30  Ҳамин Ҳизқиё буд, ки ҷӯйи болоии Ҷайҳунро+ баста,+ обро рост ба тарафи ғарбии Шаҳри Довуд+ равона кард. Ӯ дар ҳар кори худ комёб мегашт. 31  Аммо, вақте ки намояндагони мирони Бобил ба наздаш омада, дар бораи аломате,+ ки дар замин нишон дода шуд,+ пурсиданд, Худо ӯро танҳо гузошт, то бисанҷаду+ ҳар он чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.+ 32  Воқеаҳои дигари ҳаёти Ҳизқиё ва корҳои пур аз меҳру вафои ӯ+ дар навиштаи рӯъёи пайғамбар Ишаъёи+ писари Омӯс, дар Китоби шоҳони Яҳудо ва Исроил, навишта шудааст.+ 33  Ҳизқиё ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар нишеби теппа, поёнтари қабри писарони Довуд, гӯронданд.+ Аҳли Яҳудову Ерусалим ӯро бо иззату ҳурмат гӯручӯб карданд. Ба ҷойи ӯ писараш Менашше подшоҳ шуд.

Поварақҳо

Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё «Миллӯ». Калимаи иброние, ки маънояш «пуршуда» аст.
Ё «найзаву».
Ё «қувваи».
Дар матни асл «ӯро».