2 Воқеанома 34:1-33

  • Юшиёи шоҳи Яҳудо (1, 2)

  • Корҳои Юшиё барои парастиши Яҳува (3–13)

  • Китоби Таврот ёфт мешавад (14–21)

  • Ҳулдо мусибатро пешгӯйӣ мекунад (22–28)

  • Юшиё китобро ба мардум мехонад (29–33)

34  Юшиё+ дар ҳаштсолагиаш подшоҳ шуд ва 31 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал овард ва аз ҳар ҷиҳат ба бобояш Довуд пайравӣ намуда, ба тарафи рост ё чап нагашт.  Дар соли 8-уми ҳукмрониаш, вақте ҳанӯз навҷавон буд, ӯ Худои бобояш Довудро ҷустан гирифт+ ва дар соли 12-ум аз баландиҳову+ Ашераҳо* ва бутҳову ҳайкалҳои рехта+ тоза кардани Яҳудо ва Ерусалимро сар кард.+  Қурбонгоҳҳои Баалҳоро дар пеши назари Юшиё вайрон карданд ва ӯ қурбонгоҳҳои бухурсӯзиеро, ки бар онҳо буд, шикаста партофт. Ӯ ҳамчунин Ашераҳо*, бутҳо ва ҳайкалҳои рехтаро шикаст ва гард-гард карда, бар қабрҳои касоне, ки ба онҳо қурбонӣ меоварданд, пошид+  ва устухонҳои коҳинонро бар қурбонгоҳҳояшон сӯзонд.+ Ҳамин тавр, Юшиё Яҳудову Ерусалимро тоза кард.  Ӯ дар шаҳрҳои Менашше, Эфроим,+ Шимъӯн ва ҳатто Нафтолӣ ва дар харобаҳои атрофи онҳо  қурбонгоҳҳоро вайрон намуд ва Ашераҳову* бутҳоро+ шикаста, гард-гард кард. Ӯ ҳамчунин дар тамоми сарзамини Исроил ҳамаи қурбонгоҳҳои бухурсӯзиро шикаста партофт+ ва пас аз ин ба Ерусалим баргашт.  Дар соли 18-уми ҳукмрониаш, пас аз тоза кардани кишвар ва ибодатгоҳ*, Юшиё Шофони+ писари Асалёҳу, Маасиёҳуи мири шаҳр ва таърихнавис — Юоҳи писари Юоҳозро, барои таъмир кардани хонаи Худояш Яҳува фиристод.+  Онҳо ба назди Ҳилқиёҳуи саркоҳин омада, пулеро, ки мардум ба хонаи Худо овард, ба ӯ доданд. Ин пулро левизодагони дарвозабон аз Менашше, Эфроим ва тамоми бақияи Исроил+ ва ҳамчунин аз Яҳудову Бинёмин ва сокинони Ерусалим ҷамъ оварда буданд. 10  Онҳо ин пулро ба касоне доданд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шуда буданд. Коргарони хонаи Яҳува бошанд, онро барои таъмир ва барқарор кардани хона сарф карданд. 11  Онҳо пулро ба ҳунармандон ва бинокорон доданд, то сангҳои тарошида ва барои устувор кардани хона тахтаҳо харанд ва хонаҳоеро, ки аз бепарвоии подшоҳони Яҳудо хароб гашта буданд, бо чӯб бино кунанд.+ 12  Ин мардон ҳалолкор буданд+ ва нозирони онҳо левизодагон: аз марориён+ — Яҳат ва Убадё, ва аз қаҳотиён+ — Закарё ва Машуллом, буданд. Левизодагоне, ки ҳама навозандаи моҳир буданд,+ 13  бар коргарони одӣ* таъйин шуда, ҳамаи онҳоеро, ки ҳар навъ хизматро ба ҷо меоварданд, назорат мекарданд. Баъзеи левизодагон бошанд, котиб, сардор ва дарбон буданд.+ 14  Вақте пулеро, ки ба хонаи Яҳува оварда буданд, мебароварданд,+ Ҳилқиёҳуи коҳин китоби Тавроти* Яҳуваро,+ ки ба воситаи Мӯсо дода шуд,+ ёфт. 15  Ҳилқиёҳу ба Шофони котиб гуфт: «Ман дар хонаи Яҳува китоби Тавротро* ёфтам», ва китобро ба Шофон дод. 16  Шофон китобро ба подшоҳ оварда, гуфт: «Бандагонат тамоми супоришро ба ҷо меоранд. 17  Онҳо пулеро, ки дар хонаи Яҳува буд, гирифта, ба касони таъйиншуда ва коргарон доданд». 18  Шофони котиб инчунин ба подшоҳ гуфт: «Ҳилқиёҳуи коҳин ба ман китобе дод»,+ ва аз он китоб ба подшоҳ хонд.+ 19  Ҳамин ки подшоҳ суханони Тавротро шунид, либосашро чок зад+ 20  ва ба Ҳилқиёҳу, Аҳиқоми+ писари Шофон, Абдӯни писари Мико, Шофони котиб ва Асоёи ходими шоҳ чунин фармуд: 21  «Биравед ва аз Яҳува барои ман ва бақияи Исроилу Яҳудо дар бораи суханони китоби ёфтшуда пурсон шавед, зеро ғазаби Яҳува, ки бар мо рехта мешавад, бузург аст, чунки бобоёни мо суханони Яҳуваро ба ҷо наоварданд ва ҳар он чиро, ки дар ин китоб навишта шудааст, риоя накарданд».+ 22  Ҳилқиёҳу ҳамроҳи касоне, ки шоҳ фиристод, ба назди Ҳулдо, ки пайғомҳои Худоро мерасонд,+ рафт. Ӯ зани Шаллуми писари Тиқвои писари Ҳарҳаси нигаҳбони либосҳо буд ва дар Чоряки Дуюми Ерусалим зиндагӣ мекард. Онҳо омада, бо Ҳулдо дар ин бора гап заданд+ 23  ва ӯ ба онҳо гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ба марде, ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед: 24  “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар ин макон ва сокинонаш мусибат оварда,+ тамоми лаънатеро, ки аз китоб ба подшоҳи Яҳудо хонданд,+ ба ҷо меорам. 25  Азбаски онҳо маро тарк карданд+ ва ба худоёни дигар қурбониҳо оварда дуд мебароранд, то ки бо тамоми амали дастҳояшон маро ба хашм оранд,+ ғазабамро бар ин макон фурӯ мерезам ва он хомӯш намешавад”.+ 26  Вале ба шоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то аз Яҳува пурсон шавед, чунин гӯед: “Яҳува, Худои Исроил, дар бораи суханоне, ки шунидӣ,+ чунин мегӯяд: 27  “Азбаски дили ту нарм аст ва ту он чиро, ки Худо дар бораи ин макон ва сокинонаш гуфта буд, шунидиву пеши ӯ хоксор гаштӣ, азбаски ту хоксор гаштиву либосатро чок зада, пеши ман гиря кардӣ, ман низ туро шунидам,+— мегӯяд Яҳува.— 28  Аз ин рӯ ман туро ба гузаштагонат мепайвандам ва ту дар осоиштагӣ аз олам чашм пӯшида, ба қабри худ гузошта мешавӣ. Чашмони ту тамоми мусибатеро, ки бар ин макон ва сокинонаш меорам, нахоҳад дид”».+ Онҳо ин ҷавобро ба подшоҳ расонданд. 29  Подшоҳ паём фиристода, ҳамаи пирони Яҳудо ва Ерусалимро ҷамъ овард+ 30  ва ҳамроҳи тамоми мардуми Яҳудо, сокинони Ерусалим, коҳинон ва левизодагон — бо тамоми халқ, хурду калон, ба хонаи Яҳува рафт. Ӯ ҳамаи суханони китоби аҳдро, ки дар хонаи Яҳува ёфт шуда буд, бихонд, то онҳо бишнаванд.+ 31  Подшоҳ дар ҷойи худ истода, ба ҳузури Яҳува аҳд баст*,+ ки Яҳуваро пайравӣ мекунад ва суханони аҳдро, ки дар ин китоб навишта шудааст,+ ба ҷо оварда, амрҳо, ёдовариҳо ва дастурҳои ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони* худ риоя мекунад.+ 32  Беш аз ин, ӯ ҳамаи онҳоеро, ки дар Ерусалим ва Бинёмин буданд, уҳдадор кард, ки ин аҳдро риоя кунанд, ва сокинони Ерусалим мувофиқи аҳде, ки бо Худо, Худои бобоёнашон, бастанд, амал карданд.+ 33  Пас аз ин Юшиё тамоми чизҳои ҳаромро* аз ҳамаи заминҳои исроилиён нест кард+ ва дар Исроил ҳамаро ба ибодати Худояшон Яҳува ҷалб намуд. Тамоми умри ӯ онҳо аз пайравии Яҳува, Худои бобоёнашон, дур нашуданд.

Поварақҳо

Ашера — ниг. ба луғат.
Ашера — ниг. ба луғат.
Ашера — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «хона».
Ё «боркашон».
Ё «Шариати».
Ё «китоби Шариатро».
Ё «аз нав аҳд баст».
Ҷон — ниг. ба луғат.
Ё «бутҳоро».