2 Воқеанома 9:1-31
9 Маликаи Сабо+ овозаи Сулаймонро шунида ба Ерусалим омад, ки ӯро бо муаммоҳо бисанҷад. Вай бо шумораи бениҳоят зиёди ходимонаш, ҳамчунин бо равғани хушбӯй ва тиллову+ сангҳои қиматбаҳои беҳад бисёре, ки бар шутурон буданд, омад. Ӯ назди Сулаймон омада, дар бораи ҳар чӣ дар дилаш буд, гуфтугӯ кард+
2 ва Сулаймон ҳалли ҳамаи муаммоҳои ӯро ёфт: чизе барои Сулаймон чандон душвор набуд*, ки ӯ ба малика фаҳмонда натавониста бошад.
3 Вақте ки маликаи Сабо хиради Сулаймон,+ хонаеро, ки вай бино карда буд,+
4 хӯроки дастархони ӯ,+ ходимонеро, ки дар сари он менишастанд, рафтори пешхизматону сарулибоси онҳо, соқиёну сарулибоси онҳо ва ҳамчунин қурбониҳои сӯхтаниеро, ки ӯ доимо дар хонаи Яҳува меовард,+ дид, ҳуш аз сараш парид*.
5 Ӯ ба подшоҳ гуфт: «Овозае, ки ман дар бораи комёбиҳо* ва хиради ту дар замини худ шунида будам, рост баромад.
6 Вале, то даме ки омада, ҳамаи инро бо чашми худ надидам,+ ба он овозаҳо бовар намекардам. Ҳоло бошад, фаҳмидам, ки ба ман ҳатто нисфи хиради бузурги туро нагуфта будаанд.+ Овозаи шунидаам дар пеши бузургии ту ҳеҷ аст.+
7 Хушбахтанд одамони ту ва хушбахтанд ходимони ту, ки доимо дар пешат истода, хиради туро мешунаванд!
8 Худоят Яҳуваро, ки туро хуш карда чун подшоҳи Худоят Яҳува бар тахти худ шинондааст, ҳамду сано бод! Худои ту Исроилро дӯст медорад+ ва, барои он ки он то абад устувор монад, туро бар он подшоҳ кардааст, то аз рӯйи адлу инсоф доварӣ намоӣ».
9 Сипас ӯ ба подшоҳ 120 киккар* тилло, равғани хушбӯйи зиёде ва сангҳои қиматбаҳоро тақдим кард.+ Баъд аз ин касе чунин равғани хушбӯе, ки маликаи Сабо ба шоҳ Сулаймон тақдим кард, наоварда буд.+
10 Хизматгорони Ҳиром ва хизматгорони Сулаймон ғайр аз тиллои Ӯфир+ чӯби сандал ва сангҳои қиматбаҳо меоварданд.+
11 Подшоҳ аз чӯби сандал зинапояҳои хонаи Яҳува+ ва қасри шоҳ,+ ҳамчунин чангу созҳои тории сарояндагонро сохт.+ Чунин чӯби сандалро пештар дар замини Яҳудо надида буданд.
12 Шоҳ Сулаймон низ ҳар чизеро, ки дили маликаи Сабо кашиду вай хоҳиш кард, беш аз он чӣ ӯ ба шоҳ оварда буд*, ба вай бидод. Баъд аз ин вай аз назди шоҳ рафта, бо ходимонаш ба сарзамини худ баргашт.+
13 Вазни тиллое, ки ҳар сол ба хазинаи Сулаймон меомад, 666 киккар буд.+
14 Ғайр аз ин, тоҷирони сайёр, савдогарон ва ҳамаи подшоҳони Арабистону ҳокимони замин ба Сулаймон тиллову нуқра меоварданд.+
15 Шоҳ Сулаймон аз тиллои омехта 200 сипари калон+ (ба ҳар як сипар 600 сиқл* тиллои омехта сарф шуд)+
16 ва 300 сипари хурд сохт (бар ҳар яки ин сипарҳо се мино* тилло сарф шуд). Он сипарҳоро подшоҳ дар хонаи Ҷангали Лубнон гузошт.+
17 Подшоҳ ҳамчунин аз устухони фил тахти боҳашамате сохт ва онро бо тиллои тоза рӯкаш кард.+
18 Сӯйи он тахт шаш зинапоя мебурд ва ба тахт поймонаки тиллоие мепайваст. Ду тарафи тахт дастмонакҳо дошт ва дар бари он дастмонакҳо ду шер+ меистод.
19 Бар шаш зинапоя 12 шер+ меистод, яктогӣ аз ду тарафи ҳар зинапоя. Тахте мисли он дар ягон мамлакати дигар сохта нашуда буд.
20 Ҳамаи ҷому пиёлаҳои шоҳ Сулаймон аз тилло буд ва ҳамаи ашёи хонаи Ҷангали Лубнон аз тиллои тоза буд. Чизе аз нуқра сохта нашуда буд, зеро нуқра дар рӯзҳои Сулаймон қадру қимате надошт.+
21 Киштиҳои шоҳ бо хизматгорони Ҳиром+ ба Таршиш сафар мекарданд+ ва киштиҳои таршишӣ дар се сол як бор пур аз тилло, нуқра, устухони фил,+ маймун ва товус меомаданд.
22 Шоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват ва хирад аз ҳамаи подшоҳони рӯйи замин бузургтар буд.+
23 Подшоҳони тамоми замин толиби дидори Сулаймон буданд ва хиради ӯро, ки Худо ба дилаш андохта буд, шунидан мехостанд.+
24 Ҳар яки онҳо бо туҳфаи худ — бо колои нуқраю тилло, либос,+ аслиҳа, равғани хушбӯй ва аспу хачирҳо, меомад ва ин сол аз сол давом меёфт.
25 Сулаймон барои аспҳову аробаҳояш 4000 аспхона сохта буд, ӯ 12 000 асп*+ дошт ва онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва дар назди шоҳ, дар Ерусалим, нигоҳ медошт.+
26 Ӯ аз дарёи бузург* сар карда то сарзамини фалиштиён ва сарҳади Миср бар тамоми подшоҳон ҳукмронӣ мекард.+
27 Подшоҳ нуқраро дар Ерусалим чун сангҳо ва чӯби сидраро чун тутанҷирҳои Шефило фаровон сохт.+
28 Аз Миср ва ҳамаи дигар кишварҳо ба Сулаймон асп меоварданд.+
29 Воқеаҳои дигари ҳаёти Сулаймон,+ аз аввал то охир, дар навиштаҳои Нотони+ пайғамбар, пешгӯйиҳои Аҳиёи+ шилӯнӣ, навиштаҷоти рӯъёҳои Иддӯи+ пешбин, ки дар бораи Ёробъоми+ писари Набот буд, оварда шудаанд.
30 Сулаймон дар Ерусалим бар тамоми Исроил 40 сол ҳукмронӣ кард.
31 Сулаймон ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар Шаҳри Довуди падараш гӯронданд.+ Ба ҷойи ӯ писараш Раҳабъом подшоҳ шуд.+
Поварақҳо
^ Дар матни асл «пӯшида набуд».
^ Дар матни асл «дар ӯ дигар рӯҳ намонд».
^ Ё «суханон».
^ Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё, эҳтимол, «илова бар ҳадияҳое, ки арзишашон ба чизҳои овардаи ӯ баробар буд».
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Вазни «мино»-е, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ омадааст, ба 570 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё «аспсавор».
^ Яъне дарёи Фурот.