2 Мӯсо 20:1-26
20 Пас аз ин Худо чунин гуфт:+
2 «Ман Худоят Яҳува ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ, берун овардам.+
3 Туро ғайр аз ман худои дигаре набошад.+
4 Барои худ ҳеҷ гуна буте ва ё чизе ба шакли он чӣ дар осмон, замин ва ё обҳои зери замин аст, насоз.+
5 Ба онҳо саҷда набар ва фирефта шуда онҳоро парастиш накун,+ зеро ман Худои ту, Яҳува, ҳастам, Худое, ки аз шахс вафодории бекаму костро металабад+ ва барои гуноҳи падарон, гуноҳи касоне, ки маро бад мебинанд, писарони онҳо ва насли сеюму чорумашонро ҷазо медиҳам,
6 аммо ба касоне, ки маро дӯст медоранд ва амрҳои маро риоя мекунанд,+ то насли ҳазорумашон меҳру вафо нишон медиҳам.
7 Номи Худоят Яҳуваро беҳуда* ба забон нагир,+ зеро Яҳува ҳар киро, ки номи ӯро беҳуда* ба забон гирад, бе ҷазо намемонад.+
8 Дар хотир дор, ки рӯзи шанбе рӯзи муқаддас аст.+
9 Тамоми кору бор ва меҳнататро дар муддати шаш рӯз ба амал ор,+
10 аммо рӯзи ҳафтум рӯзи шанбеи Худоят Яҳува аст. Дар он рӯз ягон кор накун, на худат, на писарат, на духтарат, на ғуломат, на канизат, на чорпоят ва на ғарибе, ки дар шаҳри туст,+
11 зеро Яҳува дар шаш рӯз осмону замин, баҳр ва ҳар он чиро, ки дар он аст, сохт ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт.+ Барои ҳамин Яҳува рӯзи шанберо баракат дод ва онро муқаддас гардонд.
12 Падару модаратро иззат кун,+ то дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, умри дароз бинӣ.+
13 Одам накуш.+
14 Ба ҳамсарат хиёнат накун.+
15 Дуздӣ накун.+
16 Дар ҳаққи ёрат шоҳидии дурӯғ надеҳ.+
17 Хонаи ёри худро ҳавас накун. Зани ёрат,+ ғулом, каниз, гов, хар ва ё чизи дигари ӯро ҳавас накун».+
18 Тамоми мардум раъду барқ, садои шох ва дуд кардани кӯҳро диданду шуниданд ва ба ларза омада, ба кӯҳ наздик нашуданд.+
19 Онҳо ба Мӯсо гуфтанд: «Ту бо мо сухан бигӯ ва мо гӯш мекунем, аммо бигзор Худо бо мо сухан нагӯяд, мабодо бимирем».+
20 Мӯсо дар ҷавоб гуфт: «Натарсед, зеро Худо барои он омадааст, ки шуморо имтиҳон кунад,+ то тарси ӯ дар дилатон ҷо шавад ва шумо гуноҳ накунед».+
21 Мардум дар ҷояшон, дар дурӣ, истоданд, аммо Мӯсо ба абри сиёҳ, ки Худо дар он буд, наздик шуд.+
22 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Шумо бо чашмони худ дидед, ки ман бо шумо аз осмон гап задам.+
23 Барои худ аз нуқра ё тилло худо насозед ва дар баробари ман онҳоро парастиш накунед.+
24 Барои ман аз гил қурбонгоҳ бисоз ва дар он аз гову моли худ қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ биёр. Дар ҳар ҷое ки хоҳам мардум маро парастиш кунад*,+ ман наздат меоям ва туро баракат медиҳам.
25 Агар қурбонгоҳи сангин барои ман бино кунӣ, онро аз сангҳои тарошида насоз,+ зеро, агар ба қурбонгоҳам исканаро бирасонӣ, онро нопок месозӣ.
26 Ҳамчунин бар қурбонгоҳи ман бо зинапоя набаро, то вақти баромадан узвҳои ҷинсиат* бар он натобад”.
Поварақҳо
^ Ё «ба таври ношоиста».
^ Ё «ба таври ношоиста».
^ Ё «номи маро ёд кунад; номи маро зикр кунад».
^ Дар матни асл «бараҳнагият».