2 Мӯсо 25:1-40

  • Ҳадияҳо барои хаймаи муқаддас (1–9)

  • Сандуқ (10–22)

  • Миз (23–30)

  • Чароғпоя (31–40)

25  Яҳува ба Мӯсо гуфт:  «Ба мардуми Исроил бигӯ, ки барои ман ҳадия биёранд; аз ҳар касе, ки дилаш хоҳад, ҳадияҳо бигиред.+  Аз онҳо чунин ҳадияҳоро ҷамъ кунед: тилло,+ нуқра,+ мис,+  риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ, катони нозук, пашми буз,  пӯсти қӯчқор, ки ранги сурх карда бошад, пӯсти хуки обӣ*, чӯби дарахти ақоқиё,+  равған барои чароғҳо,+ шилми хушбӯ барои равғани тадҳину*+ бухури хушбӯ,+  санги рухом ва дигар сангҳое, ки дар пешбанд+ ва пешовези+ саркоҳин гузошта мешаванд.  Бигзор онҳо бароям муқаддасгоҳ бисозанд, то ман дар миёнашон бошам*.+  Хаймаи муқаддасро ҳамроҳи тамоми ашёаш аз рӯйи намунае, ки ба ту нишон медиҳам, бисозед.+ 10  Бигзор онҳо аз чӯби дарахти ақоқиё сандуқе бисозанд, ки дарозияш дую ним газ*, бараш яку ним газ ва баландияш яку ним газ бошад.+ 11  Онро бо тиллои тоза бипӯшон.+ Даруну берунашро бо тиллои тоза бипӯшон ва гирдогирдаш аз тилло ҳошияе бисоз.+ 12  Барои он чор ҳалқаи тилло бирез ва онҳоро бар болои чор пояи он бичаспон: ду ҳалқаро дар як тарафи сандуқ, ду ҳалқаи дигарро дар тарафи дигари он. 13  Аз дарахти ақоқиё ходаҳо сохта, онҳоро бо тилло бипӯшон.+ 14  Он ходаҳоро ба ҳалқаҳои паҳлуҳои сандуқ дарор, то сандуқро бардошта, аз як ҷо ба ҷойи дигар баред. 15  Ин ходаҳо бояд дар ҳалқаҳои сандуқ бимонанд; онҳоро аз даруни ҳалқаҳо нагиред.+ 16  Лавҳаҳои шаҳодатро, ки ман ба ту медиҳам, дар даруни сандуқ бимон.+ 17  Барои сандуқ аз тиллои тоза сарпӯше бисоз, ки дарозияш дую ним газ бошаду бараш яку ним газ.+ 18  Аз ду тарафи сарпӯш аз тилло ду фариштаи каррубӣ бисоз.+ Онҳоро бо болға кӯфта, бисоз. 19  Як каррубиро аз ин канори сарпӯш, дигарро аз он канор бисоз. 20  Болҳои каррубиён бояд ба боло паҳн шуда бошанд ва бо болҳояшон сарпӯшро бипӯшонанд.+ Каррубиён бояд рӯ ба рӯйи якдигар ҷойгир шаванд ва рӯйҳояшон бар сарпӯш хам бошад. 21  Сарпӯшро+ ба болои сандуқ гузор ва ба сандуқ лавҳаҳои шаҳодатро, ки ба ту медиҳам, бигузор. 22  Ман дар он ҷо ба ту намудор мешавам ва аз болои сарпӯш бо ту гап мезанам.+ Аз миёни ду каррубие, ки бар сандуқи шаҳодат ҳастанд, ман ҳар он чиро, ки ба исроилиён фармуданӣ шавам, маълум месозам. 23  Боз мизе+ аз дарахти ақоқиё бисоз, ки дарозияш ду газ, бараш як газ ва баландияш яку ним газ бошад.+ 24  Онро бо тиллои тоза бипӯшон ва гирдогирдаш ҳошияе аз тилло бисоз. 25  Гирдогирди он чорчӯбае аз тилло бисоз, ки паҳнияш як кафи даст* бошад ва гирдогирди он чорчӯба ҳошияе аз тилло бисоз. 26  Барои миз чор ҳалқаи тиллоӣ бисоз ва он ҳалқаҳоро аз чор гӯшаи он, аз ҷое ки чор почаи миз часпонда шудаанд, бичаспон. 27  Ҳалқаҳо бояд ба чорчӯба наздик бошанд, то аз онҳо ходаҳоро гузаронда, мизро бардошта шавад. 28  Ходаҳоро аз чӯби дарахти ақоқиё бисоз ва онҳоро бо тилло бипӯшон ва мизро бо онҳо бардоред. 29  Барои миз табақ, пиёла, кӯза ва косаҳое, ки аз онҳо ҳадияҳои рехтанӣ оварда мешавад, бисоз. Онҳоро аз тиллои тоза бисоз.+ 30  Дар он миз доим нони пешкашро ба ҳузури ман бимон.+ 31  Чароғпояе+ аз тиллои тоза бисоз. Онро бояд бо болға кӯфта бисозанд. Пояи он, танаи он, шохаҳои он, гулҷоя, муғҷаҳо ва ғунчаҳои он бояд аз пораи яклухти тилло сохта шаванд.+ 32  Чароғпоя бояд шаш шоха дошта бошад: се шоха аз як тараф, се шоха аз дигар тараф. 33  Дар ҳар шоха бояд се гулҷоя ба монанди гули бодом бошад. Дар ҳар шоха дум ба дум бояд гулҷояҳо, муғҷаҳо ва ғунчаҳо бошанд: ҳам дар шохаҳои ин тараф ва ҳам дар шохаҳои он тарафи чароғпоя. Ҳамаи инҳо бояд бар шаш шохаи чароғпоя бошанд. 34  Бар танаи чароғпоя бояд чор гулҷояе ба монанди гули бодом бошад. Дар он гулҷояву муғҷаю ғунчаҳо бояд дум ба дум биёянд. 35  Зери ду шохаи аввале, ки аз тана мебароянд, бояд муғҷа биёяд ва зери ду шохаи навбатӣ бояд муғҷа биёяд ва зери ду шохаи охирон низ бояд муғҷа биёяд: ҳамин тавр зери шаш шохае, ки аз тана мебароянд, бояд муғҷаҳо биёянд. 36  Муғҷаҳо, шохаҳо ва тамоми чароғпоя бояд аз як пораи яклухти тиллои тоза бо болға кӯфта, тайёр шавад.+ 37  Барои чароғпоя ҳафт чароғ бисоз то онҳо, вақте даргирон бошанд, равшанӣ кунанд.+ 38  Анбурҳо ва бухурдонҳои он бояд аз тиллои тоза бошанд.+ 39  Чароғпояро ҳамроҳи тамоми ин чизҳо аз як киккар* тиллои тоза бисоз. 40  Бодиққат бош, ки онҳоро аз рӯйи намунае, ки ба ту дар кӯҳ нишон додам, бисозӣ.+

Поварақҳо

Яъне тюлен.
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «дар миёнашон хайма занам».
Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як кафи даст тахминан ба 7,4 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.