2 Мӯсо 27:1-21

  • Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ (1–8)

  • Саҳн (9–19)

  • Равған барои чароғпоя (20, 21)

27  Аз чӯби дарахти ақоқиё қурбонгоҳ бисоз.+ Дарозияш панҷ газ* бошаду бараш панҷ газ. Он чоркунҷашакл бошаду баландияш се газ бошад.+  Бар чор кунҷи қурбонгоҳ чор шох+ бисоз. Қурбонгоҳ ва шохҳои он бояд яклухт бошанд* ва қурбонгоҳро бояд бо мис бипӯшонӣ.+  Тосҳо барои баровардани хокистари* қурбонгоҳ, хокандозҳо, косаҳо, чангакҳо ва бухурдонҳо бисоз. Тамоми ин ашёро аз мис бисоз.+  Барои қурбонгоҳ панҷараи мисине бисоз ва бар чор гӯшаи панҷара чор ҳалқаи мисин бисоз.  Онро зери канораи қурбонгоҳ, дар миёни қурбонгоҳ бимон.  Барои қурбонгоҳ аз чӯби дарахти ақоқиё ходаҳо бисоз ва онҳоро бо мис бипӯшон.  Ходаҳоро аз ду тараф ба ҳалқаҳо дароред, то вақти аз як ҷо ба дигар ҷо бурдани қурбонгоҳ онро бардошта шавад.+  Қурбонгоҳро аз тахтаҳо ба шакли сандуқи дарунхолӣ бисоз. Онро аз рӯйи намунае, ки Худо ба ту дар кӯҳ нишон дод, бисоз.+  Барои хаймаи муқаддас саҳн+ бисоз. Аз тарафи ҷануби он саҳн бигзор пардаҳои овезоне аз катони нозуки хушбофт бошанд. Аз тарафи ҷанубӣ дарозии парда 100 газ бошад.+ 10  Бигзор ин тарафи саҳн 20 сутун бо 20 пояи сӯрохдори мисин дошта бошад. Мехҳо ва пайвандакҳои сутунҳо бояд аз нуқра бошанд. 11  Дарозии пардаҳо аз тарафи шимолии саҳн низ бояд 100 газ бошад ва 20 сутун бо 20 пояи сӯрохдори мисин дошта бошад. Мехҳо ва пайвандакҳои сутунҳо бояд аз нуқра бошанд. 12  Дарозии пардаҳои ғарбии саҳн бояд 50 газ бошад. Барои он 10 сутун ва 10 пояи сӯрохдор бисоз. 13  Паҳнии саҳн аз тарафи шарқӣ, аз тарафи офтоббаро, бояд 50 газ бошад. 14  Аз як тараф бигзор пардаҳои дарозияшон 15 газ бошаду он се сутун бо се пояи сӯрохдор дошта бошад.+ 15  Аз дигар тараф бигзор пардаҳои дарозияшон 15 газ бошаду он се сутун бо се пояи сӯрохдор дошта бошад. 16  Даромадгоҳи саҳн бояд пардае дошта бошад, ки дарозии он 20 газ бошад. Парда бояд аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт тайёр шавад.+ Барои он чор сутун бо чор пояи сӯрохдор бисозед.+ 17  Ҳама сутунҳои гирду атрофи саҳн бояд пайвандакҳои нуқрагин ва мехҳои нуқрагин дошта бошанд, вале пояҳои сӯрохдори он бояд аз мис бошад.+ 18  Бигзор дарозии саҳн 100 газ,+ бараш 50 газ ва баландияш 5 газ бошад ва пардаҳои он аз катони нозуки хушбофт бояд тайёр шаванд. Пояҳои сӯрохдори он бояд аз мис сохта шаванд. 19  Тамоми ашёе, ки дар хизмати хаймаи муқаддас истифода мешаванд, бо тамоми мехҳои хайма ва мехҳои саҳн бояд аз мис бошанд.+ 20  Ба исроилиён бифармо, ки ба ту равғани тозаи кӯфташудаи зайтун биёранд, то чароғҳо доимо фурӯзон бошанд.+ 21  Бигзор Ҳорун ва писаронаш чароғҳоеро, ки дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардаи назди сандуқи шаҳодат,+ ҷойгиранд, аз бегоҳ то саҳар дар ҳузури Яҳува даргирон нигоҳ доранд.+ Ин барои исроилиён амри бардавом аст, то онҳо инро аз насл ба насл ба ҷо оранд.+

Поварақҳо

Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Яъне ин хел не ки шохҳо алоҳида сохта шаванду баъд часпонда шаванд.
Ё «хокистари равғанолуд», яъне хокистаре, ки чарбуи қурбониҳо бар он об шуда, рехтааст.