2 Мӯсо 29:1-46

  • Таъйин намудани коҳинон (1–37)

  • Ҳадияҳои ҳаррӯза (38–46)

29  Онҳоро ин тавр муқаддас гардон, то барои ман коҳин хизмат кунанд: буққаи ҷавон* ва ду қӯчқори беайб+  ва ҳамчунин фатир*, ҳалқакулчаҳои бехамиртуруши равғанӣ ва нончаҳои бехамиртуруши тунукеро, ки бо равған молида шудаанд,+ бигир. Ин нонҳоро аз орди гандумии маҳин бипаз  ва ба сабад+ андохта, ҳамроҳи буққаву ду қӯчқор ба ман пешкаш кун.  Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр+ ва ба онҳо бифармо, ки дар об шустушӯ кунанд.+  Сипас ба Ҳорун куртаи катакчадор, куртаи беостин, пешбанд ва пешовезро бипӯшон+ ва дар миёнаш камарбандро маҳкам бибанд.+  Бар сараш салла пӯшон ва аломати муқаддасро* бар он бибанд+  ва равғани тадҳинро*+ гирифта, бар сараш бирез ва ӯро тадҳин кун.+  Сипас писарони Ҳорунро оварда, ба онҳо курта пӯшон+  ва ба миёни онҳо ва падарашон миёнбанд бибанд ва бар сарашон кулоҳ бипӯшон. Ҳорун ва насли ӯ коҳинони ман хоҳанд буд — ин амри бардавом аст.+ Ҳорун ва писаронашро ҳамин тавр бароям коҳин таъйин кун*.+ 10  Баъд буққаро ба пеши хаймаи ҷомеъ биёр ва Ҳоруну писаронаш дастони худро бар сари он гузоранд.+ 11  Буққаро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, ба ҳузури Яҳува, сар бибур.+ 12  Ангушти худро ба хуни он тар карда, бар шохҳои қурбонгоҳ+ каме бимол, боқимондаашро бошад, бар бехи қурбонгоҳ бирез.+ 13  Сипас тамоми чарбуеро,+ ки рӯдаҳоро мепӯшонад, пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ду гурда ва чарбуеро, ки бар онҳост, гирифта, бар қурбонгоҳ бисӯзон, то онҳо дуд кунанд.+ 14  Аммо гӯшти буққа, пӯсти он ва саргини онро берун аз хаймагоҳ дар оташ бисӯзон. Ин қурбонии гуноҳ аст. 15  Сипас як қӯчқорро бигир ва Ҳоруну писаронаш дастони худро бар сари он бимонанд.+ 16  Қӯчқорро сар бибур ва хунашро гирифта, гирдогирди қурбонгоҳ бипош.+ 17  Қӯчқорро пора кун ва рӯдаҳову пойҳояшро бишӯ+ ва онҳоро бо калааш бар қурбонгоҳ гузор. 18  Тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, то дудаш барояд. Ин қурбонии сӯхтанист барои Яҳува, қурбонии хушбӯест*,+ ки барои Яҳува дар оташ сӯзонида мешавад. 19  Сипас қӯчқори дигарро бигир ва Ҳоруну писаронаш дастони худро бар сари он монанд.+ 20  Қӯчқорро сар бибур ва аз хуни он гирифта, ба нармаи гӯши рости Ҳорун ва писаронаш ва ҳамчунин бар сарангушти дасти рост ва сарангушти пойи рости онҳо бимол ва хунро гирдогирди қурбонгоҳ бипош. 21  Сипас аз хуни қурбонгоҳ ва аз равғани тадҳин+ каме гирифта, бар Ҳорун ва либосаш ва бар писаронашу либоси онҳо бипош, то ӯву писаронаш ва либосҳои онҳо поку муқаддас бошанд.+ 22  Аз қӯчқор чарбу, дунба, чарбуеро, ки рӯдаҳоро мепӯшонад, пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ду гурда ва чарбуеро, ки бар онҳост,+ ҳамроҳи пойи рости он бигир, зеро ин қӯчқори маросими таъйинсозӣ аст.+ 23  Ҳамчунин фатир, ҳалқакулчаи равғанӣ ва нончаи тунукро аз сабади нони бехамиртуруше, ки ба ҳузури Яҳува аст, бигир. 24  Ҳамаи ин чизҳоро ба дасти Ҳоруну писаронаш бигузор ва, чун ҳадияи ҷунбониданӣ ба ҳузури Яҳува ин тарафу он тараф биҷунбон. 25  Сипас ин чизҳоро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ, дар болои қурбонии сӯхтанӣ, чун қурбонии хушбӯй* барои Яҳува, бисӯзон. Ин қурбониест, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонида мешавад. 26  Синаи қӯчқори таъйинсозиро,+ ки барои Ҳорун оварда шудааст, бигир ва онро чун ҳадияи ҷунбониданӣ ба ҳузури Яҳува ин тарафу он тараф биҷунбон ва он ҳиссаи ту мешавад. 27  Синаи ҳадияи ҷунбониданӣ ва пои ҳиссаи муқаддасеро, ки аз қӯчқори маросими таъйинсозӣ гирифта,+ ҷунбонида шуд ва барои Ҳоруну писаронаш оварда шуд, ҷудо кун. 28  Онҳо аз они Ҳорун ва писарони ӯянд. Исроилиён мувофиқи амри бардавом бояд онҳоро барои Ҳоруну писаронаш ҷудо кунанд. Ин ҳиссаи муқаддасест, ки исроилиён ба онҳо медиҳанд.+ Ин ҳиссаи муқаддасест барои Яҳува аз қурбониҳои осоиштагии исроилиён.+ 29  Либосҳои муқаддаси Ҳорунро+ баъд аз сари ӯ писаронаш, вақте тадҳин шуда, коҳин таъйин гарданд, истифода баранд.+ 30  Аз миёни писарони ӯ касе, ки баъд аз сари ӯ коҳин шуда, барои хизмат дар ҷойи муқаддас ба хаймаи ҷомеъ медарояд, бояд ҳафт рӯз ин либосҳоро пӯшад.+ 31  Қӯчқори таъйинсозиро гирифта, гӯшташро дар ҷойи муқаддас биҷӯшон.+ 32  Ҳорун ва писаронаш бояд гӯшти қӯчқор ва нони сабадеро, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ аст, бихӯранд.+ 33  Онҳо бояд қурбониеро, ки чун товон барои коҳин таъйин шудан ва муқаддас гаштани онҳо оварда шудааст, бихӯранд. Лекин одами ғайр* набояд аз он хӯрад, зеро он муқаддас аст.+ 34  Агар аз гӯшти қурбонии таъйинсозӣ ва аз нон чизе то саҳар бимонад, онро дар оташ бисӯзон.+ Онро набояд касе бихӯрад, зеро он муқаддас аст. 35  Бо Ҳорун ва писаронаш мувофиқи ҳар он чӣ ба ту фармудам, бикун. Барои коҳин таъйин кардани онҳо ҳафт рӯз даркор аст.+ 36  Ҳар рӯз ба сифати товон ва барои пок гардондани қурбонгоҳ аз гуноҳ буққаеро чун қурбонии гуноҳ биёр. Ҳамчунин бар қурбонгоҳ равған бипош. Ин нишонаи он мешавад, ки қурбонгоҳ барои парастиши Худо поку муқаддас гаштааст.+ 37  Барои аз гуноҳ пок кардани қурбонгоҳ ҳафт рӯз даркор аст. Ту бояд онро пок гардонӣ, то он поктарин қурбонгоҳ гардад.+ Ҳар кӣ ба он даст расонад, бояд пок бошад. 38  Ин аст он чӣ ту бояд бар қурбонгоҳ пешкаш кунӣ: ҳар рӯз, доимо, ду қӯчқори яксоларо пешкаш кун.+ 39  Як қӯчқори ҷавонро саҳар қурбон куну дигарашро вақти шом*.+ 40  Даҳяк эфа* орди маҳине, ки бо чоряк ҳин* равғани кӯфта омехта шудааст, ва ҳадияи рехтанӣ, ки аз чоряк ҳин шароб иборат аст, бояд бо қӯчқори якум пешкаш шавад. 41  Қӯчқори дуюмро низ бо ҳамон ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтание, ки саҳар оварда будӣ, вақти шом* пешкаш кун. Онро барои Яҳува чун қурбонии хушбӯй*, қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешавад, биёр. 42  Шумо ин қурбонии сӯхтаниро бояд доим, аз насл ба насл, биёред. Онро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, ба ҳузури Яҳува, биёр, ки он ҷо ман намудор мешавам, то бо ту сухан гӯям.+ 43  Дар он ҷо ман ба исроилиён намудор мешавам ва он ҷо аз ҷалоли ман муқаддас мегардад.+ 44  Ман хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро муқаддас мегардонам ва Ҳоруну писаронашро ҷудо мекунам,+ то бароям коҳин хизмат кунанд. 45  Ман дар миёни халқи Исроил хайма мезанам* ва Худои онҳо мешавам.+ 46  Он гоҳ онҳо хоҳанд донист, ки ман Яҳува Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро аз замини Миср берун овардам, то дар миёнашон бошам.+ Ман Яҳува Худои онҳо ҳастам.

Поварақҳо

Ё «ҷувона; навбас; тӯрпӣ».
Ё «нони бехамиртуруш».
Ё «аломати муқаддаси ба Худо бахшида шуданашро».
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «Дасти Ҳорун ва писаронашро пур кун».
Ё «оромбахшест».
Ё «оромбахш».
Яъне касе, ки аз хонадони Ҳорун нест.
Дар матни асл «байни ду бегоҳ».
Як эфа ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як ҳин ба 3,67 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Дар матни асл «байни ду бегоҳ».
Ё «оромбахш».
Ё «ҳузур хоҳам дошт».