2 Мӯсо 38:1-31

  • Қурбонгоҳи қурбониҳои сӯхтанӣ (1–7)

  • Тоси мисин (8)

  • Саҳн (9–20)

  • Рӯйхати ашёи хайма (21–31)

38  Ӯ аз чӯби дарахти ақоқиё қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ сохт. Он чоркунҷашакл буду дарозияш панҷ газ*, бараш панҷ газ ва баландияш се газ буд.+  Сипас ӯ бар чор кунҷи қурбонгоҳ шохҳо сохт. Қурбонгоҳ ва шохҳои он яклухт буданд ва ӯ онҳоро бо мис пӯшонд.+  Ӯ ҳамчунин тамоми ашёи қурбонгоҳ, яъне сатилҳо, хокандозҳо, косаҳо, чангакҳо ва бухурдонҳоро сохт. Ӯ ҳамаи инҳоро аз мис сохт.  Ҳамчунин барои қурбонгоҳ панҷараи мисине сохт ва онро зери канораи қурбонгоҳ, дар миёни қурбонгоҳ ҷойгир кард.  Ӯ бар чор гӯшаи қурбонгоҳ, назди панҷараи мисин, чор ҳалқае сохт, то ходаҳоро аз онҳо гузаронда шавад.  Пас аз ин ӯ аз чӯби дарахти ақоқиё ходаҳо сохт ва онҳоро бо мис пӯшонид.  Сипас ходаҳоро аз ду тараф ба ҳалқаҳо даровард, то қурбонгоҳро бардошта шавад. Ӯ қурбонгоҳро аз тахтаҳо ба шакли сандуқи дарунхолӣ сохт.  Баъди ин ӯ тоси мисине сохт+ ва пояи онро низ аз мис сохт. Ӯ ин чизҳоро аз оинаҳои* заноне, ки аз рӯйи тартиби муайяне дар даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ хизмат мекарданд, тайёр кард.  Пас аз ин ӯ саҳни хаймаи муқаддасро сохт.+ Аз тарафи ҷануби он саҳн пардаҳои овезоне аз катони нозуки хушбофт тайёр кард, ки дарозияшон 100 газ буд.+ 10  Он тарафи саҳн 20 сутун ва 20 пояи сӯрохдори мисин дошт ва мехҳову пайвандакҳои сутунҳо аз нуқра буданд. 11  Дарозии пардаҳо аз тарафи шимолии саҳн низ 100 газ буд ва 20 сутуну 20 пояи сӯрохдори онҳо мисин буданд. Мехҳо ва пайвандакҳои сутунҳо аз нуқра буданд. 12  Дарозии пардаҳои ғарбии саҳн 50 газ буд ва онҳо 10 сутуну 10 пояи сӯрохдор доштанд. Мехҳо ва пайвандакҳои сутунҳо аз нуқра буданд. 13  Паҳнии саҳн аз тарафи шарқӣ, аз тарафи офтоббаро, 50 газ буд. 14  Аз як тарафи даромадгоҳ 15 газ парда буд, ки се сутун ва се пояи сӯрохдор доштанд. 15  Аз дигар тарафи даромадгоҳи хайма ҳам 15 газ парда буд, ки се сутун ва се пояи сӯрохдор доштанд. 16  Тамоми пардаҳои овезони гирдогирди саҳн аз катони нозуки хушбофт буданд. 17  Пояҳои сӯрохдори сутунҳо аз мис ва мехҳову пайвандакҳои онҳо аз нуқра сохта шуда буданд. Болои сутунҳо нуқрапӯш буд ва пайвандакҳои тамоми сутунҳои саҳн аз нуқра буданд.+ 18  Пардаи даромадгоҳи саҳн аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозуки хушбофт бофта шуда буд. Дарозии он 20 газ буду баландияш мисли баландии пардаҳои овезони саҳн 5 газ буд.+ 19  Чор сутун ва чор пояи сӯрохдори он аз мис буд. Мехҳо ва пайвандакҳо аз нуқра буданду болои сутунҳо нуқрапӯш. 20  Ҳамаи мехҳои рӯпӯшҳои хайма ва мехҳои пардаҳои саҳн аз мис буданд.+ 21  Мӯсо фармуд, ки рӯйхати ашёи хайма, яъне хаймаи шаҳодат,+ тартиб дода шавад. Ин корро левизодагон+ зери назорати Итомори+ писари Ҳоруни коҳин ба ҷо оварданд. 22  Басалъил,+ писари Урӣ, писари Ҳур, ки аз қабилаи Яҳудо буд, ҳар он чиро, ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, ба ҷо овард 23  ва Оҳолиоб,+ писари Аҳисомак, ки аз қабилаи Дон буд, ҳамроҳи ӯ буд. Ӯ марди ҳунарманду гулдӯз буд ва аз риштаи кабуд, пашми бунафшранг, матои арғувонӣ ва катони нозук бофта метавонист. 24  Тиллое, ки чун ҳадияи ҷунбониданӣ оварда шуд,+ барои ба ҷо овардани тамоми кори ҷойи муқаддас истифода шуд. Он ба 29 киккар* ва 730 сиқл*, аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас, баробар буд. 25  Нуқраи ҳамаи онҳое, ки аз байни мардум саршуморӣ шуданд, ба 100 киккар ва 1775 сиқл, аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас, баробар буд. 26  Касони 20-сола ва аз 20 боло, ки саршуморӣ шуда буданд, нимсиқлӣ ҳадия оварданд.+ Ним сиқли онҳо ба сиқли намунавии ҷойи муқаддас мувофиқат мекард. Шумораи онҳое, ки нуқра оварданд, ҳамагӣ 603 550 нафар буд.+ 27  Барои рехтани пояҳои сӯрохдори хаймаи муқаддас* ва пояҳои сӯрохдори парда 100 киккар нуқра сарф шуд. Барои 100 пояи сӯрохдор 100 киккар сарф шуд: барои ҳар пояи сӯрохдор+ як киккар. 28  Аз 1775 сиқл нуқра ӯ мехҳо барои сутунҳо сохт ва болои онҳоро нуқрапӯш карда, онҳоро ба ҳам пайваст. 29  Мисе, ки чун ҳадияи ҷунбониданӣ оварда шуд, ба 70 киккар ва 2400 сиқл баробар буд. 30  Аз ин мис ӯ пояҳои сӯрохдори даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, қурбонгоҳи мисин ва панҷараи мисини он, тамоми ашёи қурбонгоҳ, 31  пояҳои сӯрохдори гирдогирди саҳн, пояҳои сӯрохдори даромадгоҳи саҳн, тамоми мехҳои пардаҳои хаймаи муқаддас ва тамоми мехҳои пардаҳои саҳнро сохт.+

Поварақҳо

Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Дар замонҳои қадим оинаҳои дастӣ асосан аз филизҳои гуногун, ба мисли биринҷиву мис, сохта мешуданд. Баъдтар бошад, онҳоро аз қалъагӣ, нуқра ва ҳатто аз тилло тайёр мекарданд.
Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «ҷойи муқаддас».