2 Мӯсо 40:1-38

  • Барпо кардани хаймаи муқаддас (1–33)

  • Хаймаи муқаддас аз ҷалоли Яҳува пур мешавад (34–38)

40  Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт:  «Дар рӯзи якуми моҳи якум хаймаи муқаддас, яъне хаймаи ҷомеъро, барпо кун.+  Дар даруни он сандуқи шаҳодатро бимон+ ва роҳ ба сандуқро бо парда бипӯшон.+  Мизро+ оварда, ашёашро бар он гузор ва чароғпояро+ дароварда, чароғҳояшро даргирон.+  Қурбонгоҳи тиллоӣ, яъне қурбонгоҳи бухурсӯзиро,+ пеши сандуқи шаҳодат бигузор ва пардаи даромадгоҳи хаймаи муқаддасро дар ҷояш биовез.+  Назди даромадгоҳи хаймаи муқаддас, ё худ хаймаи ҷомеъ, қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бимон.+  Дар байни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ тоси шустушӯйро бимон ва ба он об рез.+  Гирдогирди хайма саҳнро бисоз+ ва пардаи даромадгоҳи саҳнро+ дар ҷояш биовез.  Сипас равғани тадҳинро*+ бигир ва ба хайма ва ҳар он чизе, ки дар он аст, бимол;+ хайма ва тамоми ашёи онро барои хизмати ман ҷудо кун* ва он муқаддас мегардад. 10  Ба қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва тамоми ашёаш равғани тадҳин бимол ва қурбонгоҳро барои хизмати ман ҷудо кун* ва он поктарин қурбонгоҳ мешавад.+ 11  Ба тоси шустушӯй ва пояаш равған бимол ва онро барои хизмати ман ҷудо кун. 12  Сипас Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр ва онҳоро дар об бишӯй.+ 13  Бар тани Ҳорун либоси муқаддасро бипӯшон+ ва ӯро тадҳин намуда,+ барои хизмати ман ҷудо кун, то бароям коҳин бошад. 14  Пас аз ин писаронашро наздик биёр ва ба онҳо курта бипӯшон.+ 15  Онҳоро низ мисли падарашон тадҳин кун,+ то бароям коҳин хизмат кунанд, ва тадҳин шудани онҳо нишон хоҳад дод, ки онҳо аз насл ба насл коҳинони ман хоҳанд буд».+ 16  Мӯсо ҳар он чиро, ки Яҳува фармуда буд, ба ҷо овард. Ӯ айнан ҳамон тавре кард, ки Худо фармуда буд.+ 17  Дар моҳи якуми соли дуюм, дар рӯзи якуми моҳ, хайма гузошта шуд.+ 18  Вақте Мӯсо хаймаро гузошт, ӯ пояҳои сӯрохдорашро+ монд, тахтаҳоро+ рост кард, ғалақаҳояшро+ гузаронд ва сутунҳои онро дар ҷояшон гузошт. 19  Ӯ бар хайма чодарро+ паҳн кард ва бар чодар рӯпӯшро+ гузошт, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 20  Баъди ин ӯ лавҳаҳои шаҳодатро+ ба даруни сандуқ+ гузошт ва ходаҳоро+ ба ҳалқаҳои сандуқ даровард ва онро бо сарпӯшаш+ пӯшонд.+ 21  Ӯ сандуқро ба хайма даровард ва бо пардаи ҷудокунанда+ роҳ ба сандуқи шаҳодатро пӯшонд,+ ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 22  Баъд мизро+ дар даруни хаймаи ҷомеъ, аз тарафи шимолии он, берун аз парда, гузошт 23  ва бар он ба ҳузури Яҳува як даста нонро+ гузошт, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 24  Ӯ дар даруни хаймаи ҷомеъ, дар тарафи ҷанубии хаймаи муқаддас, дар рӯ ба рӯйи миз, чароғпояро+ гузошт. 25  Ӯ чароғҳоро+ дар ҳузури Яҳува даргиронд, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 26  Сипас дар хаймаи ҷомеъ, пеш аз парда, қурбонгоҳи тиллоиро+ гузошт, 27  то бар он бухури хушбӯй+ сӯзонда дуд кунад,+ ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 28  Баъд ӯ пардаи даромадгоҳи хаймаро+ дар ҷояш овехт. 29  Ӯ назди даромадгоҳи хаймаи муқаддас ё худ хаймаи ҷомеъ қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро+ гузошт, то бар он қурбонии сӯхтанӣ+ ва ҳадияи ғалларо биёрад, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 30  Сипас ӯ тоси шустушӯйро байни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ гузошт ва барои шустушӯй дар он об рехт.+ 31  Мӯсо ва Ҳоруну писаронаш дар он дасту пойҳои худро шустанд. 32  Онҳо доимо, пеш аз он ки ба хаймаи ҷомеъ дароянд ё ба қурбонгоҳ наздик шаванд, шустушӯй мекарданд,+ ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 33  Ниҳоят ӯ гирдогирди хайма ва қурбонгоҳ саҳнро+ сохт ва пардаи даромадгоҳи саҳнро дар ҷояш овехт.+ Мӯсо корро тамом кард 34  ва абр хаймаи ҷомеъро пӯшонду ҷалоли Яҳува хаймаи муқаддасро пур кард.+ 35  Мӯсо наметавонист ба даруни хаймаи ҷомеъ дарояд, зеро абр дар болои он истода буд ва ҷалоли Яҳува хаймаро пур карда буд.+ 36  Вақте абр аз хаймаи муқаддас дур шуда боло мерафт, исроилиён ба сафар мебаромаданд.+ 37  Аммо, агар абр аз хаймаи муқаддас дур шуда боло намерафт, онҳо то вақти боло баромадани он дар ҳамон ҷо мемонданд.+ 38  Дар муддати тамоми сафарашон тамоми хонадони Исроил медид, ки рӯзона дар болои хаймаи муқаддас абри Яҳува буд, шабона бошад, оташ.+

Поварақҳо

Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «асбобу анҷоми онро поку муқаддас гардон».
Ё «қурбонгоҳро поку муқаддас гардон».