2 Мӯсо 8:1-32
8 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Назди фиръавн бирав ва ба вай бигӯй: “Яҳува чунин мегӯяд: “Халқи маро ҷавоб деҳ, то маро парастиш кунад.+
2 Агар якравӣ кардан гирӣ, ман бар сарат балои дигаре меорам: ман тамоми замини туро бо қурбоққаҳо пур месозам.+
3 Тамоми дарёи Нил пур аз қурбоққа мешавад ва онҳо баромада, ба хонаат, ба хонаи хобат, ба ҷойхобат, ба хонаҳои хизматгоронат ва халқат, ба танӯрҳоят ва лаганҳои хамират медароянд.+
4 Қурбоққаҳо бар ту, тамоми халқат ва хизматгоронат ҳуҷум мекунанд”».
5 Яҳува баъдтар ба Мӯсо гуфт: «Ба Ҳорун чунин бигӯй: “Асоятро гирифта, дастатро бар дарёҳо, бар шохобҳои дарёи Нил ва ботлоқҳо дароз кун, то аз онҳо қурбоққаҳо баромада, тамоми замини Мисрро пур кунанд”».
6 Ҳорун дасташро бар обҳои Миср дароз кард ва аз онҳо қурбоққаҳо баромада, замини Мисрро пур карданд.
7 Лекин коҳинони ҷодугар низ ҷодуи худро ба кор бурданд ва бар замини Миср қурбоққаҳоро бароварданд.+
8 Он гоҳ фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро назди худ хонда, гуфт: «Аз Яҳува илтимос кунед, то ки қурбоққаҳоро аз ман ва мардумам дур созад,+ зеро ман мехоҳам халқро ҷавоб диҳам, то онҳо рафта, ба Яҳува қурбонӣ оранд».
9 Баъд Мӯсо ба фиръавн гуфт: «Хоҳиш мекунам, худат бигӯ, ки кай дуо бигӯям, то ту, хизматгорони ту ва хонаҳоят аз қурбоққаҳо халос шавед. Қурбоққаҳо фақат дар дарёи Нил мемонанд».
10 Фиръавн гуфт: «Пагоҳ». Он гоҳ ӯ гуфт: «Бигзор гуфти ту шавад, то ту бидонӣ, ки мисли Худои мо, Яҳува, касе нест.+
11 Қурбоққаҳо аз ту, аз хонаат, аз хизматгоронат ва аз халқат дур мешаванд. Онҳо фақат дар дарёи Нил мемонанд».+
12 Мӯсо ва Ҳорун аз назди фиръавн баромаданд ва Мӯсо аз Яҳува илтимос кард, ки қурбоққаҳоро, ки бар сари фиръавн оварда буд, дур кунад.+
13 Он гоҳ Яҳува илтимоси Мӯсоро қабул кард ва қурбоққаҳо дар хонаҳо, ҳавлиҳо ва саҳроҳо мурдан гирифтанд
14 ва одамон онҳоро тӯда-тӯда ҷамъ меоварданд. Шумораи қурбоққаҳо чунон зиёд буд, ки замин бадбӯй гашт.
15 Вақте фиръавн дид, ки аз қурбоққаҳо халос шуд, дили худро сахт кард+ ва, чи тавре ки Яҳува гуфта буд, ба сухани Мӯсову Ҳорун гӯш надод.
16 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: “Асои худро дароз кун ва хоки заминро зарба зан ва он дар тамоми замини Миср ба хомӯшакҳо табдил меёбад”».
17 Онҳо ҳамин тавр карданд. Ҳорун асои худро дароз карда, хоки заминро зарба зад ва хомӯшакҳо бар одамону ҳайвонот ҳуҷум карданд. Тамоми хоки замини Миср ба хомӯшакҳо табдил ёфт.+
18 Коҳинони ҷодугар низ кӯшиш карданд, ки бо ҷодуи худ+ хомӯшакҳоро ба вуҷуд оранд, аммо натавонистанд. Вақте хомӯшакҳо бар одамону ҳайвонот ҳамла карданд,
19 коҳинони ҷодугар ба фиръавн гуфтанд: «Ин ангушти Худост!»+ Аммо дили фиръавн аз якравиаш намонд ва ӯ, чи хеле ки Яҳува гуфта буд, ба онҳо гӯш надод.
20 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Саҳари барвақт хеста, дар пеши роҳи фиръавн биист. Ӯ сӯйи дарё меравад ва, вақте ӯро бубинӣ, ба вай бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Халқи маро ҷавоб деҳ, то маро парастиш кунанд.
21 Агар халқи маро ҷавоб надиҳӣ, ман бар ту, хизматгорони ту, халқи ту ва хонаҳои ту хармагасҳоро* мефиристам. Хонаҳои Миср пур аз хармагас мегардад ва онҳо ҳатто сатҳи заминро мепӯшонанд.
22 Дар он рӯз ман бар замини Ҷӯшан, ки халқам дар он зиндагӣ мекунад, ин балоро намеорам. Дар он ҷо хармагасҳо намешаванд+ ва аз ҳамин ту мефаҳмӣ, ки ман, Яҳува, дар ин замин ҳастам.+
23 Ман миёни халқи худ ва халқи ту фарқе мегузорам. Пагоҳ ин аломат ба амал меояд”».
24 Яҳува ҳамин тавр кард ва селаи зиёди хармагасҳо ба хонаи фиръавн ва хонаҳои хизматгоронаш ва тамоми замини Миср ҳуҷум карданд+ ва замин аз дасти магасҳо хароб гардид.+
25 Оқибат, фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро хонда, гуфт: «Биравед ва ба Худои худ дар ин замин қурбонӣ оред».
26 Аммо Мӯсо ҷавоб дод: «Ин корро кардан мумкин нест, зеро қурбоние, ки мо барои Яҳува Худои худ меорем, дар назари мисриён бад аст.+ Агар мо дар пеши чашми мисриён қурбоние орем, ки дар назарашон бад бошад, магар онҳо моро сангсор намекунанд?
27 Мо роҳи серӯзаро тай намуда, ба биёбон меравем ва дар он ҷо ба Худои худ Яҳува, чи тавре ки ӯ ба мо фармудааст, қурбонӣ меорем».+
28 Фиръавн гуфт: «Майлаш, ман шуморо ҷавоб медиҳам, то рафта, дар биёбон барои Худои худ Яҳува қурбонӣ оред. Фақат ки бисёр дур наравед. Дар ҳаққи ман ҳам дуо гӯед».+
29 Он гоҳ Мӯсо дар ҷавоб гуфт: «Инак, ман аз пеши ту меравам ва аз Яҳува илтимос мекунам ва хармагасҳо аз фиръавн, хизматгоронаш ва халқаш пагоҳ дур мешаванд. Лекин бигзор фиръавн дигар бо мо найрангбозӣ накунад ва моро ҷавоб диҳад, то рафта, ба Яҳува қурбонӣ орем».+
30 Мӯсо аз пеши фиръавн баромада, ба Яҳува дуо гуфт.+
31 Яҳува дуои Мӯсоро шунид ва хармагасҳо аз фиръавн, хизматгоронаш ва халқаш дур шуданд, ба тавре ки як хармагас ҳам намонд.
32 Аммо фиръавн боз дили худро сахт кард ва халқро ҷавоб надод.
Поварақҳо
^ Хармагас — як навъ пашаи калони газанда.