2 Подшоҳон 17:1-29
17 Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки 12 000 ҷанговарро интихоб намоям ва худи ҳамин шаб хеста, аз паси Довуд сур кунам.
2 Ман ба ӯ ҳангоми хаставу бемадор+ буданаш ҳамла оварда, ӯро ба тарсу ҳарос меорам. Тамоми мардуме, ки бо ӯянд, рӯ ба гурез меоранд ва ман танҳо подшоҳро мекушам.+
3 Он гоҳ ман тамоми халқро ба назди ту бармегардонам. Баргаштани халқ ба он вобаста аст, ки бо марде, ки ӯро ҷустуҷӯ мекунӣ, чӣ мешавад. Он гоҳ тамоми халқ орому осуда мегардад».
4 Ин пешниҳод дар назари Абшолӯм ва ҳамаи пирони Исроил хуб буд.
5 Вале Абшолӯм гуфт: «Ҳушойи+ аркиро низ даъват кунед, то шунавем, ки ӯ чӣ мегӯяд».
6 Вақте ки Ҳушой ба назди Абшолӯм омад, Абшолӯм ба вай гуфт: «Аҳитӯфал чунин маслиҳат дод. Оё ба гуфти вай кунем? Агар розӣ набошӣ, бигӯ, ки чӣ кор кунем».
7 Он гоҳ Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Ин дафъа маслиҳати Аҳитӯфал хуб нест».+
8 Ҳушой давом дода гуфт: «Ту нағз медонӣ, ки падарат ва одамонаш пурзӯранд+ ва мисли хирси саҳро, ки бачаҳояшро гум кардааст, бадхашм ҳастанд.+ Беш аз ин, падари ту ҷанговар аст+ ва шаб дар байни халқ намехобад.
9 Вай ҳоло дар яке аз ғорҳо* ё ҷойи дигаре пинҳон шудааст.+ Агар ӯ якум ҳамла орад, касоне, ки аз ин хабар меёбанд, мегӯянд: “Пайравони Абшолӯм шикаст хӯрданд!”
10 Он гоҳ ҳатто марди шердил+ аз тарс бемаҷол мегардад, зеро тамоми Исроил медонад, ки падарат марди пурзӯр аст+ ва одамонаш далеранд.
11 Маслиҳати ман ин аст: бигзор тамоми Исроил аз Дон то Баир-Шобаъ+ дар наздат ҷамъ шавад ва ту ин мардумро, ки мисли реги баҳр сону шумор надорад,+ ба ҷанг бибар.
12 Мо, дар ҳар ҷое ки ӯ бошад, бар зидди ӯ мебароем ва мисли шабнаме, ки бар замин мерезад, ба ӯ ҳуҷум меорем ва ягонтои онҳо, на худи ӯ ва на одамонаш, халос нахоҳад шуд.
13 Агар ӯ ба шаҳре гурезад, тамоми Исроил ба он ҷо бандҳо оварда, онро ба водӣ мекашад ва ҳатто сангчае аз он боқӣ намемонад».
14 Абшолӯм ва тамоми мардуми Исроил гуфтанд: «Маслиҳати Ҳушойи аркӣ аз маслиҳати Аҳитӯфал беҳтар аст!»,+ зеро Яҳува қарор карда буд, ки нақшаи Аҳитӯфалро, ҳарчанд он беҳтар буд, барбод диҳад,+ то ки Яҳува бар сари Абшолӯм бало орад.+
15 Баъд аз он Ҳушой ба коҳинон Содӯқ ва Абётор+ гуфт: «Аҳитӯфал ба Абшолӯм ва пирони Исроил чунин маслиҳат дод ва ман чунин маслиҳат додам.
16 Зудтар ба Довуд хабар фиристода ӯро огоҳ кунед: “Имшаб дар пастобҳои* биёбон наист, балки ҳатман ба он тараф гузар, вагарна подшоҳ ва тамоми мардуме, ки бо ӯянд, нобуд мешаванд”».+
17 Юнотону+ Аҳимаас+ дар Эйн-Рӯҷил+ буданд, зеро метарсиданд, ки, агар ба шаҳр дароянд, касе онҳоро мебинад. Барои ҳамин канизаке рафта, ба онҳо хабар дод ва онҳо ба назди шоҳ Довуд равона шуданд, то ба ӯ ҳамаашро нақл кунанд.
18 Лекин ҷавоне онҳоро дид ва инро ба Абшолӯм хабар дод. Аз ин рӯ ҳар дуи онҳо зуд аз он ҷо рафтанд ва ба Баҳурим,+ ба хонаи марде, ки дар ҳавлияш чоҳе дошт, омаданд. Онҳо ба даруни чоҳ даромаданд
19 ва зани он мард даҳони чоҳро пӯшонд ва ба болояш ғаллаи нимкӯфтаро пошид, ба тавре ки касе чизеро пай набурд.
20 Хизматгузорони Абшолӯм ба хонаи он зан омада, пурсиданд: «Аҳимаасу Юнотон дар куҷоянд?» Зан ҷавоб дод: «Онҳо аз ин ҷо гузашта, сӯйи об рафтанд».+ Он мардон онҳоро ҷустуҷӯ карданд, вале наёфтанд ва ба Ерусалим баргаштанд.
21 Вақте ки ин мардон рафтанд, Аҳимаасу Юнотон аз чоҳ баромаданд ва ба назди шоҳ Довуд омада, хабар доданд. Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Бархоста, тезтар ба он тарафи дарё гузаред, зеро Аҳитӯфал бар зидди шумо чунин маслиҳат дод».+
22 Довуд ва одамоне, ки ҳамроҳаш буданд, дарҳол бархоста, аз Урдун гузаштанд ва то дамидани субҳ касе намонд, ки аз Урдун нагузашта бошад.
23 Вақте Аҳитӯфал дид, ки ба маслиҳати ӯ гӯш надоданд, харро зин зада, ба шаҳри худ, ба хонааш, рафт.+ Ӯ ба аҳли хонаводааш дастурҳо дода,+ худро дор* кашид+ ва мурд. Ӯро дар қабри бобоёнаш гӯр карданд.
24 Дар ин миён Довуд ба Маҳаноим+ рафт ва Абшолӯм бо тамоми мардони Исроил аз Урдун гузашт.
25 Абшолӯм ба ҷойи Юоб+ Амосоро+ сарлашкар таъйин кард. Амосо писари Итро ном марди исроилӣ ва Абиҷайли+ духтари Ноҳош, хоҳари Саруёи модари Юоб, буд.
26 Исроилиён ва Абшолӯм дар замини Ҷилъод+ урду заданд.
27 Ҳамин ки Довуд ба Маҳаноим омад, Шубии писари Ноҳош аз Раббаи+ аммӯниён, Мокири+ писари Аммиил аз Лӯ-Дабор ва Барзилойи ҷилъодӣ+ аз Руҷлим
28 бистарҳо, тағораҳо, зарфҳои сафолин, гандум, ҷав, орд, ғаллаи бирён, боқило, наск, ғаллаи тафдода,
29 асал, маска, гӯсфанд ва панир оварданд. Онҳо ҳамаи ин чизҳоро барои хӯрдани Довуд ва ҳамроҳонаш оварданд,+ зеро мегуфтанд: «Одамон дар биёбон гушнаю ташна ва хастаанд».+