2 Подшоҳон 22:1-51

  • Довуд Худоро барои наҷоташ ситоиш мекунад (1–51)

    • «Яҳува сахраи ман» аст (2)

    • Яҳува ба вафодорон вафо мекунад (26)

22  Довуд, дар рӯзе ки Яҳува ӯро аз дасти тамоми душманонаш+ ва аз дасти Шоул халос кард,+ суханони ин сурудро+ барои Яҳува ба забон ронд.  Ӯ гуфт: «Яҳува сахраи ман, қалъаи ман+ ва халосгари ман аст.+   Худоям кӯҳпораи+ ман аст, дар ӯ паноҳ мебарам. Ӯ сипари+ ман, шохи* наҷоти* ман ва паноҳгоҳи+ ман аст. Худои ман гурезгоҳи+ ман ва наҷотдиҳандаи+ ман аст, ӯ маро аз зулм наҷот медиҳад.   Сӯйи Яҳува, ки сазовори ситоиш аст, фарёд мезанамВа аз душманонам наҷот меёбам.   Мавҷҳои марг маро фаро гирифт,+Селҳои нобакорон ба ҳарос овард.+   Бандҳои гӯр* маро иҳота кард,+Домҳои марг аз пешам баромад.+   Дар тангии худ сӯйи Яҳува хондам,+Сӯйи Худои худ фарёд мезадам. Ӯ аз даргоҳи* худ овози маро шунидВа илтиҷои ман ба гӯшаш расид.+   Замин ба ҷунбиш омад ва биларзид.+ Бунёди осмонро ларза гирифт,+Он алвонҷ мехӯрд, зеро ӯ дарғазаб шуд.+   Аз димоғи ӯ дуд берун омадВа аз даҳони ӯ — оташи оламсӯз,+Лахчаҳои сӯзон аз ӯ афрӯхта шуд. 10  Ӯ осмонро хам карда поён омад+Ва зулмот зери пояш буд.+ 11  Ӯ ба каррубӣ+ савор шуда, парвоз кард,Бар болҳои рӯҳ*+ нишаста, аён гашт. 12  Бо обҳои тира ва абрҳои ғафс+Зулмотро чун чодир гирдогирди худ паҳн кард. 13  Аз дурахше, ки пеши ӯст, лахчаҳои оташ афрӯхта шуд. 14  Яҳува аз осмон чун раъд биғуррид,+Худои Таоло овози худро баланд кард.+ 15  Ӯ тир андохт+ ва онҳоро парешон кард,Барқ бизад ва онҳоро ошуфта намуд.+ 16  Қаъри баҳр аён гашт,+Таҳкурсии замин аз сарзаниши Яҳува,Аз дами димоғи ӯ, намоён шуд.+ 17  Ӯ аз баландӣ дасташро дароз кард,Маро гирифт ва аз қаъри об баровард.+ 18  Ӯ маро аз душмани пурзӯр халос кард,+Аз бадбинонам, ки аз ман тавонотар буданд. 19  Дар рӯзи мусибат онҳо аз пешам баромаданд,+Вале Яҳува такягоҳи ман буд. 20  Ӯ маро ба ҷойи бехатар* бурд,+Маро наҷот дод, зеро аз ман розӣ буд.+ 21  Яҳува маро барои росткориям мукофот дод,+Аз рӯйи покии дастонам подош дод,+ 22  Зеро ман бо роҳҳои Яҳува равона шудамВа Худои худро бадкорона тарк накардам. 23  Тамоми ҳукмҳои ӯ+ пеши назари ман аст,Аз фармудаҳои ӯ дур нахоҳам шуд.+ 24  Ба ҳузури ӯ беайб+ хоҳам мондВа аз роҳи хато худро дур хоҳам гирифт.+ 25  Бигзор Яҳува аз рӯйи росткориам мукофот диҳад,+Аз рӯйи покие, ки дар пеши ӯ дорам.+ 26  Ба вафодор ту вафо мекунӣ+Ва ба росткор* росткорӣ менамоӣ,+ 27  Бо покдил покдил ҳастӣ,+Вале бо каҷкор ҳушёрӣ.+ 28  Ту хоксоронро наҷот медиҳӣ,+Аммо ҳавобаландонро чашми дидан надорӣ ва сархам месозӣ.+ 29  Ту чароғи манӣ, эй Яҳува,+Яҳува торикии маро равшан месозад.+ 30  Бо мадади ту ба ғоратгарон ҳамла меорам;Бо қуввати Худо ба болои девор мебароям.+ 31  Роҳҳои Худо комил аст,+Гуфтаҳои Яҳува поку беолоишанд.+ Ӯ барои ҳамаи паноҳбаронаш сипар аст.+ 32  Кист Худо, ғайр аз Яҳува?+ Кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?+ 33  Худо қалъаи мустаҳками ман аст+Ва ӯ роҳҳои маро рост мекунад.+ 34  Ӯ пойҳоямро мисли пойҳои гавазн мегардонад,Маро бар баландиҳо мегузорад.+ 35  Ӯ дастонамро ҷанг меомӯзад;Бозуҳоям камони мисинро зеҳ мекунад. 36  Сипари наҷотро ба ман медиҳӣ,Фурӯтании ту маро сарбаланд месозад.+ 37  Роҳро дар пеши қадамҳоям васеъ мекунӣ,Пойҳоям нахоҳад лағжид.+ 38  Душманонамро таъқиб намуда, нобуд месозам,То онҳоро нест накунам, барнамегардам. 39  Онҳоро нест месозам ва майда-майда мекунам, ба тавре ки дигар барнахезанд,+Онҳоро зери по мекунам. 40  Миёнамро барои ҳарбу зарб мустаҳкам месозӣ,+Муқобилонамро пеши ман меафтонӣ.+ 41  Душманонамро аз пеши ман мегурезонӣ,+Бадбинонамро несту нобуд* месозам.+ 42  Онҳо мадад мепурсанд, вале мададгоре нест,Сӯйи Яҳува фарёд зананд ҳам, ӯ ба фарёдашон намерасад.+ 43  Ман онҳоро мисли чанги рӯйи замин гард-гард месозам,Мисли лойи кӯчаҳо мекӯбаму поймол мекунам. 44  Ту маро аз айбҷӯйии халқам халос мекунӣ.+ Маро ҳимоя мекунӣ, то сарвари халқҳо бошам,+Мардуми ношинос ба ман хизмат мекунанд.+ 45  Бегонагон аз тарс ба ман чорқат шуда таъзим мекунанд,+Овозаамро шунида ба ман тобеъ мешаванд. 46  Бегонагон дил бой медиҳанд*,Бо тарсу ларз аз истеҳкомҳои худ берун меоянд. 47  Яҳува Худои зинда аст! Кӯҳпораи маро ҳамду сано бод!+ Худои ман, кӯҳпораи наҷоти ман, сарафроз бод!+ 48  Худо қасди маро мегирад,+Халқҳоро ба ман тобеъ месозад,+ 49  Маро аз душманонам халос мекунад. Ту маро боло бардошта+ барои ҳамлагарон дастнорас месозӣ,Маро аз золим наҷот медиҳӣ.+ 50  Аз ин рӯ туро, эй Яҳува, дар миёни халқҳо шукргузорӣ мекунам,+Дар васфи номи ту месароям*:+ 51  Ӯ ба подшоҳи худ наҷоти* бузург ато менамояд,+Ба масеҳи* худ, ба Довуд ва насли ӯ,То абад меҳру вафо мекунад».+

Поварақҳо

Шох — ниг. ба луғат.
Ё «наҷотдиҳандаи пурзӯри».
Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Ё «ибодатгоҳи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «ибодатгоҳ».
Ё «бод».
Ё «фарох».
Ё «беайб».
Дар матни асл «хомӯш».
Ё «пажмурда мешаванд».
Ё «менавозам».
Ё «ғалабаи».
Ё «тадҳиншудаи».