2 Тимотиюс 1:1-18
1 Ман, Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ гаштаам, то ваъдаи ҳаётеро, ки ба воситаи Исои Масеҳ* имконпазир аст, эълон кунам,+
2 ба фарзанди азизам Тимотиюс+ чунин менависам:
Лутфу марҳамат ва раҳму осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо ту бод!
3 Худоро, ки ба ӯ мисли бобоёнам хизмати муқаддасро ба ҷо меораму инро бо виҷдони пок мекунам, шукр мегӯям, ки шабу рӯз туро дар дуову илтиҷоям ба ёд оварда метавонам.
4 Вақте ашкҳои туро ба хотир меорам, орзуи диданатро мекунам, то дилам аз шодӣ лабрез гардад.
5 Ман имони дилсофонаи туро ба ёд меорам,+ ҳамон имонеро, ки аввал дар бибият Лӯид ва модарат Авниқо буду бовар дорам, ки дар ту низ ҳаст.
6 Бинобар ин ба ту хотиррасон мекунам, ки он атои Худоро, ки ба воситаи даст гузоштанам гирифтаӣ, мисли оташ фурӯзон нигоҳ дорӣ.+
7 Охир, Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳарос,+ балки рӯҳи қувват,+ муҳаббат ва солимфикриро додааст.
8 Пас, аз шаҳодат додан дар бораи Ҳазратамон ва аз ман, ки барои ӯ дар ҳабс ҳастам, шарм надор,+ балки ба қудрати Худо такя карда,+ азобҳоеро, ки ба хотири хушхабар бо онҳо рӯ ба рӯ мешавӣ, қабул кун.+
9 Худо моро на барои корҳоямон, балки ба хотири ният ва аз лутфу марҳамати худ наҷот доду+ бо даъвати муқаддас бихонд.+ Ин лутф ба воситаи Исои Масеҳ ба мо аз замонҳои қадим дода шуд,
10 вале ҳоло бо ошкор шудани Наҷотбахшамон Исои Масеҳ+ аён гашт. Ӯ маргро аз миён бардошта,+ ба воситаи хушхабар+ маълум сохт, ки чӣ тавр ҳаёт ва ҷисми нобуднашавандаро+ соҳиб шудан мумкин аст+
11 ва ман барои ин хушхабар воиз, расул ва муаллим таъйин шудаам.+
12 Аз ин сабаб ман низ ин азобҳоро аз сар мегузаронам,+ вале шарм намедорам,+ зеро Онеро, ки ба ӯ имон овардаам, медонам ва дилпурам, ки ӯ метавонад амонати супурдаамро то он рӯз нигоҳ дорад.+
13 Минбаъд низ ба намунаи таълимоти дуруст*,+ ки аз ман шунидаӣ, бо имону муҳаббате, ки аз ягонагӣ бо Исои Масеҳ бармеояд, пайравӣ намо.
14 Ин амонати некро ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.+
15 Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое, ки дар вилояти Осиё+ ҳастанд, аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис, аз ман рӯй гардонданд.
16 Бигзор Худованд ба аҳли хонаи Онисифорус+ раҳму шафқат кунад, чунки ӯ борҳои зиёд маро рӯҳбаланд карда буд ва аз занҷирҳоям шарм намедошт.
17 Баръакс, вақте дар Рум буд, маро бисёр ҷустуҷӯ карда, ёфт.
18 Бигзор Худовандамон Яҳува дар он рӯз ба ӯ раҳму шафқат кунад. Худи ту ҳам аз тамоми хизмате, ки ӯ дар Эфсӯс кардааст, ба хубӣ хабардор ҳастӣ.