2 Қӯринтиён 1:1-24

  • Сарсухан (1, 2)

  • Худо дар ҳамаи азобу уқубатҳо тасаллӣ медиҳад (3–11)

  • Тағйирот дар нақшаҳои сафарии Павлус (12–24)

1  Ман, Павлус, ки бо хости Худо расули Масеҳ* ҳастам, ҳамроҳи бародарамон Тимотиюс+ ба ҷамоати Худо, ки дар шаҳри Қӯринт аст, ва ҳамчунин ба тамоми покони саросари Охоия+ менависам:  Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!  Худо ва Падари Ҳазратамон Исои Масеҳро,+ ки Сарчашмаи* раҳму шафқат+ ва Худои ҳар тасаллост,+ ҳамду ситоиш бод!  Ӯ моро дар ҳама азобу уқубатамон* тасаллӣ медиҳад,+ то мо низ бо он тасаллие, ки аз Худо меёбем,+ дигаронро дар ҳар гуна азобашон* тасаллӣ дода тавонем.+  Чи тавре ки ба хотири Масеҳ бисёр азоб мекашем,+ ҳамон тавр ба воситаи ӯ тасаллии бисёр хоҳем ёфт.  Агар мо бо азобу уқубат* рӯ ба рӯ шавем, ин барои тасаллӣ ва наҷоти шумост ва, агар тасаллӣ ёбем, ин ҳам барои тасаллии шумост, то шумо низ ба ҳамон гуна азобҳое, ки ба сари мо меоянд, тоб оварда тавонед.  Мо аз шумо сад дар сад дилпурем, зеро медонем, ки, чи тавре ки мисли мо азоб мекашед, ҳамон тавр мисли мо тасаллӣ хоҳед ёфт.+  Эй бародарон, намехоҳем аз азобу уқубате, ки дар Осиё+ ба сарамон омада буд, бехабар бошед. Дар он ҷо мо бо чунон сахтие рӯ ба рӯ шудем, ки аз қувватамон берун буд, ва мо ҳатто умедамонро аз зиндагӣ кандем.+  Мо гумон кардем, ки ҳукми маргро гирифтем, ва ҳамааш барои он рӯй дод, то мо на ба худ, балки ба Худое, ки мурдаҳоро зинда мекунад, таваккал кунем.+ 10  Ӯ ҷони моро аз хатари марговар наҷот дод ва умедворем, ки минбаъд низ наҷот медиҳад.+ 11  Шумо низ бо илтиҷои худ ба мо ёрӣ диҳед.+ Он гоҳ мо аз дуоҳои бисёриҳо мадад меёбем ва инро дида одамони зиёд Худоро шукргузорӣ мекунанд.+ 12  Фахри мо ин аст, ки метавонем бо виҷдони пок гӯем, ки мо бо одамони ин ҷаҳон ва хусусан бо шумо, бо покӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардем, бале, мо аз рӯйи лутфу марҳамати Худо рафтор кардем, на аз рӯйи хиради ин ҷаҳон.+ 13  Дар асл, мо ба шумо ғайр аз чизҳои осонхону* осонфаҳм чизи дигаре наменависем ва умедворам, ки шумо ин чизҳоро то ба охир мефаҳмед, 14  чуноне ки баъзеатон аллакай фаҳмидаед. Бале, баъзе аз шумо фаҳмидед, ки мо мояи ифтихори шумоем ва шумо низ дар рӯзи Ҳазратамон Исо мояи ифтихори мо мешавед. 15  Азбаски аз ин дилпур будам, пештар ният доштам, ки дуюмбора наздатон оям, то шумо бори дигар шодӣ кунед*. 16  Ман мехостам ҳангоми ба Мақдуния рафтанам шуморо хабар гирам ва баъд аз он ҷо боз наздатон биёяму сипас шумо маро ба Яҳудия гусел кунед.+ 17  Лекин, вақте чунин ният кардам, магар дар иҷрои он хунукназарӣ кардам? Ё ман худбинона рафтор карда, аввал «ҳа, ҳа» ва баъд «не, не» мегӯям? 18  Чуноне ки Худо сазовори боварист, ончунон суханони мо низ бовариноканд, чунки аввал «ҳа» ва баъд «не» намегӯем, 19  зеро Писари Худо*, Исои Масеҳ, ки мо, яъне ману Силвонусу* Тимотиюс,+ ба шумо дар борааш эълон кардем, аввал «ҳа» гуфта, баъд «не» намегуфт, балки «ҳа»-и ӯ ҳамеша «ҳа» буд. 20  Ҳамчунин тамоми ваъдаҳои Худо ба воситаи ӯ «ҳа» шуданд.+ Бинобар ин ба воситаи ӯ «омин» ҳам мегӯем,+ то ки Худоро ҷалол диҳем. 21  Вале он, ки моро тадҳин кардаасту* боварӣ мебахшад, ки ҳам шумову ҳам мо аз они Масеҳем, Худост.+ 22  Ӯ бар мо муҳрашро низ гузоштааст+ ва ҳамчун гарави* баракатҳои оянда рӯҳро дар дилҳои мо ҷой додааст.+ 23  Худо шоҳид аст, ки ба шумо раҳм карда, то ҳол ба Қӯринт наомадаам, 24  на ба он сабаб, ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо бошем.+ Не, шумо маҳз ба воситаи имонатон устуворед, мо бошем, ҳамкорони шумоем ва кӯшиш дорем ба шодиятон шодӣ афзоем.

Поварақҳо

Масеҳ — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «Падари».
Ё «озмоишҳоямон».
Ё «озмоишҳояшон».
Ё «озмоишҳо».
Ё, эҳтимол, «чизҳои бароятон шиносу».
Ё, эҳтимол, «дубора фоида гиред».
Силвонус — номи дигари Сило.
Писари Худо — ниг. ба луғат.
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «пешмузди; кафолати».