2 Қӯринтиён 10:1-18
10 Ман, Павлус, ки ҳангоми бо шумо буданам+ маро назарногир мешумореду ҳангоми набуданам — далер,+ мехоҳам бо ҳалимиву меҳрубонии Масеҳ+ аз шумо илтимосе кунам.
2 Илтиҷо дорам: маро маҷбур накунед, ки ҳангоми бо шумо будан далер шуда, баъзе касонеро, ки, ба ақидаашон, мо аз рӯйи ҷисм рафтор мекунем, сахт гирам.
3 Охир, мо дар ҷисм зиндагӣ кунем ҳам, мувофиқи ҷисм намеҷангем,
4 чунки аслиҳаи ҷангии мо ҷисмонӣ неву+ аслиҳаи пурзӯри Худост,+ то қалъаҳои мустаҳкаму устуворро чаппа кунад.
5 Мо андешаронӣ ва ҳар гуна ҳавобаландиеро, ки бар зидди дониши Худо бармехезад, вайрон мекунем+ ва ҳар гуна фикрро ба асирӣ гирифта, ба Масеҳ тобеъ месозем.
6 Мо, ҳамин ки итоаткории пурраатон маълум гардад, тайёрем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем.+
7 Шумо аз рӯйи он чӣ мебинед, баҳо медиҳед. Агар касе дилпур бошад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бори дигар дар ин бора андеша кунад: чи тавре ки вай аз они Масеҳ аст, мо низ аз они Масеҳ ҳастем.
8 Пас, ҳатто агар бо ҳокимияте, ки Ҳазрат на барои хароб, балки барои обод кардани шумо ба ман додааст,+ аз ҳад зиёд фахр кунам, хиҷил намешавам.
9 Намехоҳам ба назаратон чунин тобад, ки бо номаҳои худ шуморо тарсонданиям.
10 Баъзеҳо дар бораи ман мегӯянд: «Номаҳояш вазну таъсир доранд, лекин, худашро бубинӣ, назарногир асту гапзанияш ҳам кирои гӯш кардан нест».
11 Бигзор чунин касон ба назар гиранд, ки он чӣ мо ҳангоми набуданамон дар номаҳои худ мегӯем, ҳангоми бо шумо будан низ ҳамонро дар амал нишон медиҳем.+
12 Мо ҷуръат намекунем худамонро ба касоне, ки худро таърифу тавсиф мекунанд, баробар созем ё муқоиса кунем.+ Аммо он шахсон, ки ба худашон аз рӯйи меъёрҳои худ баҳо медиҳанд ва худро бо худ муқоиса мекунанд, фаҳме надоранд.+
13 Лекин мо фақат бо супорише, ки аз Худо гирифтаем, фахр мекунем, на бо он чӣ берун аз он аст ва хабар расондан ба шумо низ қисми он супориш буд.+
14 Пас, вақте назди шумо омадем, аз ҳадду андозаи худ нагузаштем, балки аввалин касоне будем, ки бо хушхабар дар бораи Масеҳ назди шумо омадем.+
15 Мо берун аз супорише, ки гирифтаем, бо меҳнати каси дигаре, фахр намекунем, балки умед дорем, ки ҳар қадаре имони шумо зиёд шавад, коре, ки мо дар чорчӯбаи супориши худ кардем, бештар мегардад. Он гоҳ доираи фаъолияти мо васеътар мешавад,
16 то хушхабарро дар ҷойҳои аз шумо дуртар низ паҳн кунем ва бо коре, ки дигарон дар иҷрои супоришашон анҷом додаанд, фахр накунем.
17 «Вале ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Яҳува фахр кунад»,+
18 зеро розигии Худоро на он касе соҳиб аст, ки худро таърифу тавсиф мекунад,+ балки он кӣ Яҳува ӯро таъриф мекунад.+