2 Қӯринтиён 11:1-33
11 Мехоҳам ба андак беақлии ман тоқат кунед ва шумо ҳамин тавр ҳам мекунед.
2 Ман шуморо бо рашки Худо рашк мекунам, зеро худам шуморо ҳамчун духтари* пок ба як мард, яъне ба Масеҳ, номзад кардаам.+
3 Аммо метарсам, ки, чи тавре мор бо макри худ Ҳавворо фиреб дод,+ ҳамон тавр фикрронии шумо низ вайрон шуда, аз самимият ва покие, ки Масеҳ сазовор аст, дур гардад.+
4 Охир, агар касе омада, Исои дигареро эълон кунад, на онеро, ки мо эълон кардаем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, на он рӯҳеро, ки гирифтаед, ё хушхабари дигареро қабул кунед, на он хушхабареро, ки қабул кардаед,+ шумо аз ин чашм мепӯшед.
5 Аммо фикр мекунам, ки ман аз расулони олии шумо ҳеҷ камие надорам.+
6 Дар сухан моҳир набошам ҳам,+ дар дониш чунин нестам ва мо инро бо ҳар роҳ ва дар ҳама чиз маълум сохтем.
7 Магар ман гуноҳ кардам, ки хушхабари Худоро бепул ва бо хурсандӣ ба шумо расондам ва барои сарбаландии шумо худро хоксор гардондам?+
8 Ман ёрдами моддии ҷамоатҳои дигарро қабул намуда, гӯё онҳоро ғорат кардам, то ба шумо хизмат кунам.+
9 Вақте бо шумо будам ва муҳтоҷӣ мекашидам, ба гардани ҳеҷ кас бор нашудам, зеро бародароне, ки аз Мақдуния омада буданд, чӣ камбудие доштам, буд карданд.+ Бале, ман бо ҳар роҳ кӯшиш мекардам, ки ба шумо бор нашавам, ва минбаъд низ ҳамин тавр мекунам.+
10 Ман, то даме ки пайрави Масеҳ ҳастам, бо ин дар Охоия фахр карданро бас намекунам.+
11 Чаро? Магар барои он ки шуморо дӯст намедорам? Худо шоҳид аст, ки дӯст медорам.
12 Ман кардани кореро, ки ҳоло ба ҷо оварда истодаам, давом медиҳам,+ то ба касоне, ки бо мавқеи худ фахр карда, ба мо баробар шудан мехоҳанд, баҳонае надиҳам,
13 зеро онҳо расулони бардурӯғанд, коргарони фиребгаре, ки худро расулони Масеҳ вонамуд мекунанд.+
14 Вале мо аз ин ҳайрон намешавем, зеро Шайтон низ худро фариштаи нур вонамуд мекунад.+
15 Пас, чӣ ҷойи ҳайрат, ки хизматгорони вай ҳам худро хизматгорони росткорӣ вонамуд мекунанд. Вале анҷоми онҳо мувофиқи корҳояшон хоҳад буд.+
16 Ман боз мегӯям: бигзор касе фикр накунад, ки ман беақл ҳастам. Вале, агар чунин фикр мекарда бошед, пас, маро чун беақле қабул кунед, то ман ҳам каме фахр карда тавонам.
17 Он чизе, ки ҳоло мегӯям, ба Ҳазрат пайравӣ карда намегӯям, балки чун шахси беақле мегӯям, ки худбоварона фахр мекунад.
18 Азбаски бисёриҳо бо чизҳои ин ҷаҳон фахр мекунанд, ман низ фахр хоҳам кард.
19 Шумо, ки ин қадар боақлед, бемалол касони беақлро тоқат мекунед.
20 Охир, шумо ҳар касеро, ки шуморо ғулом мегардонад, молу мулкатонро ғорат мекунад, ҳар чизи доштаатонро кашида мегирад, худро аз шумо баланд мегирад ва ба рӯятон мезанад, тоқат мекунед.
21 Гуфтани ин суханон шармандагии мост, зеро ба назар чунин намуда метавонад, ки мо нотавон будем.
Аммо, агар дигарон ҷуръат кунанд, чун шахси беақл мегӯям, ки ман ҳам ҷуръат мекунам.
22 Оё онҳо иброниянд? Ман ҳам ибронӣ ҳастам.+ Оё онҳо исроилиянд? Ман ҳам исроилӣ ҳастам. Оё насли Иброҳиманд? Ман ҳам насли Иброҳим ҳастам.+
23 Оё хизматгорони Масеҳанд? Чун шахси аз ақл бегона мегӯям, ки ман аз ин ҷиҳат як сару гардан аз онҳо болоям: корҳои бештар кардаам,+ борҳои зиёдтар дар зиндон будам,+ зарбаҳои беҳисоб хӯрдаам, дафъаҳои зиёд дар чанголи марг будам,+
24 аз яҳудиён панҷ маротиба як кам 40-тогӣ калтак хӯрдаам,+
25 се маротиба маро химчакорӣ кардаанд,+ боре сангсор шудаам,+ се бор киштиямон ғарқ шуд,+ як шабу як рӯзро дар баҳр гузарондаам,
26 бисёр вақт дар сафарҳо будам, дар хатари дарёҳо, дар хатарҳо аз дасти роҳзанон, дар хатарҳо аз дасти халқи худу+ халқҳои дигар,+ дар хатарҳо дар шаҳр,+ дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар байни бародарони бардурӯғ,
27 дар меҳнату заҳмат, аксар вақт дар бедорхобӣ,+ дар гушнагиву ташнагӣ,+ маротибаҳои зиёд бе хӯрок,+ дар хунукиву бараҳнагӣ.
28 Илова ба ташвишҳои беруна, ғами ҳамаи ҷамоатҳо рӯз аз рӯз маро ором намегузорад.+
29 Агар касе беқувват шавад, магар ман ҳам беқувват намешавам? Агар касе дигареро пешпо диҳад, магар ман ба хашм намеоям?
30 Агар фахр кардан лозим бошад, ман бо чизҳое фахр мекунам, ки сустии маро маълум месозанд.
31 Худо ва Падари Ҳазратамон Исо, ки то абад сазовори ҳамду саност, медонад, ки дурӯғ намегӯям.
32 Дар Димишқ ҳокиме, ки тобеи подшоҳ Аретас буд, шаҳрро посбонӣ мекард, то маро дастгир кунад,
33 вале маро дар сабаде аз тирезаи девори шаҳр поён фароварданд+ ва ман аз дасти вай гурехта, халос шудам.
Поварақҳо
^ Ё «бокираи».