2 Қӯринтиён 4:1-18
4 Бинобар ин мо, ки аз рӯйи раҳму шафқати Худо чунин хизматро соҳиб шудаем, дилмонда намешавем.
2 Баръакс, мо корҳои пинҳонии шармоварро тарк карда, маккорӣ намекунем ё каломи Худоро бо дурӯғ омехта намекунем,+ балки дониши ростиро ба одамон ошкор сохта, дар пеши Худо барои ҳар кас* намунаи ибрат мешавем.+
3 Агар хушхабаре, ки мо эълон мекунем, пӯшида бошад, он барои касоне пӯшида аст, ки несту нобуд мешаванд,
4 яъне барои беимононе, ки худои ин ҷаҳон*+ зеҳнашонро кунд кардааст*,+ то нури хушхабари пурҷалоли Масеҳ, ки сурати Худост,+ бар онҳо надурахшад.+
5 Мо на дар бораи худ, балки дар бораи Исои Масеҳ хабар медиҳем ва мегӯем, ки Исо Сарвар аст ва мо ба хотири ӯ ғуломони шумо ҳастем.
6 Худо, ки «бигзор аз торикӣ нур дурахшад» гуфтааст,+ бар дилҳои мо нур пошид.+ Дониши пурҷалоли ӯ дар рӯйи Масеҳ дурахшида, дилҳои моро равшан гардонд.
7 Лекин мо ин ганҷро+ дар зарфҳои гилин+ дорем, то маълум шавад, ки қувваи барзиёде, ки дорем, аз ҷониби Худост, на аз худи мо.+
8 Мо аз ҳар тараф зери фишори сахтем, лекин на ба тавре ки ҳаракат карда натавонем, дармондаем, вале тамоман беилоҷ* нестем,+
9 озор мебинем, вале партофта нашудаем,+ афтодаем, вале нобуд нагаштаем.+
10 Чуноне ки Исо азоб кашида буд, ҷисми мо ҳам доимо ба азобҳои бераҳмона тоб меорад,+ то ҳаёти Исо низ дар ҷисми мо маълум гардад.
11 Мо, зиндаҳо, ба хотири Исо доимо бо марг рӯ ба рӯ мешавем,+ то ҳаёти Исо низ дар ҷисми мирандаи мо маълум гардад.
12 Пас, ҳарчанд мо бо марг рӯ ба рӯ мешавем, шумо ба ин восита соҳиби ҳаёт мегардед.
13 Дар бораи имон чунин навишта шудааст: «Имон доштам, барои ҳамин сухан мегуфтам».+ Мо низ имон дорем, барои ҳамин сухан мегӯем,
14 зеро медонем, ки Оне, ки Исоро зинда кардааст, моро низ монанди ӯ зинда мекунаду мову шуморо ба ҳузури худ мегузорад.+
15 Ҳамаи ин ба хотири шумо рӯй дод, то касони боз ҳам бештаре лутфу марҳамати Худоро соҳиб гарданд, зеро одамони бештару бештар Худоро шукргузорӣ карда, ӯро ҷалол медиҳанд.+
16 Барои ҳамин мо дилмонда намешавем ва одами беруниямон пажмурда шавад ҳам, одами даруниямон рӯз ба рӯз нав мешавад.
17 Охир, азобу уқубати* мо зудгузару сабук аст, вале оқибаташ ҷалоли бениҳоят бузургу ҷовидонист.+
18 Мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён назар медӯзем,+ зеро чизҳои намоён гузарандаанд, вале чизҳои нонамоён ҷовидонӣ.
Поварақҳо
^ Дар матни асл «виҷдони ҳар кас».
^ Ё «ақлашонро кӯр кардааст».
^ Ё, эҳтимол, «ноумед».
^ Ё «озмоишҳои».