2 Қӯринтиён 7:1-16
7 Пас, эй азизон, азбаски ба мо чунин ваъдаҳо дода шудаанд,+ биёед худро аз ҳар чизе, ки ҷисм ва рӯҳро нопок месозад, тоза карда,+ бо худотарсӣ бештару бештар пок гардем.
2 Моро дар дилҳои худ ҷой диҳед.+ Мо ба ҳеҷ кас бадие накардаем, касеро вайрон накардаем ва барои фоидаи худ касеро фиреб надодаем.+
3 Инро барои сарзаниши шумо намегӯям, зеро, чи тавре ки пештар гуфта будам, хоҳ бимирем, хоҳ зинда бошем, шумо дар дили мо ҳастед.
4 Ман ба шумо рӯирост гап мезанам ва бо шумо хеле фахр мекунам. Ман пур аз тасалло ҳастам ва бо вуҷуди тамоми азобҳоямон дилам аз шодӣ лабрез аст.+
5 Дар ҳақиқат, вақте ба Мақдуния+ омадем, ҷисми мо оромӣ наёфт, балки мо боз аз ҳар тараф бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудем: аз берун — бо ҷангу ҷидол ва аз дарун — бо тарсу ҳарос.
6 Лекин Худо, ки дилшикастагонро тасаллӣ медиҳад,+ моро низ бо он ки Титус дар наздамон буд, тасаллӣ дод.
7 Мо на танҳо аз будани ӯ, балки аз тасаллие, ки вай аз шумо ёфта буд, тасаллӣ ёфтем. Титус пас аз баргаштанаш хабар дод, ки шумо ташнаи дидори ман ҳастед, сахт ғамгин гаштаед ва, ҳақиқатан, ғами маро мехӯред. Аз ин сабаб шодии ман боз ҳам зиёдтар шуд.
8 Агар шуморо бо номаи худ ғамгин карда бошам,+ аз ин пушаймон нестам. Ҳатто агар дар аввал пушаймон шуда бошам (зеро фаҳмидам, ки он нома шуморо ба муддати кӯтоҳе ғамгин кард),
9 ҳоло хурсандам. Ман на барои он хурсандам, ки шумо ғамгин шудед, балки, барои он ки ғамгиниятон тавба ба бор овард. Ин ғамгинии шумо ба Худо писанд буд ва шумо аз мо ҳеҷ зараре надидед.
10 Самари ғамгинии ба Худо писанд тавбаест, ки сӯйи наҷот мебарад, ва он ягон пушаймонӣ надорад,+ вале натиҷаи ғамгиние, ки ба ин ҷаҳон хос аст, марг мебошад.
11 Бинед, ки ғамгинии писанди Худо чӣ кӯшишу ғайрате, чӣ покшавие, чӣ норозигие, чӣ тарсе, чӣ шавқе, чӣ рашке ва чӣ ислоҳеро дар шумо ба бор овард!+ Шумо аз ҳар ҷиҳат нишон додед, ки дар ин масъала пок* ҳастед.
12 Ман он номаро на барои хатокор+ ва на барои ҷабрдида навишта будам. Ман мехостам бубинам, ки оё шумо пеши назари Худо нишон медиҳед, ки ба мо аз таҳти дил гӯш кардан мехоҳед.
13 Ба ин сабаб мо тасаллӣ ёфтем.
Илова ба тасаллии гирифтаамон, мо аз шодии Титус боз бештар хурсанд шудем, чунки ҳамаи шумо ӯро рӯҳбаланд кардед.
14 Дар пеши Титус бо шумо фахр карда бошам ҳам, шарманда нашудам, балки гапамон рост баромад, чуноне ки тамоми суханоне, ки ба шумо гуфтем, рост буданд.
15 Ҳамчунин, ҳар боре ки ӯ итоаткории ҳамаи шумо+ ва бо эҳтироми бепоён пазироӣ карданатонро ба хотир меорад, меҳру муҳаббаташ ба шумо зиёдтар мегардад.
16 Ман хурсандам, ки дар ҳар бобат аз шумо дилпур буда метавонам.
Поварақҳо
^ Ё «покдоман; бенуқсон».